Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи 10 – уми ИСЕСКО иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 23.11.2017. /АМИТ «Ховар»/. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг, Созмони ҳамкории Исломӣ ва дар маҷмӯъ ба ҳама созмонҳо ва иттиҳодияҳои динӣ назари мусбат дошта, пайваста мекӯшад, то муносибатҳоро дар доираи ҳамкории судманд бо ин созмонҳо ҳарчи бештар таҳким бахшад. Ин матлабро Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар ҷаласаи 10-уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг (ИСЕСКО) дар шаҳри Хартуми Ҷумҳурии Судон баён дошт.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҷаласаи мазкур аз 21 то 23 ноябри соли 2017 идома меёбад.
Вазири фарҳанг аз минбари баланди ИСЕСКО бо забони тоҷикӣ сухан гуфта, паёми мардуми тоҷикро расонид ва оид ба мавқеи дини ислом ва арзишҳои волои инсонии он ҳарф зад.
Шамсиддин Орумбекзода инчунин иброз дошт, ки роҳбарияти Тоҷикистон борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои байналмилалӣ дини Исломро дини мусолиҳатомез, таҳаммулгаро ва муттаҳидкунандаи башарият дониста, онро аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб орӣ пиндоштаанд. Аз ҷумла, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз минбари СММ чунин гуфта буданд: «Зуҳуроти фалокатбори терроризму экстремизм ҳеҷ умумият ба дини мубини ислом надоранд. Пешвоёни ин зуҳурот ва ҳаракатҳо бо истифода аз номи дини ислом ғаразҳои ҷангҷӯёнаи худро амалӣ карда, номи мубораки дини исломро доғдор менамоянд, ҳол он ки дини ислом сарчашмаи арзишҳои бузурги маънавӣ, аз қабили некиву саховатмандӣ, инсондӯстиву адолатпарварӣ ва илмомӯзиву таҳаммулгароӣ мебошад».
Боиси зикр аст, ки суханронии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар ҷаласаи 10 – уми вазирони фарҳанги давлатҳои аъзои Созмони исломӣ оид ба илм, маориф ва фарҳанг дар шаҳри Хартум бо забони тоҷикӣ садо дод ва бо забонҳои арабӣ, англисӣ ва франсузӣ тарҷума гардида, манзури иштирокчиёни ҷаласа гардид.








Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад






