Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн имкониятҳои нав фароҳам меорад

Февраль 6, 2018 14:05

ДУШАНБЕ, 06.02.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дар Паёми имсола Пешвои миллат соли 2018–ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Ин сол барои Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон имкониятҳои нав фароҳам меорад. Ин матлабро  ректори донишкада Ҷамшед Ғанизода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури доираи васеи рӯзноманигорон баён дошт.

Ба иттилои Ҷамшед Ғанизода, осори санъати рассомию ҳайкалтарошӣ, муҷассамавию ороишӣ, меъморию манзаравӣ, наққошӣ, заргарӣ кандакорӣ, бофандагӣ дар ҳамбастагӣ бо асолати миллии он омили муҳими ба Тоҷикистон ҷалб кардани сайёҳони хориҷӣ мешавад, ки донишҷӯёни донишкада аз чунин ҳунарҳо бархурдор ва соҳибтахассус мегарданд.

 «Соли 2017 донишкадаро бори нахуст 106 нафар хатм карда,  соҳиби дипломи маълумоти олӣ гардиданд. Феълан, ҳамаи онҳо, ба истиснои нафароне, ки идомаи таҳсилро қабул карданд, дар соҳаҳои мухталифи ҷомеа машғули коранд»,-иброз намуд ректори Донишкада.

Зикр гардид, ки ҷиҳати амалишавии таҳсилоти фосилавӣ дар Донишкада силсилатадбирҳои судманд ба сомон расидаанд. Аз ҷумла, васли лавозимоти муҳими техникии муосир, гузаронидани машғулиятҳо бо ҳайати омӯзгорону кормандон ва кашидани хатти Интернет дар тамоми сохторҳои Донишкада аз ин шуморанд.

Февраль 6, 2018 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Масато Канда бо имконоти таълимӣ ва инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд
Иқтидори сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «ITB Berlin 2026» муаррифӣ мегардад
Дар Машҳад имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Ховалинг – минтақаи сайёҳӣ. Соли 2025 ёдгориҳои таърихиву фарҳангии ноҳияро 73 ҳазору 90 сайёҳ тамошо кардааст
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Душанбе таҳти чунин унвон Фестивали гулҳо баргузор мегардад
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мегардад
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
Соли 2025 зиёда аз 1 миллион сайёҳон ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд
Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид
Рушди ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Британияи Кабир баррасӣ гардид