СИМУ ЗАР ПЕШИ ҲУНАР ЧИЗЕ НЕСТ. Зайналобиддин Додов барои ба наслҳои оянда мерос гузоштани касбҳои бобоӣ беш аз 20 шогирд ба воя расонидааст

Февраль 28, 2018 09:56

ТОҶИКОБОД, 28.02.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар замони ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ иқдоми саривақтист. Ин амал бори дигар ҷавонон ва наврасонро дар саросари мамлакат водор месозад, ки ба эҳёи мероси гузаштагон ва ҳунарҳои қадимӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоянд

Воқеан шахси ҳунарманд дар ҳама давру замон соҳиби обрӯву эътибори хосса мебошад. Зайналобиддин Додов яке аз ҳунармандони маъруфи ноҳияи Тоҷикобод мебошад, ки солҳои дароз бо ҳунари хеш ноҳияро дар сатҳи ҷумҳурӣ муаррифӣ менамояд. Бобои Зайналобиддин дар деҳаи Файзбори  ҷамоати Нушори ноҳияи Тоҷикобод зиндагӣ менамояд ва соҳиби 12 фарзанд мебошад. Ҳоло панҷ нафар писаронаш дар баробари касбҳои худ ҳамроҳи падари ҳунармандашон ба оҳангарию табақтарошӣ ва омода намудани дигар олоти қадимии мавриди ниёзи мардум аз чӯб  машғул ва давомдиҳандаи ҳунари волои падар ҳастанд.

Бобои Зайналобиддин мегӯяд, ки «ман дар замони Шӯравӣ муддати 40 сол ҳамчун тракторчӣ фаъолият кардам. Дар баробари ин ҳамеша пас аз кор ба табақтарошию оҳангарӣ, ки касби авлодиям мебошанд, машғул мешудам. Ман имрӯз шукрона менамоям, ки аз баракати сулҳу суботу оромие, ки бо ташаббуси Пешвои миллат ба даст омадааст, фарзандони ман ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафта, аз ҳисоби деҳқонӣ, чорводорӣ ва ҳунармандии хеш зиндагии осоишта доранд».

Зайналобиддин Додов солиёни дароз дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва ноҳиявӣ ширкат варзида, соҳиби ифтихорномаҳо гардидааст. Ӯ  ҳамчун тракторчии пешқадам, новобаста аз кори мушкили рӯзгор,  касбҳои  аз падару бобояш меросмондаро, ки имрӯз дархӯри ниёзи мардум мебошанд, идома медиҳад. Усто ба сохтани ашёи рӯзгор, аз қабили ҷевон, гаҳвора, лавҳҳои гуногун, табақ, қошуқ, дӯғкашак, наъли асп, теша, табар, каланд ва дигар намудҳои олоти кишоварзӣ машғул мебошад. Ба гуфти ин устои ҳунарманд, имрӯз сокинони ноҳияҳои минтақа ва ҷумҳурӣ бештар ба табақҳои гуногунҳаҷми аз чӯби чормағзу бед тарошидашуда ва қошуқҳои гуногуни чӯбию дӯғкашак талабот доранд. Маҳсулоти сохтаи ин ҳунарманд нисбат ба нархи бозор то 20 фоиз арзон дастраси муштариён мегарданд.

Бобои Зайналобиддин гуфт, ки «ҳунар сармояи гаронест, ки онро бо дороӣ, сарват ва симу зар иваз кардану харидан номумкин аст. Ҳунар инсонро бузургию шаҳомат бахшида, ӯро болидарӯҳ мегардонад. Ҳунар ба зиндагӣ зебоӣ мебахшад. Ҳамаи ҳунарҳо ҳангоми омӯзиш душворие доранд, ки касро баъзан дилгир месозанд, вале кам одамоне ёфт мешаванд, ки ин душвориҳоро паси сар намоянду ҳунарро ба пуррагӣ омӯзанд. Омӯхтани ҳар як ҳунар инсонро дар зиндагӣ  соҳибтаҷриба ва бузургдилу бообрӯ мегардонад. Яъне хунарманд коргоҳ намеҷӯяд ва  ба куҷое наравад, бо ҳунари дасти худ музд пайдо менамояд, ки ин боиси рӯзгузарониаш  мегардаду соҳибэҳтиром мешавад. Махсусан дар замони ҳозира, ки эҳтиёҷ ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба миён омадааст ва як идда ҷавонон ба хориҷи кишвар сафар мекунанд, қадри ҳунару ҳунармандон аз пештара бештар шудааст. Дар ин сафарҳо онҳоро бояд ҳунар ҳамроҳ бошад, то дар диёри бегона хор нагарданд».

Таваҷҷуҳи пайвастаи ҳукумати мамлакат ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳияҳо дар давраи соҳибистиқлолии мамлакат заминаи хубе барои эҳёи ҳунарҳои  дастӣ ва  касбҳои мардумӣ гардид. Имрӯзҳо марказҳои касбомӯзӣ дар шаҳру навоҳии мамлакат хеле фаъол гардида, курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ба роҳ монда шудаанд, ки мардум аз онҳо бояд самаранок истифода баранд. Бо дастгирии ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод ҳунармандон низ оҳиста-оҳиста ба соҳибкории хурду миёна машғул мешаванд.

Аз давраҳои қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандонаш шӯҳрат дошт. Ҳунарҳо бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич доранд ва ҳунармандони моҳир усулҳои бадеиву техникӣ, наққошиҳо, бофандагиву дӯзандагӣ, анъанаҳои касбӣ, нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намуда, ба шогирдон ва наслҳои оянда ба мерос мегузоштанд. Ин амал бевосита барои пешравии зиндагии онҳо мусоидат менамуд.

Хушбахтона, Зайналобиддин Додов яке устодонест, ки то ин замон барои ба наслҳои оянда нишон додану омӯзонидани касбҳои бобоии қариб аз миён рафта зиёда аз 20 нафар шогирдони асил ба воя расондааст.

Февраль 28, 2018 09:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид