Темур Раҳимов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар Хорватия соҳиби медали биринҷӣ гардид

Октябрь 23, 2017 15:30

ДУШАНБЕ, 23.10.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Паҳлавони   ҷавони  тоҷик  Темур Раҳимов дар рӯзи охири мусобиқоти чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни ҷавонон, ки дар шаҳри Загреби Хорватия доир гашт, дар вазни -100 кг сазовори медали биринҷӣ шуд.

Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Темур дар рақобатҳо Доминик Маҷовски (Полша), Пётр Арвай (Венгрия), Такая Ямугушӣ (Япония)-ро мағлуб карда, дар даври нимфинал аз варзишгари Озарбойҷон Зелим Котсоиев шикаст хӯрд. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Германия Даниел Зорн пирӯз шуд.

Ин дуюмин медали варзишгарони мо дар ин мусобиқа мебошад. Тавре хабар дода будем, медали аввалро Сомон Маҳмадбеков дар вазни -66 кг сазовор гардид.

Ёдовар мешавем, ки  8 варзишгари  дигари тоҷик, ба мисли   Суҳроб Боқиев (-60 кг), Муҳаммадкарим Сарахонов (-66 кг), Эраҷ Абдуллоев, Хайёмиддин Ҷабборов (-73 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов, Раҳматуллобек Фарҳодов (-81 кг), Муртазо Аминов (-90), ва  Шакармамад Мирмамадов (-100 кг) дар ин  мусобиқот иштирок  намуданд, вале  аз медалҳо бенасиб монданд.

Бояд  зикр  кард, ки  дар чемпионати   ҷаҳон 590 варзишгар   аз 83 давлати дунё иштирок карданд.

Тоҷикистон дар ҳисоби даставӣ бо 2 медали биринҷӣ ҷои 17-умро ишғол кард.

Япония, ки 14 медал – 8 тилло, 2 нуқра, 4 биринҷӣ ба даст овард, сазовори ҷои аввал шуд.

Мақоми дуюм бо 5 медал (2-2-1) насиби Озарбойҷон ва ҷои сеюм бо 5 медал (1-2-2) насиби  Россия  гардид.

Октябрь 23, 2017 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад