ДАР БАЙНИ МО БА ХУРОФОТ ҶОЙ НЕСТ!! Намоиши «Обу оташ» зарурати ҳамзистии осоиштаро дар ҷомеаи демократии дунявӣ бори дигар таъкид месозад

Февраль 8, 2018 17:04

ДУШАНБЕ,  8.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дунёи мураккабу пурихтилоф бештар собит месозад, ки танҳо бо роҳи музокирот ва гуфтугӯи тамаддунҳо метавон муваффақу комёб гардид ва сулҳу суботу ҳамдигарфаҳмӣ ба даст овард. Намоиши дишабаи пешкашнамудаи ҳунармандони Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ маҳз ин гуна муҳтаво дошт.

«Намоиши мазкур аз рӯи асари «Обу оташ»- и Мансур Суруш таҳия гардида, дар бораи  зарурати ҳамзистии осоишта дар ҷомеаи демократии дунявӣ қисса мекунад ва таъкид месозад, ки дар байни мо бояд ба хурофот, аз ҷумла хурофоти динӣ бояд ҷой набошад. Ва ин маънӣ имрӯз дар тамоми дунё  аз мавзӯъҳои доғи рӯз маҳсуб меёбад»,- изҳор дошт коргардони намоишнома Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон  Шералӣ Абдулқайс.

Шералӣ Абдулқайс афзуд, ки барои зистан ҳамзистӣ мебояд ва ин асар ифодакунандаи набзи ҳаёти имрӯза буда, мардумро ба муттаҳидӣ ва бародарӣ даъват мекунад, ки ин ҳадаф дар моддаи 26-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дарҷ гардидааст:

«Ҳар кас ҳуқуқ дорад муносибати худро нисбат ба дин мустақилона муайян намояд, алоҳида ва ё якҷоя бо дигарон динеро пайравӣ намояд ва ё пайравӣ накунад, дар маросим ва расму оинҳои динӣ иштирок намояд ё иштирок нанамояд».

«Динҳои ҷаҳонӣ дар асли худ мардумро ба ростию адолатпешагӣ ва накӯкорӣ ҳидоят мекунанд. Мутаассифона, на ҳамеша таълимоти динҳо  дуруст риоя мешавад, ки ин боиси барангехтани ҷангу ҷидол ва  сар  задании  амалҳои номатлуб, аз ҷумла экстремизму терроризм  мегардад»,- мегӯяд муаллифи асар Мансур Суруш.

Нависанда  ҳамчунин илова намуд, ки фикру андешаҳои одамон гуногун аст  ва мардумро бояд водор кард, ки ақидаи ҳамдигарро эҳтиром намуда, новобаста аз дину мазҳаб, миллату нажод дар фазои дӯстию рафоқат умр ба сар баранд.

Дар спектакл Хунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Носир Ҳасанов, Ортиқ Қодиров, Муҳаммадҷон Шодиев, инчунин ҳунармандони маъруф Сония Наврӯзова,  Салоҳиддин Шукуров ва дигарон нақшҳои асосиро иҷро намуданд.

Дар баргузории намоиши «Обу оташ» як зумра адибон, дӯстдорони каломи бадеъ ва санъати волои театр, инчунин  кормандони АМИТ «Ховар» низ ширкат варзида, аз тамошои он лаззати маънавӣ бардоштанд.

 

Февраль 8, 2018 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
«ҶИЛВАИ ЗАН — МОДАР ДАР ОЛАМИ РАНГҲО». Дар Осорхонаи миллӣ намоиши ҷашнӣ оғоз ёфт
Китоби «Истиқлолияти давлатӣ ва рушди давлатдории миллӣ» рӯнамоӣ гардид
Дар Бадахшон иқдоми «Тоҷикона мепӯшем!» оғоз гардид
Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард