Кумитаи рушди сайёҳӣ: дар Тоҷикистон низоми мусоиди воридшавӣ ва будубоши сайёҳон амал мекунад
ДУШАНБЕ, 27.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба рушди сайёҳӣ, аз ҷумла, воридшавӣ ва будубоши сайёҳони хориҷӣ ислоҳоти муҳим роҳандозӣ шудааст.
Низоми электронии дастрас намудани раводид ҷорӣ гардида, аз 1 июни соли 2016 портали нав оид ба судури раводиди электронии «e-Visa» ба кор даромад.
Низоми раводиди электронии «e-Visa» ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла, сайёҳон иҷозат медиҳад, ки аризаи электрониро пур карда, бе ҳозиршавӣ дар муассисаҳои консулии Тоҷикистон дар хориҷа раводиди электрониро ба даст оранд.
Муҳлати эътибори раводиди электронӣ 90 рўз буда, дорандаи он метавонад пас аз ворид шудан 45 рўз дар қаламрави ҷумҳурӣ будубош намояд. Ҳамзамон сайёҳони хориҷӣ то 45 рўз аз бақайдгирӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ озод мебошанд.
Дар баробари ин, бо зиёда аз 80 давлати дунё низоми содаи раводид ҷорӣ гардида, шумораи давлатҳо боз ҳам афзоиш меёбад. Инчунин бо 11 давлат низоми бе раводид амал мекунад.
Хоҳишмандон раводиди худро тавассути почтаи электронӣ ва бо пардохт тариқи онлайн аз корти кредитӣ тавассути шабакаҳои электронии эътирофшудаи байналмилалӣ ба даст меоранд.
Ин омилҳо барои сайёҳони хориҷӣ ҷолиби диққат буда, ҷиҳати интихоб намудани Тоҷикистон барои сайру саёҳат мусоидат мекунанд. Низоми содаи раводид ё раводиди электронӣ, ташриф наовардан ба муассисаҳои консулӣ, будубоши бе қайд дар мақомоти дохилӣ имкон фароҳам меоранд, ки сайёҳ диққати худро танҳо ба саёҳат сафарбар намояд.
Бояд тазаккур дод, ки низоми мазкур ниҳоят пешқадам буда, дар минтақа авввалин шуда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда шудааст.
Тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ, низоми электронии раводиди Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба панҷгонаи беҳтарин ворид шудааст.








Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба радифи донишгоҳҳои беҳтарини ҷаҳон дохил гардид
Таҳкими ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ТИКА баррасӣ карда шуд
Соли 2025 табиати афсонавӣ ва чашмаҳои шифобахши Бадахшонро беш аз 51 ҳазор сайёҳ тамошо намуданд
Дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
BEST IN TRAVEL 2026. Тоҷикистон ба феҳристи «25 таҷрибаи беҳтарини сайёҳӣ дар соли 2026» ворид гардид
Дар ин рӯзи соли 2018 Тоҷикистон ба даҳгонаи беҳтарин кишварҳои сайёҳӣ дар ҷаҳон дохил шуд






