Нодира Ҳамроева, Ҳунарпешаи шоистаи Ӯзбекистон: «Интизор набудам, ки барои тамошои «Маликаи хуфта» мухлисони зиёди балет ташриф меоранд»

Апрель 30, 2018 12:13

ДУШАНБЕ, 30.04.2018 /АМИТ «Ховар»/.  «Интизор набудам, ки барои тамошои намоишнома мухлисони зиёди балет ташриф меоранд. Густаришу тақвият ёфтани муносиботи дӯстона байни давлатҳоямон имкон дод, то фарҳанг ва санъату ҳунари тоҷикону ӯзбекҳо дубора ба ҳам пайванд гарданд. Ин рӯйдоди фарҳангиву таърихӣ ба мо — ҳунармандон неру мебахшад ва имконият медиҳад, ки барои рушд кардани санъати балети ҳарду давлат кӯшиш ба харҷ диҳем» — чунин иброз дошт дар суҳбат бо  хабарнигори АМИТ «Ховар» Ҳунарпешаи  шоистаи Ӯзбекистон, солисти Театри калони давлатии академии ба номи Алишери Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нодира Ҳамроева баъд аз намоиши балети Пётр Илич Чайковский «Маликаи хуфта».   

Ёдовар мешавем, ки намоиши балети П. И. Чайковский «Маликаи хуфта» бо иштироки солистони Театри калони давлатии академии ба номи А. Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Ҳунарпешаи  шоистаи Ӯзбекистон Нодира Ҳамроева ва солисти балети театри мазкур Улуғбек Олимов бегоҳии 28 апрели соли равон дар  Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ манзури ҳаводорони ин намуди санъат гардид.

Намоиш бо ташаббуси роҳбарияти Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ва бо мақсади амалӣ намудани созишномаи ҳамкории фарҳангӣ байни Тоҷикистону Ӯзбекистон, инчунин шинос намудани аҳли санъат ва тамошобини тоҷик бо ҳунарпешагони варзидаи ӯзбек ташкил карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки Ҳунарпешаи Театри калони давлатии академии ба номи Алишери Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нодира Ҳамроева аввалин парастуи (ласточка) балети ин давлат аст, ки дар саҳнаи театри тоҷик бо бинанда рӯ ба рӯ мешавад. Ӯ дар доираи созишномаи ҳамкории фарҳангӣ миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон барои иҷрои нақши марказӣ дар балети «Маликаи хуфта» ба Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват шуд. Дар намоиш ҳамчунин донишҷӯёни Коллеҷи хореографии ба номи Малика Собирова ҳунарнамоӣ карданд.

Апрель 30, 2018 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд