ХАБАРИ ХУШ: Дар Душанбе хизматрасонии нақлиёти мусофирбари истифодаи умум барои нафақахӯрони аз 75-сола боло ройгон гардид

Декабрь 18, 2017 15:03

ДУШАНБЕ, 18.12.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ  шурӯъ аз  15 декабри соли 2017 хизматрасонӣ тавассути нақлиёти мусофирбари истифодаи умум (ба истиснои таксӣ) дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои нафақахӯрони аз 75-сола боло бо пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда (чиптаи имтиёзноки солона ё корти имтиёзноки пардохти электронии роҳкиро) тариқи ройгон ба роҳ монда мешавад.

Тавре аз Раёсати иттилот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе   хабар доданд, ин иқдом бо мақсади дастгирии моддию маънавии насли калонсол роҳандозӣ шуда, шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, МДК «Душанбенақлиётхадамотрасон», ККВД «Автобус-1, 2, 3», «Троллейбус», ҳамчунин  ҷамъиятҳои нақлиётие, ки дар шабакаи хатсайрҳои пойтахт, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ҳамлу нақли мусофиронро амалӣ менамоянд, дар ҳамбастагӣ бо Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани раванди мазкур вазифадор гардиданд.

 

Декабрь 18, 2017 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд