СӮХТОРИ КЕМЕРОВО-САБАҚ БАРОИ МАРКАЗҲОИ САВДО. «Душанбе Мол» омодагии ҳамаҷонибаи худро ҳангоми сар задани сӯхтор баён дошт

Март 29, 2018 17:08

ДУШАНБЕ, 29.03.2018 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Маркази савдои «Ашан» («Душанбе Мол») амалиёти бонги хатари санҷишии сӯхтор ва ба макони амн кӯчонидани муштариён гузаронида шуд. Ин амалиёти санҷишӣ таҳти назорати комиссияи махсус иборат аз намояндагони мақомоти прокуратура ва хадамоти сӯхторхомӯшкунии шаҳри Душанбе сурат гирифт.

Тавре роҳбарияти Маркази савдои мазкур дар саҳифаи Фейсбукии худ иброз доштаанд, дар ин макон ҳамаи низомҳои бехатарӣ аз сӯхтор коршоям буда, таҳти назорат қарор доранд.

Ҳамчунин дар саҳифаи худ кормандони ин фурӯшгоҳ ба наздикону пайвандони дар Маркази савдои «Зимняя вишня»-и шаҳри Кемеровои Россия бар асари сӯхтор фавтида изҳори тасаллият намудаанд, ки ин ҳодисаи нохуш бояд барои ҳама гуна  марказҳои хизматрасонӣ дарси ибрат гардад.

Ба иттилои роҳбарият, дар ҳар як ошёнаи марказ чандин ҷевонҳои бехатарӣ аз сӯхтор вуҷуд дошта, дар ошёнаи 1-ум 5 адад, ошёнаи 2-юм — 6 адад, ошёнаи 3-юм (фудкорт) – 6 адад ва дар ошёнаи 4-ум 5 адад  роҳи баромад зимни сӯхтор сохта шудаанд.

«Дар ҳар кадоме аз мағозаҳо, кинотеатру минтақаҳои фудкорт, минтақаҳои умумӣ дастгоҳҳои сӯхторхомӯшкунӣ гузошта шудаанд. Инчунин дар назди зинапояҳои ҳар яке аз ошёнаҳо нақшаи кӯчонидан овехта шудааст»,-омадааст дар саҳифаи ин Марказ.

Март 29, 2018 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд