Антониу Гутерриш, Дабири кулли СММ: дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ ду баробар — аз 81 дарсади соли 2003 то 31 дарсади соли 2015 коҳиш ёфт

Январь 22, 2018 15:29

ДУШАНБЕ, 22.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар даҳсолаҳои охир давлатҳои Осиёи Марказӣ дар рушди иқтисодӣ ба пешрафти назаррас ноил шудаанд ва дар роҳи таҳкими сулҳу субот дар Афғонистони ҳамсоя саҳми муҳим мегузоранд. Дар ин бора зимни ҷаласаи Шӯрои Амнияти СММ Дабири кулли созмон Антониу Гутерриш изҳори назар намуд.

Тавре Маркази иттилооти СММ хабар медиҳад, зимни ҷаласа Дабири кулли СММ зикр намуд, ки Осиёи Марказӣ дар даҳсолаҳои охир дар самти рушди устувор ба пешрафти назаррас ноил гардидааст ва барои далели гуфтаҳояш Ҷумҳурии Тоҷикистонро мисол овард.

«Масалан, дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ ду баробар – аз 81 дарсади соли 2003 то 31 дарсади соли 2015 коҳиш ёфт. Аммо кишварҳои минтақа дар алоҳидагӣ амал карда, иқтидори худро пурра кушода наметавонанд. Ҳеҷ яке аз онҳо ба баҳр дастрасӣ надоранд ва аксарият дар давоми даҳсолаи охир ҳамчун ҷузъҳои аз ҳам вобастаи ягонагии комил рушд кардаанд», — гуфт А. Гутерриш.

Ёдовар мешавем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 ноябри соли 2017 зимни суханронии худ ба муносибати 25 – умин солгарди баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «даромади аҳолӣ қариб 30 баробар ва пасандозҳо беш аз 90 баробар зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ аз 83 то 30 фоиз коҳиш ёфт. Ба туфайли интихоби дурусти ҳадафҳои умумимиллӣ ва амалӣ гардонидани стратегияву барномаҳои давлатӣ дар 17 соли охир суръати миёнаи рушди иқтисодии кишвар ба 7,7 фоиз баробар шуд. Агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло ин шумора ба беш аз 2000 адад  расидааст».

«Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум имрӯз низ яке аз ҳадафҳо ва вазифаҳои муҳиму стратегии Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад»,-таъкид намуданд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

 

 

Январь 22, 2018 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири адлияи Тоҷикистон бо Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон мулоқот намуд
«ХУДШИНОСӢ — ОМИЛИ ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛ ВА ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Оид ба ин мавзуъ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Тоҷикобод лоиҳаи нави таъмини оби тоза барои сокинони деҳаи Сабзазор амалӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид