«САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ МУАРРИФОНИ ДАСТОВАРДҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГИИ МО ХОҲАНД БУД». Арзёбии муҳити сиёсию иҷтимоии ҷавонон дар партави равандҳои стратегии рушд

Февраль 16, 2018 16:55

ДУШАНБЕ, 16.02.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Бо дарназардошти мураккабшавии равандҳои байналмилаливу минтақавӣ, авҷ гирифтани ҷангҳои тамаддункуш, тавлиди хатарҳои навин дар рӯбарӯйи давлатҳои миллӣ ва бо маром туъмаи тарҳҳои стратегии давлатҳои абарқудрат қарор гирифтани қишри аслан ҷавони мамлакатҳо соли 2017 дар мамлакатамон Соли ҷавонон эълон гардида буд. Ин иқдоми саривақтиву муносиби роҳбарияти олии мамлакат дар тақвияти фазои имконот, тавсеаи паҳнои фаъолияти фикрию ҷисмонии ҷавонони ҷумҳурӣ, татбиқи сиёсати давлатӣ дар бобати дастгирии ҷавонон нақши назаррас иҷро намуд.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018-ро низ давоми мантиқии Соли ҷавонон метавон арзёбӣ намуд, зеро аз рӯйи моҳият ва мақсад барномаҳое, ки дар чаҳорчӯби ин иқдом бояд амалӣ карда шаванд, аксаран ба қишри ҷавони мамлакат нигаронида хоҳанд шуд. Аз ҷумла, такмили малакаи донистани забонҳои хориҷӣ, ки яке аз асосҳои хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ мебошад, муаррифии таъриху табиати мамлакат аз тариқи воситаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, интернет, пос доштани ҳунарҳои мардумӣ ва талош баҳри эҳёи рукнҳои азбайнрафтаи ин ҳунарҳо ва ғайра.

Дар ин ҷо як саволи мантиқӣ пайдо мешавад, ки чӣ иртиботе байни сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ  ҷой дорад, ки рушди ин соҳаҳо бо мазмуни масъалаҳои меҳварии  соли 2018 якҷо оварда шудааст?

Яке аз меъёрҳои асосие, ки зимни он сайёҳон давлати эҳтимолиро барои саёҳати худ муқаррар мекунанд, таърихи ин кишвар ва ҷолибияти офаридаҳои мардумии он мебошад. Аз ҷониби дигар, сайёҳони хориҷӣ «сафирон»-и дастовардҳо ва интиқолдиҳандагони бавоситаи тамаддуни моддию маънавии мо мебошанд. Зимнан, бидуни рушди ҳунарҳои мардумӣ таъмини самаранокии соҳаи туризм ва муваффақияти мамлакат дар ин самт ғайриимкон ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати мазкур худ ба ҷавонон талқин менамояд, ки ба ҳунарҳои мардумӣ  ва офаридаҳои таърихии миллати тоҷик набояд чун ба «нишонаи ақибмондагӣ», «дур рафтан аз равандҳои рушди муосир» назар кунанд, баръакс, мақом ва ҷойгоҳи худро ҳамчун ҳалқаи асосӣ дар занҷири интиқолдиҳандагони мероси ниёгон бояд боз ҳам дуруст бишиносанд. Аз ин нуктаҳо бармеояд, ки аҳамияти  таъсир ва ҳузури ҷисмониву маънавии ҷавонон дар ягон барнома ва раванди рушди давлатдорӣ сарфи назар нахоҳад шуд.

Тавре дар Паёми имсолаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст, «ғамхории Ҳукумат нисбат ба ҷавонон танҳо бо Соли ҷавонон маҳдуд намешавад. Баръакс, ҳалли масъалаҳои вобаста ба наврасону ҷавонон минбаъд низ самти муҳимтарини фаъолияти мо хоҳад буд».

Воқеан ҳам, сиёсати ҷавонон на як ҷузъи сиёсати мамлакат, балки фаротар аз он ба мазмуни пурраи сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст, зеро тибқи сарчашмаҳои оморӣ, бештар аз 70 дарсади аҳолии мамлакатро ҷавонон ташкил медиҳанд, ки ин худ ифодаи  мустақиман ба самти ҷавонон нигаронида шудани 70 дарсади сиёсати давлатӣ (сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ) мебошад.

Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи солҳои соҳибихтиёрӣ баробари давлати ҷавон буданаш ҳамзамон тавонист, ки худро ҳамчун давлати «ҷавонмарказ» муаррифӣ кунад. Аз як тараф, агар ҷанбаи демографӣ сиёсати ҷавононро воқеият бахшад, аз ҷониби дигар, воқеияти рушди ояндаи мамлакат ва равандҳои глобалӣ чун қишри стратегӣ муҳим будани ҷавононро ба мазмуни сиёсати давлатдорӣ ворид намуд.

Ҷавонони тоҷик дар марҳалаи ташаккули сиёсӣ қарор дошта, худамалисозӣ ва худмуайянкунии иҷтимоию сиёсии онҳо дар шароити шакливазкунии тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ амалӣ мешавад. Насли ҷавон мавқеъ ва мақоми сиёсии худро бо дарназардошти арзишҳои қишрӣ, идеалҳо, рамзҳо ва хусусиятҳои муосири рушди сиёсати давлатӣ равшан мекунад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки сиёсати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди низоми «ҳаво ва табиат» рушд мекунад, ки хубии яке аз хубии дигаре вобаста мебошад. Ҳавои форамро бе табиати хуб ва табиати хубро бе фазои мусоид тасаввур кардан ғайриимкон аст. Монанди он ки сиёсати пурсамарро бе ҷавонҳои созанда ва раванди рушди шахсии ҷавонҳоро бе фазои мусоиди сиёсӣ тасаввур кардан номумкин мебошад.

Раванди иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсии мамлакат марҳалаҳои хосро пушти сар намудааст. Аз як тараф, он ба давраи нави коркарди стратегияҳо ва барномаҳои сиёсати давлатии ҷавонон ва аз тарафи дигар, ба дараҷаи рушди фарҳанги сиёсии худи ҷавонон вобаста мебошад, ки ҳамчун шарти демократикунонии системаи сиёсӣ амал мекунад.

Дар баробари ҳама мушкилоти пешбурди сиёсати давлатӣ доир ба масъалаи ҷавонон, ҳамзамон зарфияти хосе низ дар ин самт ҷой дорад: ҷавонони ҷумҳурӣ на танҳо аз лиҳози синнусолӣ ба таърихи тавлиди фазои демократӣ ҳамсоланд, балки пояҳои демократия ва принсипҳои он баробар ба равиши шаклгирии афкори онҳо рушд меёбад. Яъне ҷавонон дар як вақт «истеъмолгарон» ва дар мавриди дигар ба ҳайси «истеҳсолкунандагон» — и фарҳанги демократӣ баромад мекунанд. Ин ҷиҳат масъалаи маҳви мафкураи моил ба арзишҳои низоми гузашта ва мушкилоти мутобиқат ба арзишҳои навинро аз байн мебарад.

Дар таҳтушшуури ҳар нафар зери ифодаи «ҷавон»  дорандаи бозуи қавӣ ва пурэнержӣ фаҳмида мешавад, вале на дар ҳама ҳолат хусусиятҳои синнусолӣ ба мафкура, ҷаҳонбинӣ ва мавқеи иҷтимоии ҷавонҳо мувофиқ мебошанд, ки ин номувофиқӣ дар мавқеъгирии ҷавонон ва интихоби рафтори муайяни сиёсии онҳо таъсири худро мерасонад. Аз ин рӯ, вобаста ба шакли рафтор ва хусусиятҳои ҷаҳонбиниашон ҷавононро ба чунин зергурӯҳҳо ҷудо намудан мумкин аст:

Якум, ҷавонони созанда. Ин гурӯҳи ҷавонон аксариятро ташкил намуда, бо дарки он ки танҳо бо неру ва фаъолияти худ муваффақияти шахсию касбӣ, моддию маънавиро соҳиб мешаванд, мушкилоти худро тариқи андӯхтани касбу дониш ва пайдо намудани сарчашмаи муносиби иқтисодӣ ҳал мекунанд. Манфиатҳои шахсӣ ва манфиатҳои миллӣ дар муносибат ва амалкардҳои ин гурӯҳ хеле ҳазмшуда буда, мавқеи шахсии онҳо нисбат ба масъалаҳои ҳаёт ва ҷомеа ҳамеша равшан аст.

Дуюм, динмеҳвар. Ба ин гурӯҳ ҷавононе шомил мебошанд, ки арзишҳои диниро дар фаъолияти худ асос қарор медиҳанд ва кӯшиш мекунанд ҳама гуна муносибатҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоиро бо арзишҳои динӣ муқоиса ва баҳогузорӣ кунанд. Ин гурӯҳи ҷавонон дар навбати худ ба ду зергурӯҳ ҷудо мешаванд:

а) ҷавононе, ки ба адои фариза ва суннатҳои динӣ амиқ ворид шуда, «мобайнии тиллоӣ»-ро ҳам дар муносибатҳои динӣ ва ҳам дар муносибатҳои дунявӣ пайдо кардаанд. Аз ин рӯ, ҳамеша муносибати таҳаммулгароёна доранд;

б) ин қабил ҷавонон назар ба он ки роҳи воқеии тақворо пеша кунанд, бештар пайи зоҳирсозӣ мекӯшанд, ба тариқи  фолбинӣ ва «муллогӣ», («муллошабеҳона») риёкорона Қуръонро ба таъбири Ҳофиз «доми тазвир» мекунанд ва ба ҷойи истифода аз дин онро суиистифода менамоянд. Дин дар як вақт ба сифати ҳам фоида ва ҳам воситаи заминасози ҳолати иқтисодию иҷтимоии онҳо баромад мекунад.

Сеюм, ормонгаро. Ин гурӯҳ ҳанӯз бо мафкураи гузашта зиндагӣ дошта, қариб ба имрӯз ва ояндаи ҳаёти ҷорӣ нигоҳи ноумедона доранд ва як навъ зиндагонии ормониро аз сар мегузаронанд. Вале набояд ба он бовар буд, ки ҳамаи шахсони ормонӣ инсонҳои муътадил ва барои ҷомеа бехавфанд, балки дар лаҳзаҳои муайян шавқу шӯри расидан ба ормонҳо ин гурӯҳи ҷавононро ба зиёдаравӣ (ифрот) такон хоҳад дод. Яъне, шахс аз пайи бароварда намудани ормони содаи худ ба амале метавонад даст занад, ки сабабгори хатари зиёди ҷамъиятӣ ва ҳатто давлатӣ гардад.

Чорум, ориз (шиквакунанда). Ин гурӯҳи ҷавонон ба дастоварду пешрафтҳо муносибати хунукназарона дошта, ба падидаҳо, воқеаҳо ва равандҳо аз дидгоҳи шиква назар мекунанд. Ҳолатҳои зиёдеро ба назар гирифтан мумкин аст, ки баҳогузории дараҷаи устувории сиёсат аз назари ҷавонон вобаста ба сатҳи иҷтимоии фардии худи онҳо анҷом дода мешавад. Яъне ҳолати иҷтимоии худро ҳамчун меъёр барои баҳогузории дараҷаи рушди давлат қарор медиҳанд. Дар натиҷа ин баҳогузорӣ миёни онҳо ҷанбаи субъективиро ба худ касб намуда, эҳтимолияти шаклгирии тарҳи нави рафторро то ба сатҳи ғайриосоишта эҷод менамояд. Ин мавқеъ миёни ҷавонон вақте пайдо мешавад, ки принсипи «сер хӯрдану қимат пӯшидан» дар зиндагии онҳо вайрон мешавад.

Панҷум, роҳгум. Гурӯҳи ҷавонони навмед, ки халои касбию эҷодӣ ва эътибори худро бо истифодаи маводи мухаддир пур намуда, зиндагии худро ба як навъ ҳаёти ҷиноӣ иваз мекунанд. Албатта, на ҳар нафаре, ки бо сабабҳои гуногун як муддат аз фаъолияти корӣ дур меафтад, вай раҳгумзада аст, балки ин гурӯҳ нафаронеро дар худ фаро мегирад, ки кӯшишҳои мавқеъсозиашон онҳоро на ба интихоби роҳи солим, балки ба кӯчаи амалҳои ҷиноӣ мекашад. Зикр намудан бамаврид аст, ки сабабҳои аслии ба гурӯҳу ҳаракатҳои ифротгароӣ шомил шудани ҷавонон маҳз ба чунин ҳолати шаклгирии хусусиятҳои фардию ҳаётии онҳо  вобаста мебошад.

Аз чунин зергурӯҳҳо иборат будани қишри ҷавонон баёнгари мураккабии назму низоми сиёсати ҷавононро нишон медиҳад. Яъне дар амалисозии сиёсати давлатии ҷавонон бояд ба ҳар гурӯҳ бо тарзи хос амал кард. Гурӯҳеро бояд ҳамеша дар канораш буд, дигареро дастгирии маънавӣ, сеюмиро кумаки моддӣ, чорумиро сафарбарнамоӣ, гурӯҳи дигарро ҳавасмандкунию раҳнамоӣ ва ғайра зарур меояд.

Ҷавонон табақае ба шумор мераванд, ки дар ростои ҳама гуна тағйироти ҷомеа аввалин шуда, таъсир мебинанд. Дар афкори тозаташаккулёфтаи онҳо ҳазм ё қабули моҳияти равандҳои ҷомеа бештар аз тариқи эҳсос ба вуқӯъ мепайвандад. Ҳамин тавр, дар ҷое, ки буҳрон ба вуҷуд меояд, қишри аз ҳама таъсирбин ва дар мавқеи ҳалли буҳрон қишри аз ҳама таъсиррасон мебошанд.

Новобаста аз он ки кӣ?, бо кадом сабаб? ва чӣ гуна? дар сатҳи яке аз он гурӯҳҳое, ки дар боло зикрашон рафт, ташаккул ёфтааст, ҳар ҷавон дар навбати худ мавқееро барои худ ҷустуҷӯ мекунад. Аммо бо дарназардошти анъанаҳои шарқиёнаи муносибатҳои оилавӣ ҷавонон ба раванди устувори мавқеъсозӣ хеле дер ворид мешаванд. Консепсияи классикии зиндагӣ ва фаъолияти як ҷавон маъмулан чунин аст: хатми мактаби миёна, хатми мактаби олӣ, пайдо намудани ҷойи кори муносиб, тарҳ ва ташкили оила… аммо дар навад дарсади ҳолат амалишавии ин консепсия бо такя ба кумакҳои волидону наздикон сурат мегирад. Инро метавон «Консепсияи такя ба наздикон» номид, ки дар айни рушду камолоти шахсии ҷавонҳо пайгирӣ мешавад. Дар чунин ҳолат тафаккури ҷавонон дар роҳи рушд аз қолаби тафаккури рушди оилавӣ боқӣ монда, расиши ин тафаккур то сарҳади ду унсури муҳими дигаре, ки дар пушти оила қарор дорад: ҷомеа ва давлат ба дарозо мекашад.

Тамоюли зикршуда миёни ҷавонон, ки дар мавриди худ ба сифати падидаи маъмули иҷтимоӣ баромад мекунад, на танҳо таъсири иҷтимоӣ дорад, балки ба раванди бомароми рушди татбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт таъсири худро мерасонад. Аз ин нуқтаи назар, таҳияи як навъ дастуруламали ҳаётии ҷавонон «Консепсияи мавқеъсозии (иҷтимоии) ҷавонон» муҳим дониста мешавад. Ин консепсия бояд дар кадом зинаи синнусолӣ ба кадом дараҷаи рушди шахсӣ омада расидани ҷавононро дар худ инъикос кунад, то ҳамчун раҳнамои синнусолӣ дар раванди мавқеъсозии ҷамъиятӣ ба ҷавонон мусоидат кунад. Шояд ба иҷро ва ё пайгирии муттасили он на ҳама ҷавон қодир мешавад, вале дар зершуури онҳо ин ақида мустаҳкам мешавад, ки аллакай як дараҷаи камолоти иҷтимоии худро бесамар истифода намудааст ва бояд даври дигарро хеле пурсамар истифода кунад. Яъне як навъ раванди рақобати нангу номус миёни ҷавонон барои пайдо намудани мавқеи арзанда ба вуҷуд хоҳад омад.

Дар шароити муосир беш аз ҳама истифодаи механизми «неруи ҷавон барои нерубахшии худи ҷавонҳо» аҳамияти тоза пайдо мекунад. Ин нукта дар вохӯрии Пешвои миллат бо ҷавонон (соли 1997) бештар аён мегардад: «…ҳеҷ кас монанди шумо моҳияти дигаргуниҳои сарнавиштсозро ба ҳамсолонатон беҳтар фаҳмонда наметавонад». Яъне таъсири психологии ҳамсол ба ҳамсол дар фарқ аз таъсири калонсол ба хурдсол хеле зиёд аст. Аз ин рӯ, фаъол намудани майдонҳои сиёсии ибтидоии ҷавонон: созмонҳои ҷавонон дар мактабҳои миёна, олӣ ва муассисаю идораҳои кишвар беш аз пеш рӯзмарра мегардад.

Танҳо дар чунин ҳолат шомилшавии ҷавонон ба ҳизбҳои сиёсии кишвар ҳам барои фаъолияти ҳизб ва ҳам барои рушди шуғли (карераи)  вай самараи дилхоҳ хоҳад дод. Ба ин тариқ, механизми таъмини муттасилияти иҷтимоишавии ҷавонон таъмин хоҳад шуд.

Таъмини муттасилияти иҷтимоишавии ҷавон на танҳо барои ташаккули ҷомеи солим, балки сараввал барои ақли солими худи вай муфид мебошад. Яъне кӯшишҳои заминавии аз наврас ва ё ҷавон субъекти фаъолсозӣ, хатарҳои ба «объект»-и гурӯҳҳои тундрав табдил ёфтани онҳоро аз байн хоҳад бурд. Зикр намудан ба маврид аст, ки яке аз асосҳои пайдоиши мафкураи ифротӣ миёни ҷавонон маҳз ба таъмин нашудани ҳамин муттасилият вобаста мебошад. Вақте як ҷавон дар синни 25 ифротгаро мешавад, таърихи ташаккули мафкураи ғалатро дар шууру афкори на ду ва ё ҳатто панҷ соли ҳаёту фаъолияти охири вай, балки дар 25 соли тарзи ҳаёту зиндагии ӯ бояд ҷуст ва ба чунин саволи равшан: «Чаро таърихи 20 соли ҳаёти ӯ дар набарди ҳаёти 5-солаи ӯ мағлуб шуд?»  ё  «Чаро муҳити оилавию мактабӣ ва ҷамъиятии 20-солаи ӯ дар ватан ба муҳити носолими ҳаёти панҷсолаи вай дар муҳоҷирати меҳнатӣ монеа нашуд?» кӯшиши пайдо намудани ҷавобро бояд кард.

Ҳамзамон бо дарназардошти хусусиятҳои рушди фарҳангии ҷавонон, марҳала ба марҳала васеъ гардидани паҳлуҳои сиёсати давлатии ҷавонон, мураккабшавии вазъи ҷаҳонӣ, муҳити сиёсию идеологӣ ва ҷанбаи стратегӣ пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон, омӯзиши фанни «Сиёсати давлатии ҷавонон» дар кафедраҳои ҷомеашиносии мактабҳои олӣ  аҳамияти хос пайдо мекунад.

Ҳамин тавр, хусусиятҳои иштироки ҷавонон дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ, омӯзиш ва танзими он, дар маҷмӯъ, баҳри рушди бештари сиёсати давлатӣ мусоидат намуда, роҳи ояндаи муваффақиятҳоро, новобаста аз монеаҳои субъективию объективӣ, барои Тоҷикистони соҳибистиқлол  боз хоҳад намуд.

Маъруф АБДУҶАББОРОВ,
сармутахассиси Раёсати таҳлил

ва ояндабинии  сиёсати дохилии

Маркази тадқиқоти стратегии

назди Президенти ҶТ

Февраль 16, 2018 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол 7203 сайёҳи хориҷӣ мавзеъҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлонро тамошо кардаанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Рӯзҳои сайёҳии Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Барои дарёфти Ҷоизаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сайёҳӣ қабули ҳуҷҷатҳо тамдид карда шуд
«TRAVEL HUB». Моҳи сентябр дар Душанбе намоишгоҳи сайёҳӣ доир мегардад
Дар шаҳри Минск иқтидори сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Маҷмааи фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» дари худро ба рӯйи сокинону сайёҳон боз намуд
Сайёҳон бештар ба тамошои ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мароқ зоҳир менамоянд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба сиёсати сайёҳӣ иштирок намуд
Дар Хуҷанд нуқтаи хизматрасонии шуъбаи милитсияи сайёҳӣ ифтитоҳ гардид
Дар шаҳри Гулистон Форуми байналмилалии сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ҷаласаи ҳайати мушовара доир гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ иштирок намуд