Дар шаҳри Самарқанд Бизнес-форуми доираҳои тиҷоратии вилоятҳои Суғду Самарқанд баргузор гардид

Апрель 23, 2018 10:04

ДУШАНБЕ, 23.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 20 апрели соли равон бо мақсади иштирок дар Рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон гурӯҳи калони намояндагони вилоят бо роҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода озими шаҳри Самарқанд шуданд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд, дар доираи  Рӯзҳои фарҳангии вилояти Суғд дар вилояти Самарқанд 21 апрел дар меҳмонхонаи “Регистон плаза” – и шаҳри Самарқанд бо иштироки доираҳои тиҷоратии ҳарду вилоят Бизнес – форум баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи Бизнес – форум Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев иштирок ва суханронӣ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки мақсади асосӣ аз ташкили Бизнес – форум густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва афзун намудани табодули молу маҳсулот миёни ҷонибҳо мебошад.

Дар рафти Бизнес – форум ба иштирокдорон дар бораи имкониятҳои иқтисодии ҳарду тараф, маҳсулоти истеҳсолшаванда ва имтиёзҳои мавҷуда ҷиҳати мубодилаи маҳсулот маълумот дода шуд.

Дар макони баргузории чорабинӣ маҳсулоти корхонаҳои саноатии вилояти Суғд ва намунаҳои ҳунарҳои миллӣ ба намоиш гузошта шуда, имкониятҳои иқтисодиву кишоварзии вилоят муаррифӣ карда шуд.

«Ҳамчунин 21 апрел ҳайати намояндагони вилояти Суғд аз Боғи фарҳангиву истироҳатии ба номи Алишер Навоии шаҳри Самарқанд боздид намудаанд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ҳамчун рамзи эҳтиром бар пояи муҷассамаи мутафаккирони тоҷику ӯзбек — Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ, ки дар ҳудуди боғ қомат афрохтааст, гулчанбар гузоштанд. Аҳли зиёи вилоятҳои Суғду Самарқанд аз эҷодиёти ин шоирони номвар, ки рамзи дӯстии мардумони тоҷику ӯзбек маҳсуб меёбанд, шеърҳо қироат намуданд», — омадааст дар хабари Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Инчунин дар ин рӯз намояндагони вилояти Суғд бо роҳбарии Раиси вилоят ба маҷмааи Ҳазрати Хизр ташриф оварда, оромгоҳи нахустин Президенти Ӯзбекистонро зиёрат намудаанд.

Иттилоъ дода мешавад, ки 21 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳамроҳии ҳокими вилояти Самарқанд Туробҷон Ҷӯраев ба ноҳияи Паст Дарғом ташриф оварда, бо фаъолияти гармхонаи “Паст Дарғом саховати” шинос шуд. Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки дар гармхонаи мазкур бо усули гидропоникӣ помидор истеҳсол ва асосан ба хориҷа содирот карда мешавад. Тасмим гирифта шуд, ки дар ҳамкорӣ бо роҳбарияти гармхонаи “Паст Дарғом саховати” дар вилояти Суғд чунин гармхонаҳо ташкил карда шавад.

Раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш аз корхонаи “СамАвто” дидан карда, бо ҷараёни истеҳсоли автобус ва автомашинаҳои боркаш шинос шуданд.

Апрель 23, 2018 10:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар соҳаҳои сармоягузорӣ ва иқтисод баррасӣ гардид
Татбиқи лоиҳаи «Азнавпайвастшавӣ ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ» баррасӣ гардид
Ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Дар ҷаласаи Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ чор лоиҳаи нав ба маблағи 82,5 миллион сомонӣ баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон хизматрасонии интернети моҳворавии Starlink расман оғоз гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо беш аз 2 миллиард сомонӣ ворид карда шуд
Соли 2025 дороиҳои «Амонатбонк» 11 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳояш 9,9 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба 176,9 миллиард сомонӣ баробар гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия 924,4 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуд
Соли 2025 ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 12 миллиарду 720,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 13 феврал дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба 10 миллиарду 740 миллион доллар расид