«ХИРС»-и ТОҶИКӢ ДАР ГЕРМАНИЯ! Онро беш аз 35 миллион нафар одамон тамошо карданд

Декабрь 2, 2017 10:35

ДУШАНБЕ, 02.12.2017./АМИТ «Ховар»/. «Хирсеро», ки  хилъати аз матоъи миллии тоҷикӣ дӯхташуда дар бар дошт,   беш аз 35 миллион нафар одамон дар гушаҳои гуногуни дунё тамошо карданд. Дар ин бора Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия хабар додааст.

Гуфта мешавад, ки 1-уми декабр дар шаҳри Берлин,  пойтахти  ҶФГ намоишгоҳи «Хирсҳо -ташвиқгари дустӣ ва муттаҳидӣ, санъат ва таҳамулпазирӣ » ба кори худ шурӯъ намуд. Намоишгоҳ аз 140  муҷассамаи  хирсҳо, ки аз ҷониби рассомон бо рангҳои бозгӯи таъриху фарҳанги миллии кишварҳои аъзои СММ оро дода шудаанд, иборат мебошад. Ин намоишгоҳ шурӯъ аз соли 2002 дар кишварҳои гуногуни қитъаҳои Осиё, Аврупо, Амрико ба намоиш гузошта шудааст ва аз ин намоишгоҳ 35 миллион нафар одамон дидан кардаанд.

Ҳадафи намоишгоҳ —  даъвати мардумони ҳама миллату динҳо ба дустӣ, муттаҳидӣ ва таҳамулпазирӣ мебошад.

Хирсҳо ду метр баландӣ доранд. Хирсе, ки аз Тоҷикистон намояндагӣ менамояд, аз ҷониби рассом Светлана Франк наққошӣ ва рангубор карда шуда, тани онро хилъати аз матои миллии тоҷикӣ дӯхташуда зеб медиҳад.

 

 

Декабрь 2, 2017 10:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд