Н. Абдуғаффорзода, Раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ: «Тоҷикистон торафт бештар таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷиро ба худ ҷалб месозад»
ДУШАНБЕ, 4.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои сердаромад, яке аз роҳҳои бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз бо назардошти ин аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Оид ба самтҳои афзалиятноки сайёҳӣ ва тадбирҳои минбаъда ҷиҳати рушди ин соҳа хабарнигори АМИТ “Ховар” Бекназари АБӮБАКР бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуъмон АБДУҒАФФОРЗОДА мусоҳиба орост.
АМИТ «Ховар»: Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Кумитаи рушди сайёҳӣ дар ин сол кадом чорабинӣ ва иқдомҳои ҷумҳуриявию байналмилалиро ҷиҳати рушдӣ сайёҳӣ роҳандозӣ менамояд?
Н. Абдуғаффорзода: Қабл аз ҳама миннатдории самимии кулли кормандони соҳаи сайёҳии мамлакатро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дастгириҳои ҳамаҷонибаи бахши сайёҳӣ, аз ҷумла Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 самимона иброз медорем.
Воқеан ҳам ин рўйдоди муҳим ва фараҳбахш ширкатҳои сайёҳӣ, ассотсиатсияву созмонҳои соҳавӣ ва дигар ҷонибҳои ҳавасманди соҳаи сайёҳиро руҳбаланд намуда, ин иқдоми Пешвои муаззами миллат бо хушнудӣ пазируфта шуд.
Дар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ки имрўзҳо Нақшаи чорабинии мукаммали ин сана таҳия шуда истодааст, Кумита баргузор намудани як қатор чорабиниҳои сатҳи миллӣ ва байналмилалиро тарҳрезӣ намудааст.
Аз ҷумла, дар ин сол ҷаласаи навбатии Шўрои Иттиҳоди давлатҳои мустақил ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ оид ба сайёҳӣ, Форуми байналмилалии сайёҳӣ ва бори нахуст Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ таҳти унвони “Тоҷикистон — сарзамини сайёҳӣ” бо ҷалби ширкатҳои сайёҳии ватанию хориҷӣ ва Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ, Симпозиум ва Намоишгоҳи сайёҳӣ таҳти унвони “Наврўз мероси фарҳангии сайёҳӣ”, фестивалҳои фарҳангиву сайёҳии “Марҳамат ба Хатлон!”, “Суғди Бостон”, “Марҳамат ба водии Рашт!”, “Боми ҷаҳон”, “Таомҳои миллӣ”, иштироки мутахассисони Кумита ва ширкатҳои сайёҳӣ дар як қатор намоишгоҳҳои байналмилалии сайёҳӣ ва дигар чорабиниҳо ба нақша гирифта шудаанд.
Инчунин як қатор озмунҳо дар бахши сайёҳӣ, аз қабили мақолаи беҳтарин, мусаввара ва расмҳои беҳтарин, роликҳо ва наворҳои видеоии беҳтарин, армуғони беҳтарин барои сайёҳон, нақшаи беҳтарини тиҷоратӣ, ширкати беҳтарини сайёҳӣ, меҳмонхонаи беҳтарин, осоишгоҳи беҳтарин, истироҳатгоҳи беҳтарин, роҳбалади беҳтарин ва дигар озмунҳо баргузор карда мешаванд.
АМИТ “Ховар”: Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро бо ҳам чӣ унсурҳо мепайванданд?
Н. Абдуғаффорзода: Масъалаи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мавриди таваҷҷуҳи доимии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар ин самт тадбирҳои муҳим андешида шуда истодаанд.
Дар Паёми имсолаи худ Пешвои миллат истеҳсоли маҳсулоти ҳунармандӣ дар хона ва фурӯши онҳоро аз андозҳо озод намуданд, ки ин тадбир ниҳоят муҳим буда, имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё гарданд.
Сайёҳӣ ва ҳунармандӣ ба ҳам пайвастагӣ доранд. Маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ асосан ба меҳмонон, бахусус сайёҳони хориҷӣ нигаронида шудааст. Бинобар ин, бо роҳандозӣ намудани имтиёзи мазкур арзиши аслии маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ паст карда шуда, қобилияти рақобатпазирии он устувор мегардад. Ин имконият медиҳад, ки маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ ҳарчи бештар ба бозорҳои ҷаҳонӣ ва намоишгоҳҳои байналмилалӣ пешниҳод карда шуда, ҳунармандон даромаднокии худро беҳтару хубтар намоянд.
Кумитаи рушди сайёҳӣ баҳри рушди соҳаи ҳунармандӣ ва дастгирии ҳунармандон, муаррифӣ ва ба бозорҳои ҷаҳонӣ баровардани маҳсулоти ҳунарҳои дастӣ тамоми кӯшишу захираҳои худро истифода мебарад.
Аз ҷумла, бо мақсади муаррифии ҳарчи бештари имкониятҳои сайёҳии кишвар ва рушду равнақи ҳунарҳои мардумӣ рӯзҳои 21-24 декабри соли 2017 дар толори Нигористони (галереяи) санъати муосири Тоҷикистон воқеъ дар бинои Маркази тиҷоратии “Душанбе мол” Намоишгоҳи сайёҳӣ ва маҳсулоти армуғонии ҳунармандон таҳти унвони “Тоҷикистон-ҷаҳони саёҳат” баргузор карда шуд, ки дар он дар қатори ширкатҳои сайёҳӣ ва осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, инчунин ҳунармандони ҷумҳурӣ бо маҳсулоти худ иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ як қатор озмунҳо, аз ҷумла маҳсулот ва армуғонҳои беҳтарин барои сайёҳон, таҳияи нақшаҳои беҳтарини тиҷоратӣ ва мақолаи беҳтарин дар бораи соҳаи сайёҳӣ, ширкати беҳтарини сайёҳӣ муайян гардида, ғолибон бо туҳфаҳои таъсисдодаи Кумита, аз ҷумла 30 нафар ҳунармандон барои истеҳсоли маҳсулот ва армуғони дастӣ барои сайёҳон, 4 донишҷӯ барои таҳияи мақолаи беҳтарин ва 4 донишҷӯ барои таҳияи нақшаи тиҷоратии беҳтарин, 3 ширкати сайёҳӣ барои воридоти бештари сайёҳон ва 5 ширкат барои рушди сайёҳии дохилӣ сарфароз гардонида шуданд.
Инчунин Кумита тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ гузарҳо ё фурӯшгоҳҳои доимоамалкунандаи ҳунармандон, гузарҳои таомҳои миллӣ ва дигар армуғонҳоро барои сайёҳон ифтитоҳ намояд.
АМИТ “Ховар”: Сайёҳӣ дар ҷаҳон яке аз соҳаҳои сердаромад арзёбӣ мегардад. Ба андешаи Шумо, бо рушд ёфтани ин соҳа Тоҷикистон ба кадом пешравиҳо, аз ҷумла дар бахши иқтисод ноил мегардад?
Н. Абдуғаффорзода: Воқеан ҳам сайёҳӣ пас аз соҳаҳои нафту газ дар ҷои дуюм меистад. Аз содироти маҳсулот асъори хориҷӣ ба иқтисодиёт ворид мегардад, соҳаи сайёҳӣ низ ба кишвар асъори хориҷиро ворид менамояд. Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, ҳар як сайёҳ дар сафарҳои худ ба ҳисоби миёна аз 500 то 750 доллари ИМА хароҷот мекунад.
Илова бар ин сайёҳӣ ҷойҳои кории мустақим ва ғайримустақимро ба вуҷуд меорад. Дар раванди хизматрасонӣ ба сайёҳон кормандони ширкатҳои сайёҳӣ, аз ҷумла, менеҷерҳо, маркетологҳо, роҳбаладон, ронандагон, тарҷумонҳо ҷалб шуда, инчунин сайёҳон аз хизматрасониҳои меҳмонхонаҳо, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, тарабхонаҳо, мағозаҳои фурӯши армуғонҳо васеъ истифода мебаранд.
Сайёҳӣ, бахусус сайёҳии экологӣ барои баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум дар деҳот тавассути хизматрасонӣ ба сайёҳон бо бунёди меҳмонхонаҳои хурд, меҳмонхонаҳои типи «Ҳомстей», таъмини ҳўрок, хизматрасониҳои нақлиётӣ, аз ҷумла бо велосипеду аспҳо, роҳбаладӣ ва дигар навъи хизматрасониҳо мусоидат намуда истодааст.
Кумита тасмим гирифтааст як қатор нақшаҳоро ҷиҳати баланд бардоштани саҳми соҳаи сайёҳӣ дар иқтисоди миллӣ ва ғанигардонии буҷети давлатӣ роҳандозӣ намояд.
АМИТ “Ховар”: Барои рушди минбаъдаи соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Сарвари давлат ба Хукумати мамлакат супориш дода шуд, ки ҷиҳати то 10 рӯзи корӣ дароз кардани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ қарори дахлдор қабул намояд. Ин тадбир чӣ паёмадҳо хоҳад дошт?
Н. Абдуғаффорзода: Бояд зикр намуд, ки дар самти соддагардонии будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, бахусус сайёҳон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти назаррас гузаронида шудааст. Аз ҷумла, низоми раводиди электронӣ ҷорӣ гардида, бо зиёда аз 80 кишвари олам низоми соддакардашудаи дастрас намудани раводид амал мекунад. Таҷрибаи мазкур дар муқоиса бо кишварҳои ҳамсоя камназир ва пешқадам аст.
Дастгирии навбатии Пешвои миллат ҷиҳати то 10 рўз тамдид намудани муҳлати бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ иқдоми ниҳоят саривақтӣ буда, барои осон намудани фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ ва будубоши бемамонияти сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ такони хуб хоҳад бахшид.
Иқдоми мазкур аз ҷониби ширкатҳои сайёҳие, ки ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ машғуланд, бо хушнудӣ пазируфта шуда, барои истироҳати бофароғати сайёҳону меҳмонон, ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ва ташкили хатсайрҳои нав мусоидат мекунад.
АМИТ “Ховар”: Оё инфрасохтори имрӯзаи соҳаи туризми Тоҷикистон сайёҳони хориҷиро қаноатманд карда метавонад ва дар ин самт кадом тадбирҳо амалӣ карда хоҳанд шуд?
Н. Абдуғаффорзода: Имрўз дар Тоҷикистон бо дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор иншооти муосири сайёҳӣ, аз ҷумла маҷмааи лижаронию сайёҳии “Сафеддара”, истироҳатгоҳҳои “Пули сангин”, “Баҳористон”, маҷмааи “СПА Ҳаёт”, як қатор меҳмонхонаҳои панҷситорадори бренди ҷаҳонӣ ва дигар иншоот бунёд гардида, як қатор иншооти инфрасохтори соҳа таҷдид карда шуданд.
Айни замон мо метавонем ҳама гуна сайёҳонро дар сатҳи барои онҳо муносиб қабул ва барояшон хизматрасонӣ кунем. Яке аз монеаҳое, ки то имрўз вуҷуд доштанд, ин ҳамкории нокифоя байни ширкатҳои сайёҳӣ ва иншооти инфрасохтори соҳа буд. Мо тўли 6 моҳ аст, ки бо ҳайтҳои ширкатҳои сайёҳӣ, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, меҳмонхонаҳо ва иншооти дигари сайёҳӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ вохўриву мулоқотҳо ва мизҳои мудаввар доир намуда, кӯшиш намудем байни ин субъектҳо ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шавад. Дар ин замина як қатор ширкатҳо, ки қаблан ба содироти сайёҳон машғул буданд, фаъолияти худро ҷиҳати воридоти сайёҳон ва саёҳати дохилӣ ба роҳ монданд.
Дар заминаи муколамаи давлат ва бахши хусусӣ Кумита дар якҷоягӣ бо ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо мақсади шиносоӣ ва таҳияи хатсайрҳои навӣ сайёҳӣ аз мавзеъҳои сайёҳии ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ховалинг, Балҷувон, мавзеи Сари Хосор, Шаҳринав, Файзобод, Рашт, Айнӣ, маҷмааи лижаронию сайёҳии Сафед-дараи ноҳияи Варзоб, мавзеҳои Ромит ва Канаски шаҳри Ваҳдат, шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода, Норак ва дигар минтақаҳо боздид намуда, ба ширкатҳои сайёҳӣ имкониятҳои сайёҳии минтақаҳои зикргардида муаррифӣ карда шуданд ва зиёда аз 20 хатсайрҳои нави сайёҳӣ таҳия гардиданд.
Инчунин як қатор боздидҳо аз осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, аз ҷумла “Пули сангин”, “Аква Клуб” (Норак), “Сатурн” (Ҳисор), “Сафед-дара”, “Гулобод” (Варзоб), “СПА Ҳаёт” (Душанбе), “Зайрон”, “Ёс” (Ваҳдат), “Куран” (Қаратоғ) ба амал бароварда шуда, байни ширкатҳои сайёҳӣ ва инфрасохтори соҳа ҳамкории судманд ба роҳ монда шуд.
Рўзҳои наздик имкониятҳои хизматрасонии осоишгоҳи “Зумрад” (Исфара), “Авис-сити”, Ҳавотоғ” (Истаравшан), “Хоҷа Оби гарм”, “Кохи Малика” (Варзоб), “Шоҳамабарӣ” (Ҳисор) ва дигар истироҳатгоҳҳову осоишгоҳҳо ба ширкатҳои сайёҳӣ муаррифӣ карда мешаванд.
Бо истифода аз имтиёзҳои андозию гумрукие, ки Пешвои миллат дар Паёми худ дар соли 2016 пешниҳод намуда буданд, аз ҷумла аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ таваҷҷуҳ ва ҳавасамндии соҳибкорон барои фаъолият дар бахши сайёҳӣ ва рушди инфрасохтори соҳа зиёд гардида, Кумита якҷо бо бахши хусусӣ, аз ҷумла ширкатҳои сайёҳӣ як қатор лоиҳаҳои инфрасохторӣ, аз ҷумла бунёди меҳмонхонаҳо, иншооти сарироҳӣ барои хизматрасонии сайёҳон, осоишгоҳҳо ва комплексҳои сайёҳӣ, маркази хизматрасонии нақлиётӣ дар соҳаи сайёҳӣ ва дигар табдирҳоро роҳандозӣ намуда истодааст.
АМИТ “Ховар”: Кишварҳои аз лиҳози сайёҳӣ рушдёфта бурди соҳаро аслан ба тарзи дурусти тарғибу ташвиқи он рабт медиҳанд…
Н. Абдуғаффорзода: Албатта, яке аз масъалаҳои асосӣ ва муҳими рушди сайёҳӣ ин тарғибу ташвиқ ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад.
Дар ин раванд имсол бо дастгирии Кумита ширкатҳои сайёҳии ватанӣ ба бозорҳои ҷаҳонии сайёҳӣ баромада, бори нахуст дар намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии “Туризм ЭКСПО Ҷопон-2017” дар шаҳри Токио, Саммит ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Федератсияи умумиҷаҳонии шаҳрҳои туристӣ дар шаҳри Лос-Анҷелеси ШМА, Намоишгоҳи байналмилалии “Топ Реса”-и Франсия, Намоишгоҳи “Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон” дар Корея, Намоишгоҳи тиҷоратӣ дар шаҳри Алматои Қазоқистон, Саммит ва Намоишгоҳи байналмилалӣ дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия, Намоишгоҳои молҳои Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон иштироки фаъол намуда, барои ширкат дар намоишгоҳу чорабиниҳои дигари самти сайёҳӣ омодагӣ дида истодаанд.
Имсол аз ҷониби Кумита Портал ё сомонаи миллии сайёҳии Тоҷикистон бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ омода карда шуда (www.traveltajikistan.tj), минбаъд бо забонҳои дигари хориҷӣ, аз ҷумла немисӣ, фаронсавӣ, испанӣ, арабӣ ва хитоӣ низ тарҷума карда мешавад.
Портали мазкур фарогири тамоми иттилооти зарурӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии кишвар, қоидаҳои будубош, дастрас намудани раводид, фарҳангу таърих ва анъанаҳои миллӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, иқлим, осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо, хатсайрҳои ҳавоӣ, ҳунарҳои дастиву армуғонҳо ва дигар маълумоти муҳим буда, ба сайёҳон маълумоти дуруст ва саҳеҳро пешниҳод менамояд.
Портал тавассути Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ ба 158 давлатҳои узви комилҳуқуқи Созмон ва 509 ассосиатссияву созмонҳои байналмилалии узви вобастаи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ муаррифӣ карда шуд ва ба ин васила бори нахуст соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ пайваст гардид.
Бо мақсади муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии ҷумҳурӣ ва тадбирҳои андешидаи Ҳукумати мамлакат дар самти сайёҳӣ бо АМИТ “Ховар” шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар сомонаи расмии Агентӣ ва Радиои «Ховар» рубрикаи нав таҳти унвони «Тоҷикистон — сарзамини сайёҳӣ» боз гардид. Инчунин як қатор навору роликҳо таҳия ва тавассути шабакаҳои телевизионӣ пахш шуда истодаанд.
Дар ин самт ҳамзамон як қатор чорабиниҳои дигари тарғиботиву ташвиқотӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат баргузор карда шуданд.
АМИТ “Ховар”: Яке аз самтҳои муҳими тарғиби соҳаи сайёҳӣ ҷалби журналистон ва инъикоси дастоварду ҷойҳои тамошобоб, арзишҳои гаронбаҳои таърихию фарҳангӣ, фарҳанги миллию ҳунарҳои маврдумӣ ва амсоли инҳо дар ВАО-и дохилию хориҷӣ маҳсуб меёбад. Шумо чорабинии “Саёҳати иттилоотӣ” («пресс-тур»)-ро, ки тайи се сол боз бо иқдоми Шӯрои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ дар тамоми кишварҳои узви ин Иттиҳод роҳандозӣ мешавад, чӣ тавр арзёбӣ мекунед?
Н. Абдуғаффорзода: Чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ бо иштироки журналистон самари хуб медиҳад. Зеро агентиҳои иттилоотӣ маълумотро ба доираи васеи хонандагон пешниҳод мекунанд.
Кумита имсол, ки роҳбарӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба зимаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст, дар ҳамкорӣ ба АМИТ “Ховар” ният дорад бо иштироки хабарнигорони маъруфи агентиҳои давлатии иттилоотии ИДМ чунин «Пресс-тур» баргузор намояд. Рӯзноманигорони варзида аз тамоми давлатҳои узви ИДМ ба Тоҷикистон даъват шуда, тибқи нақша ва хатсайр аз як қатор мавзеҳои сайёҳии мамлакат боздид ба амал хоҳанд овард.
Инчунин дар ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ рўзҳои 24-29 сентябри соли 2017 боздиди намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва рўзноманигорон аз як қатор давлатҳои Аврупо, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Кувайт, Федератсияи Россия ва Қазоқистон ба ҷумҳурӣ ташкил карда шуда, тибқи хатсайр имкониятҳои бузурги сайёҳии мамлакат ба онҳо муаррифӣ карда шуд.
АМИТ “Ховар”: Сайёҳони хориҷиро бештар ба Тоҷикистон кадом самтҳои сайёҳӣ ҷалб мекунанд ва ба онҳо дар Тоҷикистон саёҳат дар кадом фасли сол бештар писанд аст?
Н. Абдуғаффорзода: Дар Тоҷикистон сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ ва кӯҳнавардӣ, инчунин сайёҳии шикор бештар ба сайёҳон мақбул аст. Ватани маҳбубамон барои рушди ин навъҳои сайёҳӣ дорои имкониятҳои бузург аст, ки дар минтақа назир надоранд. Аз ҷумла, кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо ва шифобахш, кўлу чашмаҳо, табиати нотакрор ва кашфношуда, мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, меваю сабзвоти аз лиҳози экологӣ тоза, дар як фасл тамошо намудани чор фасли сол, набототу ҳайвоноти нодир ва гиёҳҳои шифобахш сайёҳонро мафтун кардааст.
Сайёҳон асосан аз моҳи март-апрел то моҳи ноябр-декабр ба ҷумҳурӣ сафар мекунанд. Ҳамзамон бо ин, бояд зикр намоем, ки бо таҷдиду тармими Маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» имкониятҳои ин мавзеъ ба доираи васеи сайёҳони дохилию хориҷӣ муаррифӣ карда шуда, айни замон сайёҳон дар фасли зимистон низ ба Тоҷикистон сафар мекунанд.
Имрўзҳо аз ҷониби ширкатҳои сайёҳии ватанӣ як қатор хатсайрҳо ба маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафеддара» ташкил карда шуда, ҳамарўза сайёҳон ба ин мавзеъ сафарбар карда мешаванд.
АМИТ “Ховар”: Ташаккур барои суҳбати самимӣ.
Н. Абдуғаффорзода: Ба АМИТ «Ховар» барои тарғиби пайвастаи соҳаи сайёҳии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, муваффақиятҳои беназир таманно дорем.
АМИТ “Ховар”: Ташаккур.