Доварони бозии финалии мусобиқаи Ҷоми AFC-2017 байни «Истиқлол» ва «Эйр Форс» муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 23.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Доварони бозии финалии мусобиқаи Ҷоми AFC-2017, ки дар он дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе бо дастаи «Эйр Форс»-и Ироқ рақобат мекунанд, муайян шуданд.
Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, сардовари ин дидор рефери 39-солаи ФИФА Муҳаммад Абдулло Ҳасан аз Аморати Муттаҳидаи Араб таъйин гардидааст. Дар канораҳои майдон ба ӯ ҳамватанонаш Муҳаммад Аҳмад Юсуф Абдулло Ал-Ҳаммадӣ ва Ҳасан Муҳаммад Ҳасан Абдулло Ал-Маҳрӣ кумак хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки рақобати ниҳоии сабқати Ҷоми AFC-2017 4 ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор хоҳад шуд. Оғози бозӣ соати 18:00 дар назар дошта шудааст.
Хотиррасон менамоем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе бозии ҷавобии марҳилаи ниҳоии байниминтақавии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2017-ро бо дастаи «Бенгалуру»-и Ҳиндустон бо ҳисоби 2:2 анҷом дода, аз рӯи натиҷаҳои ду дидор бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад ва роҳи худро ба даври ниҳоии ин мусобиқаи бонуфузи осиёӣ ҳамвор кард. Бозии ҷавобӣ миёни дастаҳои «Истиқлол»-и Душанбе ва «Бенгалуру»-и Ҳиндустон дар варзишгоҳи «Кантерава»-и шаҳри Бангалори Ҳиндустон сурат гирифта, бо натиҷаи 2:2 ба поён расид.
Бояд зикр кард, ки дастаи футболи «Истиқлол» дар бозии аввал бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд. Ҳамин тариқ, дастаи футболи «Истиқлол», ки аз рӯи натиҷаи ду бозӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, барои ширкат ба бозии ниҳоии Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфт. Бояд гуфт, ки дар таърихи бошгоҳи пойтахти кишварамон ин бори дуюм аст, ки дастаи «Истиқлол» ба финали Ҷоми КФО роҳ меёбад. Қаблан соли 2015 онҳо то ба ин марҳила расида буданд.
Дастаи футболи «Истиқлол» -и Душанбе дар бозии ниҳоӣ, ки 4 ноябр доир мешавад, бо дастаи футболи «Эйр Форс»-и Ироқ, барандаи Ҷоми КФО-2016 рақобат мекунад.
Хабарҳои дигари ин бахш
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад






