Дар ШСХК «Барқи Тоҷик» телефонҳои боварӣ ба кор шурӯъ карданд
ДУШАНБЕ, 30.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 декабри соли 2017 дар ШСХК «Барқи Тоҷик» телефонҳои боварӣ ба кор шурӯъ карданд.
Аз маркази матбуоти ин ниҳод ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки навбатдорони телефонҳои боварӣ, ки ба таври шабонарўзӣ кор мекунанд, ҳар занги телефониро ба қайд мегиранд, ҳар ҳодисаи қатъ шудани барқро дар сар то сари кишвар оҷилона ба танзимгарон ва масъулони таъминоти барқи Хадамоти марказии таъмини барқи Ширкат ва шабакаҳои барқии минтақаҳо мерасонанд ва бобати ислоҳи онҳо сари вақт тадбирҳои амалӣ меандешанд. Фаъолияти навбатдорон ва тадбирҳои андешидаи масъулон дар ин бобат ҳар пагоҳӣ дар назди раиси ширкат баррасӣ мегардад.
Инчунин ҳар як муштарии барқ метавонад тавассути ин телефонҳо бо ШСХК «Барқи Тоҷик» дар тамос шавад ва дар бораи ҳодисаҳои истифодаи ғайриқонунии барқ, ки амалан ғорати як қисмати ҳаққи рўшноиву гармии тамоми ҷомеа аст, ба кормандони ширкат маълумот диҳад.
Ҳамкорӣ бо ШСХК «Барқи Тоҷик» тавассути телефонҳои боварӣ ба манфиати ҳар як шахс ва тамоми ҷомеа мебошад. Дар зер рақамҳои телефонҳои боварии ШСХК «Барқи Тоҷик»-ро пешниҳод менамоем:
235-86-74; 235-86-84; 610-60-50, 93-355-51-51; 93-355-52-52








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






