24 март-Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил
ДУШАНБЕ, 24.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 24 март дар саросари ҷаҳон, бо қарори Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории сил таҳти шиори «Дар мубориза бар зидди бемории сил муттаҳид мешавем» таҷлил мегардад. Ҳадаф аз гузаронидани ин рӯз пеш аз ҳама, баланд бардоштани савияи огоҳии аҳолӣ дар бораи паҳншавии глобалии ин беморӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди он мебошад. Бояд зикр кард, ки соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли омӯзиш дар ташхисгоҳ барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох (БК) ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Бемории сил (БС) аз инсон ба инсон тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои БС аз шахсони гирифтори БС ба ҳаво паҳн мешаванд. Барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст. Аз ин ҷост, ки паҳншавии ин беморӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
Мавриди зикр аст, ки дар Тоҷикистон низ бемории сил яке аз мушкилиҳои асосӣ ва самтҳои муҳими фаъолияти соҳаи тандурустии мамлакат маҳсуб мешавад. Дар ин самт бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра барномаҳои зиддисилӣ ба имзо расидаанд, ки «Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил» яке аз онҳо мебошад. Бояд гуфт, ки чорабиниҳои ин Барнома аз соли 2007 аҳолии ҷумҳуриро пурра фаро гирифтааст.
Бояд таъкид намуд, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи барномаҳои мазкур тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Дар робита ба ин мавзӯъ мухбири АМИТ «Ховар» бо мудири шуъбаи Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемориҳои сили шаҳри Душанбе, духтури силшинос Саодат ЮСУФОВА ҳамсуҳбат гардид.
«Бемории сил табобатшаванда ва пешгиришаванда аст, агар сари вақт ташхис гардида, таъиноти дурусти он ба роҳ монда шавад. Ин гуна беморон набояд ба худсарона ба табобат машғул шаванд ва бояд пайваста зери назорати табибон қарор гиранд. Ин беморӣ асосан ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва дигар системаҳои организми инсон асар мегузорад», — таъкид намуд Саодат Юсуфова.
Номбурда ҳамчунин зикр намуд, ки ба Беморхонаи шаҳрии кӯдаконаи бемориҳои сили шаҳри Душанбе аз тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кӯдакони сироятёфта барои табобат муроҷиат мекунанд. Дар соли сипаригашта дар беморхона 142 нафар кӯдакони мубталои бемории сил табобат гирифтанд, ки бештари онҳо аз ноҳияҳои дурдаст буданд. Бояд таъкид намуд, ки сабаби асосии ба ин беморӣ гирифтор шудани кӯдакон хунукназарона рафтор кардани волидайн нисбат ба ин беморӣ мебошад. Онҳо ҳангоми бемор шудани кӯдак ӯро худсарона муолиҷа мекунанду сари вақт ба духтурони минтақавӣ муроҷиат намекунанд. Пас аз ба ҳолати вазнин гирифтор шудани кӯдакон баъд ба духтур муроҷиат мекунанд. Аз ин рӯ, то ба беморхона омада расидан, аллакай ҳолати кӯдак вазнин мешавад.
«Алҳол дар беморхона 33 нафар кӯдак табобат мегиранд. Беморон тӯли ду моҳ дар беморхона бистарӣ гардида, дар ҳолати вазнин будани беморӣ табобати он то 6 моҳ идома меёбад. Дар беморхона беморон бо хӯроки гарм, ҳамчунин бо дорувориҳои зидди силӣ дар давоми табобат пурра таъмин мешаванд. Ҳамаи таъминот дар беморхона пурра ройгон ба роҳ монда шудааст»,- мегӯяд С.Юсуфова.
Хотиррасон менамоем, ки бемории сил табобатшаванда буда, ҳар як нафар дар сурати пайдо шудани нишонаҳои аввалини он бояд сари вақт ба беморхона ва табибон муроҷиат кунад. Донистан муҳим аст, ки сари вақт муроҷиат кардану табобати лозимаро гирифтан, паҳншавии онро пешгирӣ намуда, шумо ва атрофиёнро аз оқибатҳои нохуши он эмин медорад.
Худ ва наздиконатонро аз ин беморӣ эҳтиёт кунед!
Ибодат ДАВЛАТОВА,
АМИТ «Ховар»








Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд






