ФУТБОЛ: «Истиқлол» нахустин бозиҳои КФО-2018-ро аз майдони худ оғоз мекунад

Декабрь 7, 2017 16:06

ДУШАНБЕ, 07.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Чемпиони  шашкаратаи Тоҷикистон- дастаи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе ширкати худро дар мусобиқоти Ҷоми КФО-2018  7 марти соли оянда аз майдони худ шурӯъ мекунад. Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба  хабарнигори  АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, рақиби  дастаи «Истиқлол» дар даври аввали марҳилаи гурӯҳӣ ғолиби ҷуфти даври плей-офф мешавад. Дар сурате, ки ғолиби Ҷоми Тоҷикистон – дастаи футболи  «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд тавонад ба марҳилаи гурӯҳии мусобиқот роҳ ёбад, он гоҳ дастаи  «Истиқлол» дар ибтидои Ҷоми КФО-2018  7 март ба муқобили дастаи футболи  «Хуҷанд» бозӣ мекунад. Ба ғайр аз дастаи  «Истиқлол» дар марҳилаи гурӯҳии мусобиқот чемпиони  Қирғизистон — «Олой»-и Ӯш ва ғолиби чемпионати Туркманистон, ки рӯзҳои наздиктарин маълум мешавад, мубориза мебаранд.

Боз як ширкаткунандаи даври гурӯҳӣ дар минтақаи Марказӣ аз рӯи натиҷагирии бозиҳои плей-офф муайян хоҳад шуд. Дастаи футболи  «Хуҷанд», дорандаи медали нуқраи чемпионати имсолаи мамлакат ва Ҷоми Тоҷикистон ба мубориза барои Ҷоми КФО-2018 аз даври плей-офф шурӯъ менамояд. Рақиби дастаи «Хуҷанд» дар марҳилаи плей-оффи Ҷоми КФО ғолиби ҷуфти даври пешакӣ миёни барандаи Ҷоми Қирғизистон — «Дордой»-и Бишкек ва дорандаи медали нуқраи чемпионати Туркманистон мегардад. Дастаи футболи «Хуҷанд» нахустин бозиашро дар доираи плей-оффи Ҷоми КФО-2018 13 феврал дар меҳмонӣ, бозии ҷавобиро 20 феврал дар майдони худ анҷом медиҳад. Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дар минтақаи Марказӣ 7 март оғоз ёфта, 16 май ба поён мерасад. Ба даври баъдии мусобиқот танҳо ғолиби гурӯҳ роҳ меёбад.

Пас аз анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ бозиҳои нимфиналӣ ва финалии  байниминтақавӣ баргузор мешаванд. Бозии асосии Ҷоми КФО-2018  27 октябр барпо мегардад.

Декабрь 7, 2017 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад