ШИКАСТИ ДАВЛАТИ ИБЛИС. Абдуқодири Абдуқаҳҳор дар мавриди торумор шудани созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ»

Декабрь 7, 2017 16:53

ДУШАНБЕ, 07.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳи Россия дирӯз  эълон намуд, ки Сурия пурра аз террористон озод карда шуд ва созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» пурра торумор гардид. Расонаҳои хабарии  дунё ин воқеиятро гардиши ҷиддӣ дар сиёсатҳои ҷаҳонӣ маънидод мекунанд. Дарвоқеъ, рӯйдоди мазкур барои ҳамагон, аз ҷумла барои мардуми Тоҷикистон  ҳам дилхушкунанда ва ҳам сабақомӯз аст. Директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Лоҳутии пойтахт, донишманд ва рӯзноманигори шинохта Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР  андешаҳояшро дар ин бора дар саҳифаи худ дар Фейсбук чунин изҳор намудааст:

Инак, иблиси лаъин – Абубукри Бағдодӣ ва шайтонбачча — пайравонаш аз ҷониби Эътилофи кишварҳои ғарб, Неруҳои ҳарбӣ — кайҳонии Россия ва артиши Башор Асад ба хоку хун кашида шудаву несту нобуд карда шуданд. Хилофати хилофкорон суқут намуд. Афсӯсу надомат, ки неруҳои аҳриманӣ бо ин амалашон Исломи поки Муҳаммадиро ҳамчун дини ҷангу оромиситез бадному доғдор ва мусалмонро дар ҷаҳон зишту манфур, бераҳму хунхӯр муаррифӣ намуданд. Даҳҳо ҳазор ҷавонони гумроҳ куштаву волидонашон ғуссамарг гардида, миллионҳо нафар одамон бехонаву дар ба дару гурезаву муҳоҷиру овора гардиданд. Роҳбарону идеологҳои даҷҷолбашараи «Давлати исломӣ», ки то кунун ягон нафарашон худро қурбон накардаанду намекунанд, оятҳоро таҳриф карда, фатвоҳои бепоя бароварда, ҷавонони гумроҳу чалласаводро бо роҳҳои гуногун, аз ҷумла гипнозу сеҳру манқурткунонию доруҳои эҳсосбарангез (ҳайвонӣ) ва эҳсоскўш (тарс) амсоли каптагон (амфетамин) ба доми фиреб кашиданд.

Дардовараш боз ин аст, ки дар қатори ин тудаи дад тоҷикписарони нохалаф низ кам набуданд. Таърих гувоҳ аст, ки ниёкони мо тули асрҳо фақат дар роҳи омӯзиши илму алайҳи нафси аммора ҷиҳод намудаву ин дини муқаддасро азамату ҷалол бахшидаву онро ҳамчун дини сулҳу суботу инсонсозу таҳаммулгаро ба оламиён ошно намудаанд.

Баъзе кўрдилон – ворисони имрӯзаи онҳо то ҷое бефаҳму тиҳимағз будаанд, ки дар муқаддасгоҳҳои мусалмонон — Ироқу Шом, ки қадамҷойҳои асосгузорону бунёдгузорони исломанду ҳазору чаҳорсад сол аст дар ин минтақа садои азон хомўш нашудааст, ҷиҳод эълон намудаву бо нидои «Аллоҳ Акбар!” хуни ноҳақи ҳазорон мусалмонро рехтанд.

Таърих сабақомӯз аст. Мо мардуми оддӣ, мақомоти давлатӣ ва созмонҳои ҷамъиятӣ, ходимони дин бояд ин ҳаводиси шуму таънаборро ҷиддӣ биомӯзему иштибоҳи кардаамонро ислоҳ кунем. Чаро ҳидоятҳои Имоми Аъзам – пешвои мазҳабиямон корагар нагардиду ҷавонони мо ба ин роҳ рафтанд? Чаро суханони нухбагони миллат, пешвоёни дин ба онҳо беасар монд? Чаро волидайн, муаллимони ин ҷавонон аз роҳи хато онҳоро баргардонида натавонистанд? Ва боз чанд чарои дигар аст, ки мо бояд посух биёбем!

  Абдуқодири АБДУҚАҲҲОР

 

МАЪЛУМОТИ АМИТ «ХОВАР»:

Абдукодири  Абдуқаҳҳор  (Талбаков)    15-уми декбари соли 1967 дар деҳаи Баҳористони ноҳия Фархори вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Дастпарвари факултаи журналистии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Солҳои 2005 — 2012  ба ҳайси  директори Муассисаи давлатии  «Радиои Тоҷикистон» кор кардааст,  аз октябри соли 2012 то январи соли 2014 дар вазифаи директори МД «Телевизиони Пойтахт», сипас чанд муддат дар мақоми сардори Раёсати фарҳанги шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.

Ҳоло директори Китобхонаи шаҳрии ба номи Абулқосим Лоҳутии Душанбе мебошад.

Декабрь 7, 2017 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми тақдими китоб идома дорад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
АМАЛИЁТИ «ПИЁДАГАРД». Ҳадафи он коҳиш додани сатҳи садаманокӣ дар Тоҷикистон аст
МУШОҲИДОНИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Қоидаҳои иштирок ва мақоми онҳо дар интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
«ЭЪЛОМИЯИ ҲУҚУҚИ БАШАРИ КУРУШИ КАБИР». Ин санад бузургтарин мероси маънавӣ дар миқёси умумибашарӣ аст
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон меборад
Танбашавии мошинҳо дар роҳҳои байналмилалие, ки аз маркази шаҳри Ваҳдат мегузаранд, кай бартараф мегардад?
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 6 миллион амалиёти пардохти андоз ва боҷҳо ба тариқи ғайринақдӣ анҷом ёфт
НАВРАСОНИ АСРИ ТЕХНОЛОГИЯ. Дар Душанбе машварати омӯзишӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ доир шуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борон ва барф меборад
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Имрӯз дар Вазорати молия, Кумитаи рушди сайёҳӣ, Прокуратураи генералӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар Женева дастовардҳои Тоҷикистон дар соҳаи роҳу нақлиёт муаррифӣ шуд

Маводҳои таҳлилӣ