Эҳёи номҳои қадимии ҷуғрофӣ-замина барои таҳкими худшиносии миллӣ

Март 30, 2018 17:25

ДУШАНБЕ, 30.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар зарфи солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 мардуми Тоҷикистон  30 –солагияшро  дар  сатҳи баланд бо дастовардҳои бузург  таҷлил менамоянд, дар ҷумҳурӣ номи бархе аз маҳалҳои аҳолинишин -шаҳру ноҳияҳо, деҳоту шаҳракҳо  ва ҷамоатҳо тағйир дода шуданд. Ин тадбир дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, ки яке аз рукнҳои муҳими пояҳои давлатдорист, бо мақсади  татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», поку беолоиш нигоҳ доштани забони модарӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, эҳёи номҳои қадимаи ҷуғрофӣ, баланд бардоштани худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ,  тақвияти арзишҳои миллӣ дар шароити бунёди давлати миллӣ ва пос доштани хотираи неки шахсиятҳои барҷастаи миллат андешида шудааст.

Аз Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  ки  танҳо соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон номи  4 шаҳр, 7 ноҳия, 1 ҷамоати деҳот ва 65 деҳа  иваз карда шудаанд. Аз ҷумла,  бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соли 2016 шаҳри Қайроққум ба шаҳри Гулистон, шаҳри Чкалов ба шаҳри Бӯстон, ноҳияи Ғончӣ ба ноҳияи Деваштич, ноҳияи Ҳисор ба шаҳри  Ҳисор, ноҳияи Ҷиргатол ба Лахш, ноҳияи Ҷалолиддин Румӣ ба Ҷалолиддин Балхӣ, ноҳияи Ҷиликӯл ба Дӯстӣ, ноҳияи Қумсангир ба Ҷайҳун, ноҳияи Шӯрообод ба ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, ноҳияи Тавилдара ба Сангвор, обанбори Қайроққуми шаҳри Қайроққум ба  “Баҳри Тоҷик” иваз  карда шуданд.

Инчунин деҳаи Наймани ҷамоати деҳоти «Сурх»-и шаҳри Исфара ба деҳаи Сароб, деҳаи Ганҷбор-2 ба Шаҳдбор, деҳаи Гулрез-2 ба  Хуррамдеҳ, Эловар ба деҳаи Панҷдеҳ, деҳаи Гирдоб ба Сеоба, деҳаи Баракат ба деҳаи Сахиён, деҳаи Гулобод-2 ба Нурофар, деҳаи Ҷавонон-2 ба Бахтиёрон, деҳаи Кишоварз-2 ба Сароб, деҳаи Ҳуснобод-2 ба  Чашмасор, деҳаи Тиллои сафед ба Фахробод, деҳаи Адолат-1 ба Сафедоб, деҳаи Ҷангалобод-2 ба Боғистон, деҳаи Деҳқонобод-2 ба Қалъаи Гулистон, деҳаи Даҳана-1 ба Ҳакимон табдили ном карданд.

Ҳамзамон соли 2016 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон деҳоти Арали ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба номи Қадриддин Ғиёсов, деҳоти Сайёди ноҳияи Шаҳритус ба номи Талбак Садридддинов, деҳаи Қазоқи ноҳияи Панҷ ба деҳаи Кӯҳдомани деҳоти ба номи Кабут Сайфиддинов, деҳаи Хоҷа-Қучқор ба Чорсӯ, деҳаи Бурбулоқ ба Чашма, деҳаи Қирғиз ба  Ҳамдилон, деҳаи Кӯлдимон ба Кӯлдоман, деҳаи Бешқудуқ ба Навшод, шаҳраки Пролетар ба Меҳробод, деҳаи Қарақчиқум ба Ҷаҳонзеб табдили ном карданд. Ҳамзамон номи деҳоти Сари Осиёби ноҳияи Ховалинг ба деҳоти  ба номи Ғаффор Мирзо, шаҳраки Колхозободи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба шаҳраки Балх, деҳоти Туғаланги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба Ҳалевард, деҳаи Коминтерни деҳоти ба номи Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ба Кишоварзон, деҳаи ба номи Ленини деҳоти ба номи Калинини ноҳияи  Ҷалолиддин Балхӣ ба деҳаи Деҳқонобод, деҳаи Коммунизми деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ  ба деҳаи Саид Кароматулло, деҳаи НКВД-и деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ба деҳаи Чорбоғ, деҳаи Ленин-Юлии  деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ ба номи Абдулло, деҳаи Қизил-Тоҷикистони деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ  ба номи Асадулло, деҳаи ба номи Чапаеви деҳоти Навободи ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ  ба деҳаи Наврӯз, деҳаи Чаманбулоқи деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон ба деҳаи Чаманзор, деҳаи Камиши деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон ба Яккатут, деҳаи Утагани деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба Гулибодом, деҳаи Қулободи деҳоти Чоргули ноҳияи Ёвон ба Кӯлобод, деҳаи Қирғочаки деҳоти Обшорони ноҳияи Ёвон ба Анористон, деҳаи Тутбулоқи Сари Санги деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон ба Тутчашма табдили ном карданд.

Ҳамзамон бо Қарори  Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз моҳи майи соли 2015 деҳаи Перепадная ба деҳаи Шаршараи деҳоти Рӯдакӣ, деҳаи Сафедов ба Сафедоби деҳоти Рӯдакӣ, деҳаи Ленинград ба деҳаи Зархези деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, деҳаи 50-солагии Комсомол ба деҳаи Чорбоғи деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон, деҳаи 1-Май ба деҳаи Нурободи деҳоти Тоҷикобод,  деҳаи Қараланг ба деҳаи Деҳқонободи деҳоти Ваҳдат, деҳаи Қизилтумшуқ ба деҳаи Файзбахши деҳоти Ваҳдат, деҳаи Янгиобод ба деҳаи Истиқлоли деҳоти Ваҳдат, деҳаи Яккадин ба деҳаи Гулбоғи деҳоти Ваҳдат, деҳаи Қӯшқудуқ ба деҳаи Иттифоқи деҳоти Машъал, деҳаи Томчӣ ба деҳаи Лолазор, деҳаи Куйканак ба Меҳробод, деҳаи Қазоқон ба Пистазор, деҳаи Дунғизадир ба Баракат, деҳаи Қучқорбулоқ ба Офтобрӯя, деҳаи  Учбулоқ ба Сечашма, деҳаи Қарабодом ба Гулибодом, деҳаи Тераклитоғ ба Орзу, деҳаи Тошработ ба Дӯстӣ иваз карда шуданд.

Маврид ба зикр аст, ки 16 феврали соли равон дар иҷлосияи  чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён табдил дода шуд.  Ҳамзамон дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ номи шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук, номи деҳаи Қурбоншаҳиди  Ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод,  деҳаи Шота Руставелии Ҷамоати Ситораи сурхи ноҳияи Ёвон ба Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри Ҷамоати ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба Боғдара ва деҳаи Будинободи Ҷамоати ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳия Ёвон ба Зарриндашт табдил дода шуданд.

Марзия САИДЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Март 30, 2018 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Бо занону фаъолони ноҳияи Айнӣ оид ба пойдор нигоҳ доштани оилаҳо вохӯрӣ доир гардид
Ба сокинони шаҳри Турсунзода масъалаи танзими ҷашну маросим фаҳмонида шуд
Дар Австралия истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ барои наврасони то 16-сола манъ карда шуд
Дар Тоҷикистон лоиҳа оид ба таъмини микронутриентҳо ва иловаҳои витаминӣ ба инсон амалӣ мешавад
Ҷаласаи шашуми Шурои иттифоқҳои касабаи давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардид
Оид ба таҳкими ҳамкории бисёрҷониба дар самти муқовимат бо ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мухталифи хатарзо конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Ҳар сол дар баъзе мавзеъҳои Бадахшон то 150 ҳолати фаромадани тарма сабт мешавад
Дар Тоҷикистон ҷарроҳони чинӣ кӯдакону наврасонро аз ташхиси ройгон гузарониданд
Дар вилояти Хатлон давоми ду рӯз бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон беш аз 30 иншооти таъйиноти гуногун ифтитоҳ карда шуд
Тоҷикистон ва Амрико ҳамкориро дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ густариш медиҳанд