«АЗ ШУМО ҒАЛАБА ИНТИЗОРЕМ!». Муроҷиати видеоии Шариф Назаров, Зебунисо Рустамова ва Муҳаммад Ғоиб ба бозингарони дастаи «Истиқлол»
ДУШАНБЕ, 04.11.2017./АМИТ «Ховар»/. Имрӯз – рӯзи футболи калон аст! Баъди чанд соат, аниқтараш расо соати 18:00 дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозии финалии мусобиқои 14-ум барои дарёфти Ҷоми КФО (Конфедератсияи футболи Осиё) миёни чемпиони шашкаратаи Тоҷикистон дастаи «Истиқлол» ва чемпиони шашкаратаи Ироқ дастаи «Эйр Форс» шуруъ мешавад.
Дар арафаи ин вохӯрии ҳалкунанда Мураббии шоистаи ИҶШС ва Тоҷикистон Шариф Назаров, чемпиони ҷаҳон (1975) ва дорандаи медали биринҷии Бозиҳои олимпӣ дар Монреал (1976) Зебунисо Рустамова ва Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Муҳаммад Ғоиб ба бозингарони дастаи дӯстдоштаи худ «Истиқлол» муроҷиат намуданд.
Муроҷиати видеоии онҳо дар сомонаи дастаи «Истиқлол» ҷой дода шудааст.
Шариф НАЗАРОВ, Мураббии шоистаи ИҶШС ва Тоҷикистон:
«Ҳамагӣ як қадами дигар мондааст, то ки ба қуллаи мурод бирасем. Ин қадам, албатта, душвор аст, зеро роҳи тӯлонӣ, ҳаяҷону изтироб, кӯшиишу талошҳои зиёд барои расидан ба ин қулло тай шудааст.
Бинобарин, мехоҳам бароятон арз кунам: бачаҳо, ҳама чиз дар дасти худатон аст. Мо аз шумо ғалабаро интизорем.
Ман итминон дорам, ки футболи тоҷик аз нав эҳё гардидааст. Ва инро маҳз шумо рӯзи 4 ноябр собит менамоед ва чемпион, соҳиби Ҷоми Осиё мегардед.
Мехоҳам бароятон чунин орзу кунам: соати 18 бозӣ шуруъ мешавад, соати 20.00 дар ҳар як гӯшаи Ватани азизамон, дар ҳар хонадон номи шумо садо медиҳад. Волидайн ба кӯдакони нав ба дунёомадаашон номҳои шуморо мегузоранд, ба умеди он ки ин кӯдакон оянда калон ва шояд футболбоз шаванд.
Барои ҳамин, бачаҳо, ба пеш! Боварӣ дорем, ки мураббӣ тактикаи дурустро интихоб ва ба шумо пешниҳод меунад. Шумо бошед ба мураббии худ кӯмак менамоед. Ва мо якҷоя ба ин ғалаба ноил мегардем.
Ба шумо барор мехоҳам, «Истиқлол»!».
Зебуннисо РУСТАМОВА, чемпиони ҷаҳон ва дорандаи меди биниҷии Бозиҳои олимпӣ оид ба камонварӣ:
«Имрӯз, ки шумо ба финал баромадаед, ин худ аллакай як қаҳрамонии бузург аст. Мо боварӣ дорем, ки дар вохӯрии финалӣ низ хуб бозӣ карда, натиҷаи баланд ба даст меоред!».
Муҳаммад Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ:
«Ман боварӣ дорам, ки дар ин бозӣ ҳам ғалаба насиби дастаи мо мегардад. Дастае, ки номаш «Истиқлол» — ҳаёту мамоти мост!
Зарба зан, зарба зан, «Истиқлол»,
Ифтихори Ватан, «Истиқлол»!».








Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд






