Ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд

Декабрь 27, 2017 15:06

 ДУШАНБЕ, 27.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум баргузор шуд, ки дар он як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳим баррасӣ гардиданд.

Вакилони мардумӣ дар оғози иҷлосия Созишномаи маблағгузорӣ  ва грант оид ба лоиҳаи «Мустаҳкамгардонии инфрасохтори муҳимтарин ҷиҳати таъмини устуворӣ бар зидди офатҳои табиӣ»-ро байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ба тасвиб расониданд.

Созишномаи мазкурро ба вакилони мардумӣ Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёр Худоёрзода, муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳрнамо Ҷонмамадова, сардори сарраёсати қарзи давлатӣ ва ҷалби инвеститсияҳои берунаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Холмурод, муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Салимзода ва вакил аз ҳавзаи интихоботии Қубодиён Бадриддин Садриддинзода баррасӣ намуда, иброз доштанд, ки арзиши умумии лоиҳаи «Мустаҳкамгардонии инфрасохтори муҳимтарин ҷиҳати таъмини устуворӣ бар зидди офатҳои табиӣ» 50 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз он 25 млн. доллари амрикоӣ қарзи имтиёзноки Ассотсиатсияи байналмилалии рушд ва 25 млн. доллари амрикоӣ гранти Ассотсиатсияи байналмилалии рушд мебошад.

Лоиҳаи «Мустаҳкамгардонии инфрасохтори муҳимтарин ҷиҳати таъмини устуворӣ бар зидди офатҳои табиӣ» аз 4 бахш  (компонент) иборат буда, ҳадафи асосии он пешгирии зарари офатҳои табиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бояд таъкид намуд, ки ин нахустин лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон оид ба кам кардани зарари офатҳои табиӣ мебошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Меҳринамо Ҷонмамадова ва вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ Олимҷон Бобоев ба намояндагони мардумӣ баррасӣ намуда, таъкид карданд, ки лоиҳаи Қонуни мазкур бо мақсади вобаста ба буҳрони иқтисодӣ ва вазъи имрӯзаи молиявии кишвар, инчунин зарурати дарёфт намудани манбаъҳои иловагии даромад, маблағгузорӣ намудани иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегӣ ва шиддатнок ташаккул додани Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои         2018-2020 таҳия карда шудааст.

Мутобиқи муқаррароти моддаи 252 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2018 андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард бекор карда мешавад.

Вобаста ба бекор шудани андози мазкур дар соли навбатии молиявӣ ба Буҷети давлатӣ 360 млн. сомонӣ ворид намегардад, ки ин дар натиҷа ба маблағгузорӣ намудани иншооти муҳими дорои аҳамияти стратегӣ монеа эҷод менамояд.

Бинобар ин зарурат пеш омадааст, ки дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуда, амали муқаррароти сархати сеюми моддаи 252 вобаста ба амали меъёри андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард  то 31 декабри соли 2020 тамдид карда шавад.

Масъалаи ниҳоии рӯзнома-лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2015-ро ба вакилони мардумӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматулло Насридинов ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода баррасӣ намуда, иброз доштанд, ки кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияии мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, тасдиқи онро ҷонибдорӣ намудаанд.

Кумитаи масъул масъалаи мавриди назарро  14 декабри соли 2017 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод. Иштирокчиёни ҷаласаи васеъ якдилона иброз намуданд, ки он ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.

Ҳамин тариқ дар иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимагардида вакилони мардумӣ қарорҳои дахлдор қабул намуданд.

Декабрь 27, 2017 15:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид
Дар Душанбе раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва намояндагони Бонки ҷаҳонӣ мулоқот намуданд
ҚАБУЛИ ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ. Он ба таҳкими сатҳи маънавиёти шаҳрвандон ва некуаҳволии шахс, оила ва ҷомеа равона шудааст
ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲРИРИ НАВ ҚАБУЛ ГАРДИД. Акнун тарбияи кӯдак аз ҷониби се ниҳоди иҷтимоӣ — оила, мактаб ва ҷомеа амалӣ мешавад
Ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон бо Узбекистон ва Қатар баррасӣ шуд
Вакилони Парлумони Тоҷикистон дар ҳамоиш оид ба ҳифзи арзишҳои демократӣ дар шаҳри Брюссел иштирок доранд
Мавсума Муинӣ дар доираи Форуми занони Осиё бо Танзила Норбоева мулоқот намуд
Мавсума Муинӣ: «Ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии занон тадбирҳои муҳим меандешад»
Маҳмадалӣ Ватанзода бо ҳайати вакилони Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Русия мулоқот намуд
Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуд
Дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати парлумони Бундестаг мулоқот доир шуд
Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии муколамаи байнифарҳангӣ дар Боку конфронси байнипарламентӣ доир шуд