«ПАҲНОИ ХОТИРА». Таҳти ин ном дар нашриёти «Русская литература» китоби ёддоштҳои шореҳи АМИТ «Ховар» ба табъ расид

Февраль 16, 2018 14:55

ДУШАНБЕ, 16.02.2018 /АМИТ  «Ховар»/. Таҳти ҳамин унвон дар нашриёти «Русская литература» маҷмӯаи нави нависанда ва рӯзноманигор  Мансур Суруш аз чоп баромад. Дар он мақолаҳои солҳои охир интишорнамудаи муаллиф гирдоварӣ шудаанд.

Хонанда аз нигоштаҳои муаллиф бо авроқи ҷолиби ҳаёт ва эҷодиёти аҳли адабу ҳунар ошно мегардад. Китоб барои доираи васеи хонандагон пешниҳод мешавад.

 Дар зер пешгуфтори ин асар манзур мегардад. “Ба китоби худ пешгуфтор навиштан ҳам ҳунар аст, он аз муаллиф завқ, масъулият ва мӯъҷазбаёниро тақозо менамояд”- нигоштааст муаллиф. Биёед бубинем ӯ ин корро чӣ тавр ба ҷо овардааст.

Лайлу наҳор

 “…Аслан пешгуфтор ё худ муқаддима шабеҳи бонги муаззин аст, ки мардумро ба гузоридани намоз даъват менамояд. Ё ташбеҳи дигар: кас агар ба долоне ворид шаваду онро оростаю пероста ёбад, ба хона ҳам бо камоли майл ва табъи болида медарояд. Пешгуфтор ҳам бояд хонандаро водор созад, ки бетаъхир ба мутолиаи китоб шурӯъ намояд. Агар ин кор ба муаллиф даст диҳад, ӯ дар нимароҳи муваффақият аст.

Лекин дар ин ҷо овардани як панди ҳикматомези Расул Ғамзатовро аз “Доғистони ман” бамаврид мешуморем: “Ман одамеро бад мебинам, ки вақте қадаҳҳо лабрезанд, ӯ гапро дароз мекунад”.

Барои ҳамин ба сари мақсад меоем. Аз он даврае, ки Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудаму ба кори рӯзноманигорӣ шурӯъ кардам, ноаён чил сол гузаштааст. Фикр мекунам, таҷрибаи чилсола, ки баробари умри як ҷавонмард аст, барои ибрози андешаҳо дар бораи касбу ҳамкасбон имкон медиҳад.

Ман дар як қатор рӯзномаҳои мӯътабари мамлакат-ҳозира “Ҷумҳурият”, “Народная газета”, маҷаллаи “Тоҷикистон” ва ғайра фаъолият кардаам. Аз муҳаррирони аввалинам-Ибод Файзулло, Борис Пшеничний, дигар устодон ҳамеша ба некӣ ёд мебарам. Хабару мақолаҳоям дар нашрияҳои гуногун берун аз Тоҷикистон ҳам рӯи чопро медиданд.

Баъзеҳо ба ман суол медиҳанд, ки дар мактаби миёнаву донишгоҳ бо забони тоҷикӣ хонда, чӣ гуна рӯзноманигори зуллисонайн шудаам. Барои насли мо, ки дар замони шӯравӣ ба воя расидаасту забони русӣ забони фарогир буд, ин аҷобат надорад. Алалхусус барои ман, ки бачагию наврасиам дар шаҳраки сермиллати Вахш гузаштааст. Бешак, аз донистани забони русӣ ва дигар забонҳои ҷаҳонӣ кас фақат бурд мекунад. Суханони Аҷзиро ба ёд орем: “Агар сесад забон донӣ, фузун нест, ҳама рӯзе ба кор ояд, забун нест”.

Ҳарчанд ба ман шарафи тӯли солиёни зиёд дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардан насиб гардид, ман робитаро аз воситаҳои ахбори омма ҳеҷ гоҳ наканда будам, очерку мақолаҳоям пайваста чоп мешуданд. Эҳтимол бо дарназардошти ҳамин декабри соли 2003-юм, дар зодрӯзам ва нахустнамоиши спектакли “Халифа-Лаклак” аз рӯи пйесаи банда дар Театри давлатии русии драмавии ба номи В. Маяковский маро ба назди Роҳбари давлат даъват карданд. “Ман ҳамчун Раиси ҲХДТ туро сармуҳаррири рӯзномаи “Минбари халқ” таъйин кардам. Ман мехоҳам дар ин вазифа одаме бошад, ки ман ӯро медонаму ӯ медонад, ки ман чӣ мехоҳам”, — гуфтанд он кас. Дар давоми сеюмин соли кор дар нашрияи асосии ҲХДТ ин суханони Ҷаноби Олӣ дастурамали фаъолияти ман буданд. Аз он давра бисёр хотираҳои нек боқӣ мондаанд: ҳадафи асосии ман ин буд, ки нашрияи ҳизбро ба нашрияи умумимиллӣ табдил диҳем. Фикр мекунам, ки бо дастгирии ҳамкорони ботаҷрибаам-Бахтиёри Муртазо, Бобо Расулзода, Турғун Дадабоев, муаллифони фаъол Ҷонон Икромӣ, Карим Ҳасанов ва дигарон мо то андозае ба ин муваффақ шудем. Баъд маро боз ба дастгоҳ ба кор даъват карданду вақти хайрбод ман ба ҳамкорон сухани ҳикматомезеро, ки аз давраи Рими қадим то замони мо расидааст, ёдовар шудам: “Ҳарчӣ аз дастам омад, ман кардам, агар дигарон тавонанд, бигзор беҳтар кунанд”.

Дар вазифаи нав низ ҳамоно бо рӯзномаҳо ҳамкориро давом медодам. Ҳатто барои очерки портретии “Президенти мардумӣ” (дар ҳаммуаллифӣ бо доктори фанҳои фалсафа С. Фаттоҳзода) бори дуюм сазовори мукофоти Иттифоқи журналистон бо номи Абулқосим Лоҳутӣ гардидам.

Соли 2015-ум дар Анҷумани ҳаштумини нависандагони Тоҷикистон ман сармуҳаррири ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” интихоб гардидам. Ҳарчанд ман боз ба олами бароям ошно ва азиз ворид шудам, ин барои ман ҳам ифтихор ва ҳам масъулият буд. Зеро то ман дар ин вазифа адибони номдор-Аскар Ҳаким, Гулназар, Кароматуллоҳи Мирзо фаъолият карда буданд.

Вақте ин сатрҳоро менавиштам, чашмам ба тақвим афтод: 1 июли 2017. Инак расо ду сол аст, ки ман сармуҳаррири яке аз нашрияҳои Иттифоқи нависандагон ҳастам. Аз рӯзҳои аввал ман ба он кӯшидам, ки рӯзнома ҷавобгӯи унвони худ бошад: “Адабиёт ва санъат”. Доираи муаллифон ва мавзӯъҳоро васеъ намудем, ба жанрҳои мусоҳиба, портретҳои адабӣ, тақриз ва китобиёт аҳамияти бештар додем.

Ду соли меҳнати шабонарӯзӣ, бе танаффусу рухсатӣ. Ҳар касе ба журналистика сару кор дошта бошад, медонад, ки нони сармуҳаррирӣ сангин аст. Ба роҳ мондани фаъолияти рӯзнома, дарёфти мавзӯъҳо, интихоб ва ҷобаҷогузории матлабҳо, таҳрир, тарҷума, навбатдорӣ. Ба замми ин масъалаи обуна, иштирок дар ҷаласаҳои гуногун, қабули муаллифон, ки баъзеашон ба бузургии худ ягон шак надоранду зудранҷанд. Ба ёдам гоҳ суханони шодравон Борис Николаевич Пшеничний меоянд, ки боре гуфта буд: “Кори муҳаррирӣ он қадар вақтамро мегирад, ки ман ҳатто ивазшавии фаслҳои солро пайхас намекунам”. Воқеан ҳамин хел будааст. Лайлу наҳор якмаром ҳамдигарро иваз менамоянду пур шудани боз як солро эҳсос намекунӣ. Ман анъанаи Б. Пшеничнийро, ки мекӯшид, то бештар ба ҷавонон такя намояд, идома додам. Дар миёни ҳамкорони ман Толиби Луқмон, Мӯҳриддин Сабурӣ, Мафтуна ҳастанд, ки ҷавонони соҳибистеъдоду ҷӯяндаю навоваранд. Аз онҳо умеди мо калон аст.

Ҳарчанд барои навиштани асарҳои худ фурсат кам даст медиҳад, аммо дар миёни корҳои ҳамарӯза баъзе чизҳоро рӯи коғаз овардаам. Ростӣ, бештарини нигоштаҳоямро дар як маҷмӯа бо номи “Ёди ёрон, ёди одамҳои хуб” ҷо додам, ки ба он профессор Атахон Сайфуллоев пешгуфтор навиштаасту алъон дар дасти чоп аст. Бо вуҷуди он, навиштаҳоямро дар зарфи ду сол дар рӯзномаи “АС” варақгардон намуда, фикр кардам, ки шояд зери як муқова гирд овардани онҳо аз манфиат холӣ набошад. Дар ҳар сурат дар онҳо чеҳраҳои ҳамзамонони мо, инсонҳои наҷибу некирода инъикос ёфтаанд.

Хонандаи закӣ суханони Расул Ғамзатовро  “дар бораи одаме, ки гапро дароз мекунад”, дар ёд дорад. Бо вуҷуди ин дар хотима мехоҳам як чизи дигарро ёдовар шавам: Константин Симонов китоби очерку қайдҳои сафарӣ дорад бо номи “Остаюсь журналистом”, ки дар он таассуроташ аз сафараш ба Помир низ қаламдод шудааст.

Дар пайравии ин устоди забардасти сухан гуфтан мехоҳам:

“Ҳамеша журналист мемонам”.

1 июли соли 2017”.

P.S. Муаллиф ба қавли худ содиқ монд: ӯ даъвати роҳбарияти АМИТ “Ховар”-ро пазируфт ва ба идораи мо ба кор омад ва дар ин ҷо ҳоло ба ҳайси шореҳи адабӣ  фаъолият мекунад.

 

Февраль 16, 2018 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймоӣ ташкил намуданд
«Парчами Тоҷикистон дар қитъаи Антарктида». Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ китоби олими тоҷик ба нашр мерасад
Ғолибони Фестивал-озмуни «Вассофи-Ватан» қадрдонӣ гардиданд
Бозиҳои 18-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оғоз гардид
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Институти Гёте санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои синамои Беларус баргузор мегарданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Имрӯз дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
«ВАССОФИ ВАТАН». Пагоҳ дар кинотеатри «Ватан» 12 нафар ғолибони фестивал-озмун муайян мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
«ВАССОФИ ВАТАН». 22 ноябр ғолибони фестивал-озмун муайян ва қадрдонӣ мешаванд
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Беларус баргузор мегарданд