Агентии суғурта: нафақаи пирон дар соли 2017 бозҳисобӣ гардид
ДУШАНБЕ, 29.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки аз ҷониби Агентӣ ва сохторҳои он дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нафақаҳои суғуртавии 20 ҳазору 961 нафар нафақагироне, ки ба онҳо аз 1 январи соли ҷорӣ инҷониб нафақа таъйин гардида буд, бозҳисобӣ карда шуданд, ки аз ин теъдод 18601 нафар – нафақаи суғуртавӣ аз рўи синну сол, 1562 нафар — нафақаи суғуртавӣ аз рўи маъюбӣ, 1293 нафар — нафақаи суғуртавӣ аз рўи маҳрум шудан аз саробон мегиранд.
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа маблағи моҳона ва андозаи миёнаи нафақаи суғуртавии 20 ҳазору 961 нафар нафақагирон 23,2% афзоиш ёфт.
Зикр гардид, ки тартиби такмилёфтаи индексатсияи сармояи шартии нафақавии шахсони суғурташуда, ки дар ҳисоби андозаи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавӣ таъсири мусбат мерасонад, дар ҳисоби андозаи қисми суғуртавии нафақаҳои суғуртавии шаҳрвандоне, ки ба онҳо минбаъд низ нафақаҳои суғуртавӣ таъйин мегарданд, истифода карда мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






