Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон баргузор гардид

Февраль 12, 2018 15:29

ДУШАНБЕ, 12.02.2018/АМИТ «Ховар»/.  Ҳаҷми мубодилаи мол байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон соли сипаригардида  наздик ба 840 миллион долларро ташкил дод, ки дар қиёс нисбат  ба соли 2016 163 миллион доллар зиёд аст.  Ин матлаб имрӯз дар   ҷаласаи 14-уми  Комиссияи  байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории  иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар Душанбе доир гардид, иброз дошта шуд. Зикр шуд, ки аз ҳаҷми 838,9 миллион доллари табодули мол наздик ба 515 миллион доллар ба  воридот ва 324,3 миллион доллар ба содирот рост меояд.

Дар  ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ маҷмӯи масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон ва Қазоқистон матраҳ гардид.  Иштирокдорони ҷаласа, ки аз намояндагони  вазорату идораҳои марбутаи ҳар ду давлат иборат буданд, масъалаҳои  мубрами ҳамкории дуҷонибаро дар  бахшҳои  иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, фаъолияти бонкдорию  молиявӣ, нақлиёт, авиатсияи  гражданӣ, саноат, маориф ва илм, кишоварзӣ, муҳоҷират, обу энергетика,  ҳифзи муҳити зист, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва сайёҳӣ баррасӣ намуданд.

Комиссия ба тамоми  мақомоти давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидори  тарафҳо  тавсия дод, ки  ҷиҳати тақвияти ҳамкории мутақобила ва  фароҳам овардани фазои мусоид барои афзун гардонидани  мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон  тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон дар ҷаласа ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди  ҳамкории мутақобилан судмандро дар  бахши ҷалби сармоя, ташкили корхонаҳои муштарак, инчунин афзоиши иқтидори  ҳамкории самаранок, татбиқи лоиҳаҳои муштараки  дорои хусусияти иқтисодӣ ва сармоягузорӣ  матраҳ намуданд.

Интизор меравад, ки дар анҷоми ҷаласаи 14-уми  Комиссияи  байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории  иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон миёни корхонаю ширкатҳои ҳар ду давлат санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида шаванд.

 

 

Февраль 12, 2018 15:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон кишти картошка вусъат меёбад
Дар Душанбе ҷаласаи якуми Шурои миллии об баргузор гардид
Вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Подшоҳии Арабистони Саудӣ ҳамкориро рушд медиҳанд
Доир ба тақвияти рақамикунонии вазифаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи грантӣ ба имзо расид
Фонди Саудии Рушд барои маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон изҳори омодагӣ кард
Дар Риёз маблағгузории татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон баррасӣ гардид
Масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ дар Тоҷикистон бо ширкати «Acwa Power» дар Арабистони Саудӣ баррасӣ гардид
Вазири молияи Тоҷикистон дар конференсияи молиявии рушд дар шаҳри Риёз иштирок намуд
Тақвияти робитаҳои тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
«Захираҳои табиии Тоҷикистон дар соҳаи истихроҷи маъдан барои садсолаҳо кофӣ мебошанд», — бардошт аз форуми байналмилалӣ
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ. Дар Тоҷикистон беш аз 20 санади зиддикоррупсионӣ амал менамояд
Қоҳир Расулзода: «То соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар иқтисоди миллии Тоҷикистон то ба 30 фоиз мерасад»