ТАЪТИЛИ ЗИМИСТОНА: нагузоред, ки вақти холии фарзандон бесамар гузарад, зеро бе шуғл ва бе назорат мондани онҳо оқибати нек надорад

Январь 15, 2018 16:06

ДУШАНБЕ, 15.01.2018 /АМИТ «Ховар»/. Барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии  ҷумҳурӣ аз 1 то 31 январи соли 2018, яъне давоми  1 моҳ   таътили зимистона муқаррар гардидааст.

          Барои пурсамар ва бофароғат гузаштани   таътили зимистонаи хонандагон  чӣ гуна тадбирҳо андешида шудаанд?  Хонандагон  дар ин давра  бештар ба кадом корҳо бояд  машғул гарданд?

          Хабарнигори АМИТ «Ховар»  ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, дар ин бора   бо чанд нафар омӯзгорон, волидон ва хонандагони  муассисаҳои таълимии пойтахт   ҳамсуҳбат гардид, ки  хулосаи он   пешниҳоди хонандагон мегардад.

            «Тавре маълум аст, таътил ба хонандагон бо мақсади  истироҳат  кардан  муқаррар шудааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки хонандагон  ин давраро  фақат бо тамошои телевизор  ва рӯзи дароз бо бозӣ кардан дар кӯча гузаронанд. Чуноне мушоҳида мегардад, дар ин давра баъзе хонандагон  аз назорати  волидон дур монда, вақти худро   сарфи  оворагардӣ  менамоянд, ки   оқибат  сабаби   ба ҳар гуна  амалҳои ношоиста даст задани онҳо мегардад»,- иброз дошт  муаллимаи муассисаи таълимии №49-и пойтахт Моҳбону Хайриддинзода.

Мавриди зикр аст, ки соли 2017  аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»   вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон ва ҷавонон, инчунин дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ (дискоклубҳо, интернет-кафеҳо, марказҳои компютерӣ, толорҳои букмекерӣ ва тарабхонаҳо) рафтани ноболиғон амалиёти зиёди  рӯзона ва шабона гузаронида шуданд.

Тибқи иттилои масъулини ин вазорат,  дар натиҷаи ин санҷишҳо   танҳо  дар ҳудуди шаҳри Душанбе  нисбат ба 380 нафар падару модароне, ки уҳдадории худро дар таълиму тарбияи фарзанд иҷро накардаанд, бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба судҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол карда шуданд.

Волидон ва омӯзгоронро зарур аст, ки фаъолияти наврасонро хусусан  дар давраи таътили зимистона  зери назорати қатъӣ қарор диҳанд, то онҳо  ба оворагардӣ машғул нагарданд.

Моҳбону Хайриддинзода дар идомаи суҳбат зикр кард, ки  омӯзгорон  пеш аз таътил   бояд  ба хонандагон фаҳмонанд ва онҳоро  ҳидоят намоянд, ки дар давоми таътил ба китобхонӣ, такрори мавзӯъҳо, тамошои табиат, расмкашӣ, аз ёд кардани шеър, бозиҳои варзишию маърифатӣ, хулоса, ба амалҳои манфиатовар, ки он ҳам боиси истироҳат ва ҳам васеъ гардидани ҷаҳонбинии онҳо мегардад,  машғул шаванд.

Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки дар  ин давра  падару модарон ва роҳбарони синфҳо саёҳатҳо ташкил намуда, бачаҳоро  ба тамошои  ҷойҳои таърихӣ ва осорхонаҳо  баранд. Ҳамчунин роҳбарони синфҳо байни шогирдон сабқатҳои гуногуни шавқовар ороста, онҳоро аҳлона ба тамошои киною театр баранд, то ба ин васила   дӯстиву рафоқат миёни онҳо  афзояд. Хуб мешуд, агар   хонандагон дар ин муддат   бештар  ба  мутолиаи  асарҳои бадеӣ   машғул шаванд.

«Омӯзгорони фанни забону адабиёт пеш аз баромадан ба таътил бояд ба  шогирдон рӯйхати асарҳои бадеиро  барои мутолиа пешниҳод намоянд  ва минбаъд   онро зери назорат  гиранд. Баъди бозгашт аз таътил  вобаста ба мазмуни асарҳои хондаашон   бо  хонандагон   суҳбат ороста,  аз ҷониби шогирдон  дар ин бора навиштани иншо ҳам ба манфиати кор аст»,- таъкид намуд Моҳбону Хайриддинзода.

«Мутаассифона, рӯ овардан ба компютер ва дигар воситаҳои техникии замони муосир  хонандагонро аз  мутолиа дур карда, ҳангоми ҷалби онҳо ба китобхонӣ мушкилиҳо эҷод  мекунанд. Албатта, истифодаи бамавриду огоҳона аз компютер ва интернет доираи ҷаҳонбинии  бачаҳоро  васеъ  менамояд. Аммо волидон  бояд фарзандонро  назорат  кунанд, ки  ҳангоми  истифодаи онҳо меъёр риоя гардад.  Барои  китобхон шудани  фарзанд волидонро зарур аст, ки дар хона китобхонаи алоҳида таъсис диҳанд ё ақаллан  чанд китоби бадеии ҷолибро дар хона ҷамъ оранд, яъне  пеш аз ҳама чунин муҳитро барои онҳо фароҳам оваранд.  Ё барои ба китобхона рафтану китоб хондани фарзандашон мусоидат намоянд. Омӯзгоронро зарур аст, ки саъю талош намоянд,  то  роҳҳои  нави ба китоб ва мутолиа  ҷалб намудани хонандагонро дарёфт намоянд ва   давраи    таътил  барои  анҷоми ин гуна амалҳо   хеле  мусоид аст», -зикр намуд омӯзгори Коллеҷи  тиббии шаҳри Душанбе  Мунира Исмоилова.

Мунира Исмоилова ҳамчунин зикр кард, ки  волидонро зарур аст  тахайюли худро  ба кор  бурда,  нақшаи  гузаронидани  таътили зимистонаи фарзандонашонро тартиб диҳанд, то фароғати онҳоро дар ин давра таъмин созанд. Нагузоранд, ки   вақти  фарзандонашон бесамар гузарад, зеро бе шуғл  ва беназорат мондани  онҳо оқибати нек надорад.

Хонандаи  муассисаи таълимии № 56-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Табассуми Рамазон дар  ин бора андешаҳояшро иброз дошта,  аз ҷумла пешниҳод  кард, ки  хуб мешуд, агар  дар давраи таътили зимистона муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла, осорхонаҳо, театрҳо  ҳафтае 1 бор  ба таври  ройгон  ё нархҳои нисбатан арзон  барномаҳои худро пешниҳоди кӯдакону наврасон   мегардонданд, то ҳама имкони аз онҳо баҳра бурданро пайдо мекарданд. Бовар дорам, он гоҳ аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ хонандагон ба тамошои ин макон меомаданд.

Хонандаи дигари ҳамин муассисаи таълимӣ Оминаи Илҳом зикр кард, ки хуб мешуд агар дар тамрингоҳҳо барои кӯдакону наврасон аз оилаҳои камбизоат  хизматрасониҳои ройгон  ё  пардохти 50-фоиза ба роҳ монда мешуд. Он гоҳ бо пайдо кардани шароит шояд бачаҳо камтар ба оворагардӣ машғул шаванду барои машқ ба ин марказҳо биёянд.

Бояд таззакур дод, ки  алҳол дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ   марказҳои  кӯдакон ва наврасон, ҳамчунин   дар назди муассисаҳои таълимӣ  маҳфилҳои гуногун фаъолият дошта,  дар мактабҳо дар вақти таътил   дарсҳои иловагӣ ба таври  ройгон ташкил карда шудаанд.  Муассисаҳои таълимӣ бо  ин мақсад нақшаи чорабиниҳоро  тасдиқ  намудаанд, ки дар онҳо бештар  баргузории  як зумра мусобиқаҳои варзишӣ  ва  озмунҳои дохилимактабӣ дар назар дошта шудаанд.

Дар ин бора бо  чанд нафар хонандагон ва волидон  аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ    суҳбат  намудем ва ба  хулоса омадем, ки  мутаассифона,  на дар ҳама ҷо  ин нақшаи чорабиниҳо  ба таври зарурӣ ба роҳ монда  шудаанд ва аксаран  онҳо  болои қоғаз мемонанд.

Хуб мешуд, ки  ин муассисаҳо  дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти худро дар пайравии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»  ба роҳ монда,   барои  пурсамар гузаштани  таътилҳои зимистона ва тобистонаи хонандагон  шароити мусоид фароҳам   оваранд.

Айни замон дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе»  38  маҳфили гуногун  амал менамоянд, ки  мактаббачаҳо вобаста ба  шавқу ҳавасашон   ба онҳо  фаро гирифта шудаанд.

Маҳфилҳои  «Пайравони Пешвои миллат»,  «Адабиётшиноси наврас», «Таърихшиноси наврас», омӯзиши забони арабӣ, забони русӣ, забони англисӣ,  забони немисӣ, алифбои ниёгон,  «Кадбону», «Хуқуқшиноси наврас», «Дастони моҳир»,  журналистика, асбобҳои зарбӣ (таблак, дойра), асбобҳои нафасӣ, гитаранавозӣ, технологияи иттилоотӣ, конструктор, шоҳмот, дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, зардӯзӣ, расмкашӣ, гӯштингирӣ,  хорсароён, рақси миллӣ, кишваршиносӣ, хониши бадеӣ ва  «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Муассиса инчунин бо мақсади самаранок истифода бурдани вақти холии таълимгирандагон гузаронидани як зумра  олимпиада ва озмунҳоро байни таълимгирандагони маҳфилҳои Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» ва марказҳои эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳияҳои   пойтахт  баргузор менамояд.

Инчунин ҳамарӯза дар синфхонаи лингофонии Муассиса намоиши филмҳои бадеию ҳуҷҷатӣ ва тасвирӣ барои таълимгирандагон ташкил карда шудааст.

Дар баробари ин дар давраи таътили зимистона барои дар амал татбиқ намудани донишҳои назариявии таълимгирандагон Муассиса бо як зумра ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳои саноатӣ шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, тибқи онҳо таълимгирандагонро барои таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба ҶДММ «Ёқут-2000», ҶСК «Телерадиоком»,  ҶСП «Бунёди мусаввирии Тоҷикистон», МД «Телевизиони кӯдакону наврасон –«Баҳористон» ва МД ««Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи шаҳри Душанбе» сафарбар менамояд.

То анҷоми таътили зимистонаи хонандагон 15 рӯзи дигар боқӣ мондааст. Умедворем, ки масъулин    бо мақсади самаранок истифода бурдани вақти холии хонандагон  шароити мусоид фароҳам меоранд.

Рухсораи НУР,

АМИТ «Ховар»

Январь 15, 2018 16:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд