Дар Душанбе Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ расман ифтитоҳ гардид

Февраль 3, 2018 20:00

ДУШАНБЕ, 03.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба оғози расмии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  имрӯз дар шаҳри Душанбе бо намоиш ва фурӯши молу маҳсулоти ҳунармандони тоҷик ифтитоҳ ёфт. Аз саросари Тоҷикистон онҳое, ки ба дӯхтани чакан, таҳияи атласу адрас, сабадбофию кулолгарӣ ва табақтарошию кордсозӣ, хуллас равнақу эҳёи ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, дар намоишгоҳ иштирок доштанд.

Пас аз тамошои ин гӯшаи тоҷикона маросими оғози расмии  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон бо суханронии Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода оғоз ёфт. Таъсиси ниҳоди алоҳидаи соҳавӣ, фароҳам овардани имтиёзҳои андозию гумрукӣ барои беҳтар намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва сода гардонидани низоми раводиди туристӣ- ҳамин имкониятҳо чанде аз тадбирҳое унвон шуданд, ки то ба имсол барои рушди бахши туризм аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ гардидаанд. Аммо давоми соли равон чунин имтиёзу тадбирҳо афзоиш хоҳанд ёфт. Зеро дар ин давра нақшаву ҳадафҳо барои рушди ду бахш- ҳам сайёҳиву ҳам ҳунарҳои мардумӣ ҷиддӣ мебошанд, иброз доштанд нотиқон.

Ба андешаи иштирокчиён, тадбирҳои то имрӯз амалигардида самараовар мебошанд. Зеро соли гузашта ташрифи сайёҳон нисбат ба соли 2016 қариб 25 фоиз афзудаасту дар раддабандии созмону ниҳодҳои байналмилалии туристӣ Тоҷикистон мавқеи худро хеле боло бурдааст. Ҳамин гуна заминаҳо метавонанд барои рушди сайёҳӣ мусоидат карда, талабот ба маҳсулоти дастии миллӣ афзоиш ёбад.

Зимни баромадҳои коршиносон ҳамзамон маълумот дода шуд, ки давоми сол зиёда аз 100 ҳамоишу чорабиниҳои сатҳи гуногун бо ҷалби ширкатҳи сайёҳӣ ва созмонҳои бонуфуз баргузор гардида,  барои тақвияти инфрасохтори бахши мазкур нақшаи махсуси корӣ таҳия гардидааст.  Иштирок дар намоишгоҳи байналмилалии «АТБ Берлин», «Интурмаркет»,  МИТТ Федератсияи Россия  ва Намоишгоҳи сайёҳии Корея-2018  аз шумули нақшаҳои байналмилалие дониста шуд, ки бояд давоми сол ба сомон расонида шаванд. Дар ҳамоиш ҳамчунин масъулини дигар вазорату идораҳо, ширкатҳои сайёҳӣ ва осорхонаву меҳмонхонаҳо иштирок намуданд.

 

 

 

Февраль 3, 2018 20:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд