Паёми Пешвои миллат роҳи рушди мамлакатро барои солҳои минбаъда муайян намуд

Январь 12, 2018 14:50

ДУШАНБЕ, 12.01.2018. /АМИТ «Ховар»/. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур дар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия омӯзиши нуктаҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба роҳ мондааст.

Бо ин мақсад дар ташкилоти ибтидоии «Навоварони ҷавон»-и Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ бо иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Қудратов,  муовини раис-роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Изатуллои Ҳабибзод, намоянда аз Маркази қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти коллеҷи мазкур ҷамъомад баргузор гардид.

Дар ҷамъомад зикр шуд, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат оид ба  кам кардани санҷишҳо, додани имтиёзҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, мусоидат ба раванди бо шуғли асосӣ фаро гирифтани шаҳрвандон, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, ҳифзи сиҳатии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани вуруди маводи хӯрокворӣ ва  дорувории пастсифат ба ҷумҳурӣ, татбиқи як зумра барномаҳои давлатӣ, бунёди муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва майдончаҳои варзишӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, зиёд намудани кишти такрорӣ, ба роҳ мондани коркард ва  истеҳсоли  маҳсулоти рақобатпазир дар дохили мамлакат,  навсозии неругоҳҳои барқӣ-обӣ, зиёдшавии музди маош аз моҳи сентябр, рушди инфрасохтори маҳал, тағйирёбии иқлими сайёра ва расидан ба се ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шудааст.

Дар Паёми солона Пешвои миллат  соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Мақсади ин пешниҳод тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ ва муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ мебошад.

Чунин вохӯриҳо дар дигар кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия идома доранд.

Январь 12, 2018 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад