Рӯзҳои истироҳат ҳунармандони Роғуну Норак ба сокинону меҳмонони Душанбе барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ пешниҳод менамоянд

Ноябрь 3, 2017 09:41

ДУШАНБЕ, 03.11.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар боғҳои фарҳангиву фароғатии шаҳри Душанбе  бахшида  ба Соли ҷавонон барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ доир мегарданд. Тавре мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Маҳкамбой Гулов ба АМИТ «Ховар» хабар дод, 4-5 ноябр дар боғҳои «Ирам», «Рўдакӣ», «Парчами давлатӣ», «Дўстӣ», МД Амфитеатри «Аҳорун» ва майдони «800-солагии Москва» барномаҳои фарҳангӣ доир мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, 4 ноябр  дар Амфитеатри «Аҳорун» дастпарварони Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон,  дар Боғи «Парчами давлатӣ»  дастпарварони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар Боғи «Рӯдакӣ» ҳаваскорони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, дар Боғи  «Ирам» Донишгоҳи славянии Россия-Тоҷикистон, дар Боғи  «Дӯстӣ» бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи И. Сомонӣ ва  дар майдони «800-солагии  Москва»   Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон  бо барномаҳои ҷолиб хотири ҳаводорони санъати мусиқиро болида  мегардонанд.

5 ноябр баргузории барномаҳои фарҳангии шаҳри Роғун дар  Боғи «Ирам» ,  ноҳияи Рӯдакӣ дар Боғи «Парчами давлатӣ», ноҳияи Варзоб дар  Боғи «Рӯдакӣ», Коллеҷи тиббӣ- иҷтимоии шаҳри Душанбе дар  Боғи  «Дӯстии халқҳо» ва барномаҳои фарҳангии шаҳри Норак дар майдони «800-солагии  Москва» дар назар дошта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ дар Боғи «Ирам» соати 10:00 ва дар дигар боғҳои фароғатӣ соати 16:00 оғоз мегарданд.

Ноябрь 3, 2017 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд