Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ соли 2019 баргузор мегарданд

Март 16, 2018 18:16

ДУШАНБЕ, 16.03.2018 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Заробиддин Қосимӣ бо Мудири иҷроии Агентии кулли фарҳангии мамлакат Аҳмад ибни Фаҳд Алмазид мулоқот намуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили таҳким ва густариши робитаҳои фарҳангии миёни ду кишвар баррасӣ шуд. Таваҷҷуҳи зиёд ба баргузорсозии Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва Рӯзҳои фарҳангии Саудӣ дар Тоҷикистон зоҳир гардид.

Ду ҷониб ба тавофуқ расиданд, ки Рӯзҳои фарҳангии Саудӣ моҳҳои наздик дар Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ моҳи феврали соли 2019 баргузор карда шаванд.

 

Март 16, 2018 18:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд