УСТОДОНИ САНЪАТИ ҶУМҲУРИИ ӮЗБЕКИСТОН БА ДУШАНБЕ ОМАДАНД!

Март 8, 2018 12:34

ДУШАНБЕ, 08.03.2018. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз тавассути хатсайри шабона ҳайати фарҳангӣ ва санъати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Душанбе ташриф овард. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода истиқбол гирифтанд. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

Ба ҳайати меҳмонон сарояндагон, навозандагон ва раққосони зиёди маъруфи Ӯзбекистони бародар, аз ҷумла Ҳунарпешагони халқии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шералӣ Ҷӯраев, Юлдуз Усмонова, Фаррух Зокиров, Озодбек Назарбеков, Бунёдбек Саидов ва дигарон шомил мебошанд.

Худи ҳамин рӯз ҳунармандон аллакай тамрини  муштаракро   оғоз намуданд. Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нимаи дуюми рӯзи 9 март дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» консерти пуршукӯҳи устодони санъати Тоҷикистону Ӯзбекистон таҳти унвони «Шоми дӯстӣ» баргузор мегардад. Дар ин консерт устодони санъати Тоҷикистон – Ҳунарпешаи халқии ИҶШС Ҷурабек Муродов, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Саидқул Билолов, Давлатманд Холов, инчунин Рустам Дуллоев, Нигина Амонқулова, ҳунармандони ансамбли давлатии «Шашмақом» ва дигарон низ  ҳунарнамоӣ мекунанд.

Дар консерт сарони ду давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев, инчунин аъзои ҳайати расмии Ӯзбекистон, аъзои ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон, намояндагони корпуси дипломатии дар шаҳри Душанбе аккредитатсияшуда ва аҳли ҷомеа иштирок менамоянд.

Фаррух Зокиров дар мусоҳибаи кӯтоҳе бо хабарнигори АМИТ «Ховар» хурсандии худро аз ин рӯйдод пинҳон намекард. «Хеле шод аз он ҳастам, ки муносибатҳо миёни кишварҳоямон наздиктар мешаванд ва табодул дар ҳамаи соҳаҳо  меафзояд. Мо бесаброна ин рӯзро интизор будем. Шахсан, ман Душанберо пазмон шудаам, зеро дер боз инҷо набудам. Шаҳри Душанбе тамоман ба таври  шинохтанашаванда  дигаргун шудааст!».

Ёдовар мешавем, ки соли 2000 Фаррух Зокиров ва Мардон Мавлонов бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардида буданд.

Март 8, 2018 12:34

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд