Хонандагоне, ки дар олимпиада сазовори 90-100 хол гаштанд, тариқи суҳбат ба муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ қабул карда мешаванд

Апрель 11, 2018 16:31

ДУШАНБЕ, 11.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.   700 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ   дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои таълимӣ, ки   дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби байналмилалии Президентӣ»-и шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, иштирок намуданд.

Тавре аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар олимпиада  хонандагон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок карданд.

Бино ба иттилои манбаъ, олимпиада ба таври тестӣ ва фаннӣ гузаронида шуд. Дар ҷамъбаст 87 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 93 нафар муҳассилини муассисаҳои таълимии шакли нав соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Хонандагони пешқадами таълимгоҳҳои шаҳри Душанбе бо ба даст овардани  60 ҷойи ифтихорӣ (17 медали тилло, 16 нуқра, 27 биринҷӣ), вилояти Суғд бо 55 ҷойи ифтихорӣ (9 медали тилло, 20 нуқра, 26 биринҷӣ), вилояти Хатлон бо 46 ҷойи ифтихорӣ (7 медали тилло, 22 нуқра, 17 биринҷӣ) соҳиби се ҷойи аввал гашта, намояндагони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба 19 ҷойи ифтихорӣ (2 медали тилло, 4 нуқра, 13 биринҷӣ) соҳиб шуданд.

Ба иттилои Вазорати мазкур, ба ғолибон тибқи Низомнома имтиёзҳо муқаррар шудааст. Ҳашт нафар хонандагоне, ки сазовори 90-100 хол гаштанд, тибқи талаботи банди 7.7 Низомномаи Олимпиадаи фаннии хонандагон дар сурати мувофиқат намудани фан ба ихтисос бо Тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи суҳбат ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар қабул карда мешаванд. Ба имтиҳони дар Маркази миллии тестӣ  супоридаи хонандагоне, ки сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 гаштанд, 100, 75, 50-холӣ илова карда мешавад. Ҳамчунин, 64 нафар хонандаи фаъол бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда шуданд.

Зикр гардид, ки дар байни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ноҳияи Сино (бо 29 медал), Фирдавсӣ (18 медал), Бобоҷон Ғафуров (17 медал), Данғара (15 медал), шаҳри Хуҷанд (11 медал) ва дар байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ МДТ «Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон»  (13 ҷой), МТХ литсей –интернати тоҷикию русии «Ҳотам ПВ» (5 ҷой), МДТ «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе (4 ҷой) соҳиби ҷойҳои аввал гаштанд.

Бояд гуфт, ки  иштироки мактаббачагон дар озмуну олимпиадаҳо зиёд гашта, сатҳи дониши хонандагон ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф, беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия боло рафтааст. Олимпиадаҳои фаннии гуногун, ки дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаронида мешаванд, ба дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон мусоидат мекунанд.

 

Апрель 11, 2018 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ масъалаи барҳамдиҳии ҳама гуна шаклҳои табъиз баррасӣ гардид
Чӣ боис шуд, ки лозури Деҳдал ин дафъа бо суръати баланд ҳаракат намуд?
БОХТАР — НАМУНАИ ШАҲРСОЗИИ МУОСИР. Эҳдо ба Рӯзи ҷаҳонии шаҳрҳо
«БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҲУНАРМАНД». Форуме, ки дар Кӯлоб оилаҳои ҳунармандро ҷамъ овард
Вазири адлияи Тоҷикистон дар Машварати 12-уми вазирони адлияи давлатҳои узви СҲШ иштирок намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ баррасӣ гардид
«НУРИ ИСТИҚЛОЛ». Драмаи Ҷумъа Қуддус дар озмуни ҷумҳуриявии драмнависон сазовори ҷой якум дониста шуд
Дар Кӯлоб Форуми ҷумҳуриявии «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» баргузор мегардад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
БЕМОРИИ ПӮСТ – ПСОРИАЗ. Оё он табобатшаванда аст?
Дар Тоҷикистон таъсиси Маркази тайёркунии муҳандисони лифт дар назар дошта шудааст
РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ БЕМОРИИ ИНСУЛТ. Чаро инсонҳо ба ин беморӣ гирифтор мешаванд?