ФУТБОЛ: «Истиқлол» бори ҳафтум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард

Март 3, 2018 10:18

ДУШАНБЕ, 03.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Шоми дирӯз бозӣ барои дарёфти Суперҷоми Тоҷикистон дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор миёни дастаҳои футболи  «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд баргузор гардид.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд,  талоши бозингарони «Хуҷанд» дар қисми аввали дидор самараи дилхоҳ ба бор овард. Ҳамин буд, ки дар дақиқаи 17-уми бозӣ Фирдавс Чақалов ҳисоби дидорро боз намуд.  Дере нагузашта, лигионери африқоии дастаи «Хуҷанд» Агблей Ҷонс голи дуюмро таслими дарвозаи Никола Стошич намуда, тимашро бартарӣ дод. Аммо баъд аз сар додани ду гол ҳам  шогирдони Муҳсин Муҳаммадев дилсард нашуда, муборизаро барои пирӯзӣ идома доданд. Дар дақиқаҳои иловагии қисми аввали дидор бозингари дастаи  «Хуҷанд»,  Фирдавс Чақалов ғайричашмдошт тӯбро ба дарвозаи тими худ ворид сохт.  Дар нимаи дуюми дидор бозигарони «Истиқлол» бештар ташаббусро ба даст гирифтанд ва зуд зуд ҳамалаҳо созмон доданд, ки дар як ҳолат ҳамлагари ҷадиди дастаи футболи «Истиқлол» Миколай Зенко бо зарбаи сар голи ҷаҳоруми ин дидорро ба ҳадаф расониду таносубро баробар сохт. Бо ҳисоби 2:2 вақти асосии бозӣ ба поён расид. Баъд аз ин довари марказ ду қисми иловагӣ таъйин кард.  Аз ин имконият бозингарони «Истиқлол» беҳтару хубтар истифода намуда, голи тақдирсози ин дидорро ба ҳадаф расониданд. Нозим Бобоҷонов муаллифи ин голи ғалабаовар гардид.

Ҳамин тариқ   дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе маротибаи 7-ум барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид.

Март 3, 2018 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд