Дастурҳои судманди Пешвои миллат масъулиятро баланд месозанд!
КӮЛОБ, 29.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. 25 декабр бо мақсади муайян кардани самтҳои фаъолияти кории ҳизбӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода бо кормандони масъули кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар ҳудуди шаҳру нояҳияҳои вилояти Хатлон вохӯрии судманд анҷом дод.
Зимни вохӯрӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон вобаста ба мустаҳкам кардани самти фаъолияти ҳизбӣ, зиёд намудани сафи аъзои ҲХДТ, ҷоннок намудани корҳои тарғиботӣ, хусусан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва афзун кардани ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ дастурҳо дод.
Зикр шуд, ки зимни вохӯрию суҳбатҳо дар деҳоту маҳаллаҳо ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бурдани корҳои тарғиботӣ вазифаи аввалиндараҷаи кормандони ҳизбӣ ба ҳисоб меравад.
Кормандони кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳру наҳияҳои вилояти Хатлон, ки аксариятро ҷавонони фаъолу лаёқатманд ташкил медиҳанд, пас аз таҷдиди сохтори ҳизб дар вилоят ба вазифаҳои пурмасъул таъйин гардиданд.








Green Wi-Fi: интернет ҳангоми сайру гашт дастрастар мегардад
Nexign ва TelecomDaily: бозори алоқаи Тоҷикистон дар соли 2025 ба андозаи 13,7% афзоиш ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Дар Шаҳринав даври ноҳиявии озмуни «Кадбонуи беҳтарин» доир гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






