Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Шоҳмансур Маркази рушди ҳунарҳои мардумӣ таъсис медиҳад

Февраль 28, 2018 09:24

ДУШАНБЕ, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе  маҷлиси навбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи мазкур баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар он раисони кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия, аъзои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва  раисони шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия иштирок намуданд.

«Дар маҷлиси мазкур масъалаҳои омӯзиши Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, омӯзиш ва дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон, ки аз суханронияшон дар маҷлиси навбатии Кумитаи ичроияи марказии ҲХДТ бармеоянд ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди омӯзишу баррасӣ қарор дода шуданд»,- иброз дошт муовини раис, роҳбари дастгоҳи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Иззатуллои Ҳабибзод.

«Имсол дар мамлакат Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Мо тасмим гирифтем, ки бахшида ба он дар назди Кумитаи ичроияи ҳизбии ноҳия Маркази рушди ҳунарҳои мардумӣ таъсис диҳем, то ки он барои ҷалби духтарони хонанишин ба касбомӯзӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани онҳо мусоидат намояд»,-гуфт И. Ҳабибзод.

Масъулин аз сиёсати пешгирифтаи имрӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву эктремистӣ ибрози андеша намуданд.

Дар маҷлис якчанд нафар ҷавонону бонувон ба узвияти ҲХДТ шомил шуда, ба иддае аз онҳо барои саҳми шоистаашон дар рушди бемайлони ҳизб ва дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои он ифтихорномаву сипосномаҳо супорида шуданд.

Февраль 28, 2018 09:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд