ШОМИ ЗЕБО ВА ВАҲДАТ: ҳунармандони Суғдзамин дар Боғи ба номи Айнӣ ба сокинони Душанбе барномаи консертӣ пешниҳод намуданд
ДУШАНБЕ, 07.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 6 ноябр барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе яке аз рӯзҳои фаромӯшнашавандаи ҳаёт буд, зеро ба муносибати рӯзи Конститутсия ва дар арафаи 25-умин солгарди иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти мамлакат пас аз навсозӣ Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар боғи мазкур, ки дирӯз бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, сокинони пойтахт сайругашт намуда, аз мақбара ва муҷассамаи устод Садриддин Айнӣ, гулгашт, фаввораҳо ва майдончаи бозии кӯдаконаи он дидан намуданд.
Бегоҳии дирӯз дар Амфитеатри Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ, ки ба як мавзеҳои дилнишини истироҳатии сокинон ва меҳмонони пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе табдил хоҳад ёфт, бо садои карнаю сурнай ва таблаку дойра барномаи фарҳангӣ- фароғатии ҳунармандони вилояти Суғд дар фазои орому осуда ҳамчун шоми ваҳдату ягонагӣ оғоз гардид.
Дар барномаи фарҳангии мазкур намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идора ва корхонаҳо, инчунин сокинони зиёди пойтахт иштирок намуданд.
Барномаи рангини консертӣ, ки пешкаши тамошобинон гардид, иборат аз сурудҳои саршор аз ватандӯстӣ буд ва дар он аксаран сарояндагони ҷавони вилояти Суғд ҳунарнамоӣ карданд.
Яке аз овозхонони ҷавоне, ки ҳангоми ба саҳна баромадан иштирокчиён бо қарсақҳои пурмавҷ истиқболаш гирифтанд, Шоҳрух Юнусов, донишҷӯи соли дуюми Консерваторияи миллии Италия буд. Ӯ дар Қазоқистону Қирғизистон, Россияву Беларус ва Туркияву Америка бо суруди «Республикаи ман» Тоҷикистонро муаррифӣ намудааст.
Ёдовар мешавем, ки Боғи фарҳангию фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ ҳанӯз соли 1954 баъди дар ин мавзеъ ба хок супоридани устод Садриддин Айнӣ қомат афрохта буд. Солҳои охир масъалаи таъмиру навсозии он ба миён омада буд. Таъмиру тармим дар як муддати кӯтоҳ ба анҷом расонида шуда, ба симои шаҳри Душанбе ҳусни дигар зам кард.
Барномаи фарҳангии ҳунармандони вилояти Суғд ба кушодашавии боғи мазкур, рӯзи Конститутсия ва Соли ҷавонон бахшида шуда буд.



















Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






