ИДОМАИ «ШОМИ ДӮСТӢ». Зимни тантанаҳои наврӯзӣ дар Самарқанд Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар бораи Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон бо меҳри зиёд сухан гуфт

Март 23, 2018 11:20

ДУШАНБЕ, 23.03.2018./АМИТ «Ховар»/. Як гурӯҳ зиёиёни вилояти Суғд дар тантанаҳои наврӯзӣ дар шаҳри Самарқанд ширкат намуданд. Ин тантанаҳо 21 март бо иштироки Президенти Ҷумҳурии  Ӯзбекистон  Шавкат Мирзиёев баргузор шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Консерти «Шоми дӯстӣ»-ро, ки ба шарафи меҳмонони тоҷик дар тарабхонаи «Хонатлас»-и шаҳри Самарқанд баргузор гардид, муовини раиси вилояти Самарқанд оид ба туризм, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Мӯнис Восиев оғоз бахшида, меҳмонони тоҷикро аз номи Шавкат Мирзиёев табрик гуфтааст. «Мардуми Самарқанд чун тамоми аҳолии Ӯзбекистон «Шоми дӯстӣ»-и Душанберо тамошо карданд ва ба ин воқеаи таърихӣ баҳои баланд дода, то ҳанӯз таҳти таъсири ин шодию нишот қарор доранд», — гуфтааст Мӯнис Восиев.

Аз номи намояндагони ҷониби Тоҷикистон ректори ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ба сухан баромада, мардуми Самарқандро ва кулли сокинони Ӯзбекистони бародарро бо фарорасии Иди байналмилалии Наврӯз шодбош гуфт.

«Наврӯзи имсола Наврӯзи таърихӣ ва созанда ба ҳисоб меравад, зеро бо ибтикори Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев таҳкими равобит байни халқҳои мо аз нав барқарор гардид. Ин тадбир имконият медиҳад, ки муносибатҳои дӯстонаи байни халқҳо боз ҳам тақвият пазируфта, ба хотири таъмини пешрафти соҳаҳои гуногуни илму маърифат мо бо аҳли зиё ҳамкории судмандро ба роҳ монем», — изҳор дошт ӯ.

Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод аз таърихи пайвандҳои маънавии байни ду халқ, аз ҷумла хизматҳои қофиласолори назми классикии тоҷик, устоди шоирони форсигӯй Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, ки дар рушди фарҳангу адабиёти тоҷикӣ ва мақоми давлатӣ касб намудани забони тоҷикӣ дар Самарқанду Бухоро хизматҳои беназир анҷом додааст, сухан гуфт.

Шеърхонии Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ, ҳунарнамоии аҳли фарҳангу ҳунари тоҷик Ҷӯрабек Муродов ва Насиба Узоқова сокинони Самарқанд ва меҳмонони ин шаҳри бостониро тасхир намуд.

21 март тантанаҳои Наврӯзӣ бо иштироки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Алишери Навоӣ ҷараён гирифт.

Ҳайати намояндагони вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо ҳайати зиёиёни узбек нахуст ҳамчун рамзи эҳтиром ба пояи муҷассамаи шоири бузурги тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ ва сардафтари адабиёти узбек Алишер Навоӣ гулдастаи тару тоза гузоштаанд.

Шавкат Мирзиёев зимни суханронии худ дар бораи хизматҳои Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон дар рушди муносибатҳои дуҷониба, ташаббусҳои чаҳонӣ, истиқболи бародарона ва гарми Сарвари давлати Тоҷикистон ва мардуми тоҷик бо меҳри зиёд сухан гуфт.

Намояндаи вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода паёми табрикии ҷониби Тоҷикистонро ба мардуми кишвари Ӯзбекистон расонида, аз номи аҳли зиёи Тоҷикистон ба сарвари ҳар ду давлат барои сиёсати созанда изҳори сипос намудааст.

Хотиррасон менамоем, ки моҳи феврали соли 2010 Маҷмаи умумии СММ 21-уми мартро Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълом дошта, аз тамоми давлатҳои узви Созмон даъват ба амал овард, ки ҳама кӯшиши худро баҳри густариши ин ҷашни бостонӣ дар кулли олам ба харҷ диҳанд.

Март 23, 2018 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

ТЕАТР — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Дар Душанбе шаш театри касбӣ фаъолият мекунад
7 НОЯБР- РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Театри миллии Тоҷикистон бо шароити ҷавобгӯ ба талаботи сатҳи ҷаҳонӣ бунёд гардида истодааст
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Осорхонаи миллӣ сайри осорхонавӣ ташкил гардид
Туҳфаи арзандаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Ёвон расид
Дар Вазорати фарҳанг бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ доир шуд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Нимаи дуюми моҳи ноябр даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ доир мегардад
Дар Душанбе оид ба саҳми Давлатманд Холов дар рушди санъати мусиқии тоҷик маҳфили адабӣ – фарҳангӣ доир шуд
Ба сокинони ноҳияи Данғара туҳфаи Пешвои миллат – «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ такдим мегардад
«ЛИБОСИ МИЛЛӢ – НИШОНИ ТАМАДДУН ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Дар шаҳри Норак фестивали ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон зиёда аз 100 ёдгориҳои таърихию меъмории нав бозёфт гардиданд
Намояндагони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Осорхонаи миллии адабиёти Озарбойҷонро тамошо карданд
Дар Кӯлоб таҳти унвони «Либоси миллӣ — оинаи тамаддун ва ҳуввияти миллӣ» фестивал доир шуд