ИЛМАТ БА АМАЛ ЧУ ЁР ГАРДАД… Дар Академияи илмҳо имрӯз Рӯзи илми тоҷик таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 13.04.2018 /.АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, ки ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, силсилачорабиниҳо баргузор гардиданд. Субҳи барвақт гурӯҳе аз олимони тоҷик ҳамчун эҳтиром дар пояи нимпайкараҳои олимони барҷастаи тоҷик С. Айнӣ, М. Турсунзода, Б. Ғафуров, С. У. Умаров, М. Осимӣ, Р. Баротов ва дигарон гулчанбарҳо гузоштанд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ аз рафти чорабиниҳо гузориш медиҳад:
Ҳамчунин, дар ин рӯз дар бинои Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон лавҳаи хотиравии геологи барҷаста, яке аз бунёдгузорони илми металлоген, нахустин президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон, академик Каниш Сатпаев, ки саҳми ӯ дар рушди илми геологияи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ калон аст, гузошта шуд. Дар маросими пардабарорӣ аз рӯи лавҳа роҳбарияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ва олимони тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов барои эҳтиром гузоштан ба фарзанди қазоқ ба Ҳукумати Тоҷикистон изҳори сипос намуда, зикр кард, ки ҳамкории Қазоқистону Тоҷикистон дар соҳаи илм минбаъд низ рушд хоҳад кард.
Сипас, бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони мамлакат дар толори Академияи илмҳо ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Ҷамъомадро ноиби президенти Академияи илмҳо, узви вобастаи Академияи илмҳо Абдусаттор Саидов ифтитоҳ намуда, иштирокдоронро бо Рӯзи илми тоҷик табрик намуд.
Зикр гардид, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани илми ватанӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдомоти зарурӣ бардошта истодааст. Ин ниҳоди илмӣ дар замони Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти худро дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ба роҳ монда, ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гардид. Беш аз 300 санади меъёрии ҳуқуқии муҳиме, ки дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба соҳаи илм ба тасвиб расиданд, ба пешрафти минбаъдаи илмиву техникӣ, такмили муассисаҳои илмӣ, маблағгузории тадқиқоти илмӣ, беҳтар намудани сатҳи зиндагии кормандони илмӣ ва амсоли инҳо равона гардиданд.
Олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи чанд соли охир корҳои илмию таҳқиқотиро аз рӯи 55 мавзӯи бунёдӣ ва 40 мавзӯи амалӣ идома дода, дар соҳаҳои мухталифи илм — математика, физика, астрофизика, зилзилашиносӣ, геология, гидроэнергетика, экология, биология, таърих, фалсафа, филология, шарқшиносӣ, иқтисодиёт ва демография натиҷаҳои назарраси илмӣ ба даст оварданд.
Инчунин гуфта шуд, ки дар ин давра коркардҳои зиёди илмӣ ва тавсияҳои илмии олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқ дар истеҳсолот пешниҳод гардиданд ва аксари онҳо дар муҳимтарин соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла, дар соҳаи кишоварзӣ, сохтмон, металлургия, саноати химиявӣ, техникаи ҳисоббарор, геология ва тиб татбиқи худро ёфта истодаанд.
Хамчунин, аъзои вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулҳақ Файзиев доир ба фаъолияти илмии академик К. Сатпаев ва Муҳаммадалии Музаффарӣ оид ба тафсири классикии илму меъёрҳои дониши илмӣ маърӯза намуданд.
Дар ҷамъомади тантанавӣ ба олимоне, ки соли 2018 соҳиби ҷоизаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи олимони барҷаста шудаанд ва олимоне, ки ба дастовардҳои назарраси илмӣ ноил гаштаанд, дипломҳо ва ифтихорномаҳо супорида шуданд. Тавре шоир гуфтааст:
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад…













«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд






