«Бунёди Зиёдулло Шаҳидӣ ва ҷавонон». Дар Душанбе китоби хабарнигори АМИТ «Ховар» рӯнамоӣ гардид

Ноябрь 9, 2017 15:55

ДУШАНБЕ, 09.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии “Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ” китоби «Бунёди Зиёдулло Шаҳидӣ ва ҷавонон», ки ба қалами хабарнигори АМИТ «Ховар» Лайло Тоирӣ тааллуқ дорад,  рӯнамоӣ гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар расми муаррифии китоби мазкур, ки бахшида ба Соли ҷавонон ва 30-солагии таъсиси Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ ба нашр расидааст,  Мунира Шаҳидӣ, раиси Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ, намояндагони маркази фарҳангии «Бохтариён» ва донишҷӯён иштирок намуданд.

«Дар китоб бештар андешаҳои раиси Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ Мунира Шаҳидӣ дарҷ гардида, он барои қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан ҷавонон пешбинӣ гардидааст. Инчунин дар он мусоҳибаҳои Мунира Шаҳидӣ, ки дар маҷаллаҳои бонуфузи олам нашр шуда, масъалаҳои робитаҳои илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва ҷаҳонро баррасӣ менамоянд, гирд оварда шудаанд»,- зикр кард Лайло Тоирӣ.

«Лайло Тоирӣ намояндаи он рӯзноманигорони ҷавон  мебошад, ки дар ҳақиқат мехоҳад як чизи навро пайдо намояд, дарк кунад ва ба дигарон пешниҳод созад. Чунин журналистон барои ҷомеаи имрӯзаи мо хеле заруранд, то ки таъсири мусиқии муосир ва ҳимояи фарҳанги миллиро ба ҷомеа расонанд»,-гуфт Мунира Шаҳидӣ ва илова намуд: «Ман фикр мекунам нашри ин китоб метавонад ба афкори мардум то андозае таъсир гузорад. Бахусус ин ибтикоре, ки Лайло Тоирӣ нишон дод, онро метавон дар Соли ҷавонон туҳфаи арзандае барои ҷавонон номид».

Маврид ба зикр аст, ки дар китоби «Бунёди Зиёдулло Шаҳидӣ ва ҷавонон» оид ба таърихи таъсиси Осорхонаи ҷумҳуриявии маданияти мусиқӣ ва Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ, нақши Зиёдулло Шаҳидӣ дар бунёди операи миллии Тоҷикистон, шинохти Бунёди байналмилалии Зиёдулло Шаҳидӣ чун созмони фарҳангӣ ва сулҳофарӣ ва дигар мавзӯъҳои муҳим аз фаъолияти Зиёдулло Шаҳидӣ гирд оварда шудаанд.

Умед аст, ки дӯстдорони китоб аз хондани қиссаҳои ҷолиб ва дидани аксҳои солҳои пешин, ки гувоҳи фаъолияти пурмаҳсули Зиёдулло Шаҳидиянд, маъниҳои тоза мебардоранд.

Ноябрь 9, 2017 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад