«ДАР РОҲИ ВАТАН МУРДАН – ЗИНДАГИСТ…». Ба 130-солагии Абулқоcим Лоҳутӣ бахшида мешавад

Декабрь 2, 2017 13:04

ДУШАНБЕ, 02.12.2017  /АМИТ «Ховар»/. Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 130-солагии шоири маҳбуб ва ходими сиёсӣ Абулқосим Лоҳутӣ Конференсияи илмӣ-амалиро ба нақша гирифтааст, ки баргузории он 4 декабр, дар рӯзи таваллуди шоир, дар назар дошта шудааст.

Тавре директори Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ Сахидод Раҳматуллозода ба АМИТ «Ховар» хабар дод, дар Конференсия олимону донишмандони кишвар иштирок карда, вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти шоир Аблуқосим Лоҳутӣ маърӯзаҳо мекунанд.

Ҳамзамон Сахидод Раҳматуллозода изҳор дошт: «Дар андеша ва осори устод Лоҳутӣ Айнӣ ғояҳои ватанпарварӣ, дӯстии халқҳо, тараннуми комёбиҳои Ватан ва тарғиби сулҳу амният дар эҷодиёти ӯ мавқеи намоён ишғол кардаанд, ки  ашъори «Суруди сулҳхоҳон», «Санади сулҳро имзо мекунем», «Сухани мардумони одӣ» ва «Митинги сулҳхоҳон» намунаи беҳтарини онҳо мебошад. Ҳадафи ҳамоиш низ муаррифии паҳлуҳои таҳқиқнашудаи ашъори ӯ ба насли наврасу ҷавон аст».

Ба иттилои номбурда, ба хотири гиромидошти устод Абулқосим Лоҳутӣ силсилаи  тадбирҳои  маърифатию фарҳангӣ низ ба нақша гирифта шудааст.  Аз ҷумла,  5 декабр дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ   барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон заҳматҳои устод А. Лоҳутӣ қадрдонӣ шуда, Театри давлатии академии драмавии Тоҷикистон, бисёр деҳаву мактаб, муассисаву кӯча ва хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ номи некашро зинда медоранд. Ҷоизаи махсуси Иттифоқи журналистони мамлакат номи ӯро дорад. Осорхонаи ӯ дар Душанбе зиёратгоҳи умум аст.

Абукосим Лоҳутӣ бо ашъори ватандӯстонаи худ дар тамоми дунё машҳур аст. Дар достони «Ғалабаи Таня», ки ба мавзӯи Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бахшида шудааст, мегӯяд:

                      «Дар роҳи Ватан мурдан – зиндагист…».

Ёдовар мешавем, ки устод Лоҳутӣ соли 1945 матни Суруди миллии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро эҷод кардааст, ки то даврони соҳибистиқлолӣ вирди забони ҳамагон буда, дар замонаш яке аз беҳтарин таронаҳои миллии ҷамоҳири шӯравӣ ба ҳисоб мерафтааст.

                                                                                   Мавҷуда АНВАРӢ,

                                                                                   АМИТ «Ховар»

                                                                                                                                    Дар айни замон…

  Таҷлили 130-солагии Абулқосим Лоҳутӣ дар Хатлон

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод ва намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия бо иштироки 250 нафар ҷавонон бахшида ба 130-солагии Абулқосим Лоҳутӣ Конференсияи илмӣ-амалӣ доир гардид. Дар Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулсунбӣ Раҷабова ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷавонон вобаста ба ҳаёт ва фаъолияти шоири инқилобӣ ва ватандӯст Аблуқосим Лоҳутӣ суханронӣ намуда, аз эҷодиёти ӯ шеърҳо қироат карданд.

Дар охир ба иштирокчиёни фаъол ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии ҳизбӣ супорида шуд.

 

 

Декабрь 2, 2017 13:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҷилди нави китоби «Ваҳдат, Давлат, Президент» рӯнамоӣ гардид
ТАШАББУСҲОИ НАҶИБУ ОМӮЗАНДА. Дар хусуси аз ҷониби Пешвои миллат тақдим гардидани се китоб ба аҳолии Тоҷикистон
Ҳайати Академияи таҳқиқотии Малайзия бо ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва бостонии Тоҷикистон шинос мешавад
Олимони ҷавони тоҷик дар Мактаби байналмилалии илмӣ-таълимӣ барои ҷавонони ИДМ иштирок намуданд
Оид ба омӯзиши илмҳои криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе маҳфили эҷодии Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло доир шуд
Соли 2027 Душанбе мизбони Форуми VI театрии ҷавонони кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон мегардад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо муассисаҳои илмии Малайзия баррасӣ шуд
СОЛИ ОБОДКОРИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ҷайҳун Маркази фарҳангӣ ифтитоҳ гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осори таърихии Гунди Шопури Эрон баргузор мегардад
Дар ноҳияи Мастчоҳ Маркази фарҳангӣ ба истифода дода шуд
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон масоили муҳимми сиёсию иқтисодӣ ва илмию фарҳангӣ баррасӣ гардид