«ПОБАРҶО ВА УСТУВОР БИИСТЕМ!». Дар ҳошияи Паёми табрикии Пешвои миллат

Апрель 14, 2018 14:21

ДУШАНБЕ, 14.04.2018. /АМИТ «Ховар»/. Тавре хабар додем, имрўз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон олимону донишмандони кишварро бахшида ба иди касбиашон – Рўзи илми тоҷик ва 140-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон, аввалин Президенти Академияи илмҳои мамлакат устод Садриддин Айнӣ табрику муборакбод намуданд.

 Дар Паёми табрикии худ Пешвои миллат  чунин таъкид  намуданд: «Хидматҳои устод Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих, ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори ў ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад. Умедворам, ки ҷашни ин шахсияти барҷастаи миллат ва омўзиши ҳарчи бештари осори ў минбаъд низ ба тақвияти ифтихори ватандорӣ ва ҳисси худогоҳиву худшиносии халқи тоҷик мусоидат мекунад».

 Имрӯз номзади илми филология   Сайрам БАҚОЗОДА дар ҳошияи Паёми Сарвари давлат андешаҳои шахсиашро чунин баён дошт:  

Тоҷикон, замоне ки дар муқобили таҳоҷуми бегонагон истодагарӣ мекарданд, аҳолии дигар мамлакатҳои аз ҷониби арабҳо фатҳшуда, ба монанди Байнаннаҳрайн, Шом, Фаластин, Миср ва Шимоли Африқо дар муқобили забони арабӣ забони худро тадриҷан  аз даст доданд. Вале гузаштагони мо баъд аз он ки ба тобеияти арабҳо даромада буданд, забони худро ҳифз карданд  ва дар амон нигоҳ доштанд. Ҳатто, ҳамчунон ки таърих гувоҳӣ медиҳад, мардуми Бухоро ҷиҳати ҳифзи забон ва алоқае, ки ба забони модариашон доштанд, дар оғози ғалабаи ислом бо ин шарт ин динро қабул карданд, ки  дар намоз «Қуръон» — ро ба тоҷикӣ бихонанд!

Муҳаққиқон яке аз омилҳои дар муқобили таҳоҷуми бегонагон зинда мондани ҳувияти миллии тоҷиконро ба он вобаста медонанд, ки миллати мо то ҳуҷуми аъроб давлат ва истиқлоли муайян дошт.

Чунон  ки ишора шуд, омили дигар ҳифз ва эҳёи эҳсосоти қавмӣ    ва  ҳаракатҳои миллӣ буд.  “Туғёни Хотуни Бухоро, ки  ба  ҳамроҳии Хоқони турк бар араб шӯрид”, намунаи аввалини ҳаракатҳои истиқлолхоҳии мардуми мо будааст.  Иқдоми Абумуслими Хуросониро алайҳи банни Умия муҳаққиқон  намунаи дигари ҳаракати миллии  мо донистаанд. Қиёмҳои Синдбод ва Муқаннаъ низ моҳияти миллӣ доштанд. «Исёни Муқанаъ»-и устод Айнӣ бар ин маънӣ далолат мекуунад.

Яъқуби Лайс аз муҳимтарин пешвоёни ҳаракатҳои миллист, ки бо такя ба қудрати айёрон тавонист бо зӯри шамшер ҳукумати миллиро барқарор кунад.

Муборизаи рӯшанфикрони тоҷик дар солҳои бист низ барои ҳифз ва эҳёи забони тоҷикӣ ба наҳве идомаи ҳамон ҳаракатҳои миллиест, ки баъд аз истилои араб дар роҳи ҳифзи ҳувияти миллӣ зуҳур кардаанд.  Ва боз ҳам зиндагиномаи устод Айнӣ  бар ин гувоҳӣ медиҳад.  Ва ин ҳама  далели он аст, ки шинохти миллат дар шахсияти фарзандони асили миллат ҷойгоҳи асосӣ доштааст.

Агар бунёди шахсияти фарҳангӣ поя бар унсури худӣ надошта бошад, эҳтимоли  зуҳури бегонапарастӣ, худфурӯшӣ  ва ватанфурӯшӣ  дар миён аст, ки фарҷоми он худношиносист.

Дар ин замина суол ин аст: чаро дар душвортарин давраҳои  таърих  фарзандони миллат ба миллати худ хиёнат ва  дурӯягӣ  мекунанд? Ба андешаи мо, заминаи миллӣ дар бинои ҳастии ин гуна афрод устувор нест, бинобар ин ҳам дар лаҳзаҳои душвор онҳо майл ба бетафовутӣ ё бегонапарастӣ ва ё корҳои дигар мекунанд.

Агар фазои фарҳанги миллӣ мукаммал бошад, шахсияти фарҳангии устувор  ва солимандеша  ба воя мерасад. Мутаассифона, солҳои бист ё сӣ азбаски миллати мо дар фазои мукаммал ва ягонаи фарҳангӣ зиндагӣ  намекард, баъзе аз фарзандонаш ба осонӣ “гӯли аҷониб” хӯрданд. Ин муҳит шахсиятҳои «дубаҳраеро» (аз таърих номи онҳо бароямон шинос аст ва ин ҷо такрор намекунем) ба майдон овард, ки қисме  аз фаъолиятҳои онҳо нанги миллат ва таъриханд.

Ҳодисаҳои гароиш ба динҳои дигар ва пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ намунаи чунин ҳодисаи номатлуб дар таърихи навини тоҷикон аст.

Таблиғгароне, ки ҳаммиллатони моро бероҳа мекунанд, пеш аз ҳама, ғаразҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ доранд. Онҳо мехоҳанд ҳавзаи  нуфузашонро  вусъат  бахшанд. Ҳадафи бештарашон миллати моро аз дарун пора кардан аст. Таърихи ду асри охири миллати мо гувоҳ аст, ки таблиғгарони хориҷӣ барои манфиатҳояшон шахсиятҳои ҷудогонаи миллӣ ва ормонҳои дарозумри тоҷиконро қурбони нафс ва ҳадафҳои ҷаҳонхориашон кардаанд.

Пешвои муаззами миллат  Эмомалӣ Раҳмон барҳақ иброз доштаанд:

“Мо Ватан дорем, миллати сарбаланд дорем, имон дорем. Қадри ин неъмат бояд донист. Бояд дар ёд дошт, ки Миллат, Ватан, Имон  ивазнопазир аст. Меҳан, Миллат, Дину Диёнат мафҳумҳои муқаддасанд, ки ба чизе,  ба волотарин арзише наметавон иваз кард. Зарур аст, ки бар сари онҳо побарҷо ва устувор биистем”.

Апрель 14, 2018 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Федератсияи Русия ҳамкориро тақвият медиҳанд
Сокинони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт соҳиби туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ шуданд
Олимони ҷавони тоҷик дар машғулияти Мактаби байналмилалии тобистонаи Узбекистон иштирок доранд
Намоиши «Олами гулдӯзии тоҷикон» дар Осорхонаи миллии қолинҳои Озарбойҷон доир мегардад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Аз 25 то 30 сентябр даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мешавад
Дар нашриёти «Эр Граф» «Фарҳанги тафсирии истилоҳоти осорхонашиносӣ» аз чоп баромад
Оид ба омӯзиши таърих ва тамаддуни халқи тоҷик дар замони соҳибистиқлолӣ конфронси илмӣ баргузор гардид
ТУҲФАИ АРЗАНДАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Тақдими китоби «Шоҳнома» ба беш аз 48 ҳазор оилаи шаҳри Ҳисор оғоз шуд
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ моҳи сентябр оғоз мегардад
Дар остонаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ китоби «Корномаҳои ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат» аз чоп баромад
«Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ бузургтарин мактаб дар тарбияи худшиносии миллӣ мебошад
Муовини Сарвазири Беларус дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху фарҳанги тоҷикон шинос гардид