ОБУ ҲАВО: имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда ва абрноки бебориш дар назар аст
ДУШАНБЕ, 7.12.2017 /АМИТ «Ховар»/. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш ва баъзан фаромадани туман дар назар дошта шудааст.
Обуҳавошиносон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонанд, ки дар робита ба бориши барф 7 декабр дар роҳҳои кӯҳии мошингарди Тоҷикистон яхбандӣ мешавад. Дар роҳҳои мошингарде, ки хатари фаромадани тарма вуҷуд дорад, ҳатман бояд масофаи зарурии миёни мошинҳо то 500 метр риоя карда шавад. Инчунин аз 7 то 9 декабр дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ, ба ғайр аз ВМКБ хатари тармафароӣ вуҷуд дорад.
Тибқи маълумоти обуҳавошиносон, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Шамол аз самти шарқ аз 3 то 8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6-11 дараҷа хунук ва рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи ин вилоят шабона 11-16, дар баъзе ҷойҳо то 18-23 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.
Ба иттилои манбаъ, дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбанда, абрноки бебориш ва дар баъзе ҷойҳо фаромадани туман пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 0 -5 дараҷа хунук, рӯзона 11-16 дараҷа гарм ва дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона аз 4-9 дараҷа гарм мешавад.
Ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар вилояти Суғд низ пешгӯӣ гардида, ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 то 6 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 -7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар дошта шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳарорат дар водиҳо шабона 2-7 дараҷа хунук ва рӯзона 9-14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 3-5 дараҷа хунук ва рӯзона 11-13 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд






