Мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, рушд ва банақшагирӣ ва Вазири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Давлати Кувайт Ҳинд Ас-Сабиҳ

Октябрь 16, 2017 15:42

ДУШАНБЕ, 16.10.2017 /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҳамчунин Вазири ҳифзи иҷтимоӣ, меҳнат, рушд ва банақшагирӣ ва Вазири давлатӣ оид ба масъалаҳои иқтисодии Давлати Кувайт Ҳинд Ас-Сабиҳро ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат равобити неки Тоҷикистон ва Кувайтро нишони таваҷҷуҳи хоссаи сарони ду кишвари дӯст арзёбӣ карда, изҳори умедворӣ намуданд, ки муносибатҳои байнидавлатӣ дар оянда низ дар асоси манфиатҳои дуҷониба рушду тавсеаи бештар меёбанд.

Таъкид гардид, ки барои ба сатҳи баланд расонидани ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Кувайт дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузории лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ, технология, гидроэнергетика, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, истеҳсоли металлҳои ранга, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, тавлиди молҳои саноатии мавриди ниёзи мардум ва сайёҳӣ имконият ва шароити созгор муҳайё мебошанд.

Табодули мунтазами боздидҳо ва тамосҳои доимӣ дар сатҳи баланду олӣ омили муҳими таҳкимбахши ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Кувайт арзёбӣ гардид.

Мусоҳибон ҳамчунин доир ба масоили таъмини амнияту бехатарӣ дар минтақа, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва ба ин васила, таъмини ҳаёти осоиштаи мардумони сайёра табодули афкор намуданд.

37473287170_dd4bb714ab_z

Октябрь 16, 2017 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Хатлон мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди калонтарин Маркази савдо ва хизматрасонӣ санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара санги асос гузоштанд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба фаъолияти марҳилаи дуюми корхонаи муштараки «Муосир» оғози расмӣ бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара ба бунёди марҳилаи дуюми Маҷмааи парандапарварии «Мармарӣ» санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак Маҷмааи гармхонаҳои ҶДММ «Гулнур»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак ба фаъолияти хатҳои истеҳсоли панҷараҳои оҳанин оғоз бахшиданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак корхонаи саноатии истеҳсоли обҳои нӯшокии «Глобал Инвест»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак 8 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон агрегати №7-и Неругоҳи барқи обии «Норак»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ба истифода доданд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон