Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 27.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. 24 январи соли 2018 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия Маликшо Неьматов дар доираи сафари кориаш дар шаҳри Прага якчанд мулоқотҳои судманди корӣ анҷом дод. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Сафири Точикистон Маликшо Неьматов ба Вазорати саноат ва савдои Чехия ташриф оварда, бо Сардори департаменти Аврупо ва кишварҳои ИДМ-и вазорат Мартин Поспишил мулоқот намуд. Ҷонибҳо ҳамкории дуҷонибаи иқтисодӣ-тиҷоратии Тоҷикистону Чехияро дар доираи комиссияи доимоамалкунандаи байниидоравӣ мавриди баррасӣ қарор дода, бо дарназардошти ҳавасмандии ҳарду ҷониб ҷиҳати вусъати ҳамкории мутақобилан судманд, баргузории ҷаласаи навбатии комиссияи байниидоравӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ байни Тоҷикистону Чехияро дар соли равон мувофиқи мақсад шумориданд.
Зимни мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси палатаи савдо ва тиҷорати Чехия бо давлатҳои ИДМ Франтишек Масопуст оид ба натиҷаҳои форуми тиҷоратии Тоҷикистону Чехия, ки соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад, табодули афкор сурат гирифт. Ҳарду ҷониб иброз доштанд, ки имкону захираҳои истифоданашудаи иқтисодии Тоҷикистону Чехия хеле фаровонанд ва дар ин самт дар оянда тадбирҳо андешида мешаванд.
Инчунин 24 январи соли 2018 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Чехия ба Вазорати корҳои хориҷии Чехия ташриф оварда, бо Сардори департаменти Осиё Мартин Клепетко мулоқот анҷом дод.
Мавзӯи мулоқотро ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории мутақобилан судманди ду давлати дӯст- Тоҷикистону Чехия ташкил дода, вусьати ҳамкории дуҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, илму маориф ва бахшҳои гуманитарӣ мувофиқи мақсад шуморида шуд.
Сафири Точикистон даъватномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба унвонии Ҳукумати Ҷумҳурии Чехия ҷихати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028, ки моҳи июни соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, супорида, ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати иштироки ҳайати Чехия дар ин конфронси муҳими байналмилалӣ иброз намуд.








Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид






