Россия ва Тоҷикистон маҳдудиятҳои дуҷонибаро барои ширкатҳои ҳавоӣ бекор карданд

Апрель 4, 2018 18:56

ДУШАНБЕ, 04.04.2018./АМИТ «Ховар»/. Россия ва Тоҷикистон маҳдудиятҳои дуҷонибаеро, ки қаблан барои ширкатҳои ҳавоии ин ду кишвар ҷорӣ шуда буданд, бекор карданд. Дар ин бора «РИА Новости» дар истинод ба намояндаи Вазорати нақлиёти Россия хабар медиҳад.

Рӯзи чоршанбе дар Москва гуфтушунидҳои мақомоти авиатсионии Россия ва Тоҷикистон доир гардиданд.

«Ҳайатҳо доир ба иқдомҳои муштараки минбаъда дар самти рушди алоқаҳои ҳавоӣ миёни Россия ва Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд. Ҷонибҳо парвозҳои таъйиншудаи ширкатҳоро дар доираи ҷадвали зимистонаи 2017-2018 тасдиқ намуданд. Ҳамаи маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда, аз ҷумла, онҳое, ки эълон шуда буданд, бекор карда шуданд»,- изҳор доштанд дар мақомот.

Мақомоти авиатсионии Федератсияи Россия эълон карда буд, ки илова ба маҳдудиятҳои ҷоришуда аз 5 апрел иҷозатномаашро ба чанд хатсайри шаҳрҳои Россия барои ширкатҳои ҳавоии «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр»-и Тоҷикистон бозпас мегирад.

Дар баробари ин, дар ҷадвали тобистона чор хатсайри нав, аз ҷумла, Перм-Душанбе, Жуковский-Кӯлоб, Челябинск-Хуҷанд ва Краснодар-Хуҷанд илова мешаванд.

Инчунин иштирокдорони гуфтушунидҳо афзоиши ҳаҷми мусофиркашониро миёни ду кишвар зикр намудаанд, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2017 он 14 фоизро ташкил додааст.

Маврид ба зикр аст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон минбаъд метавонанд тавассути ҳамаи хатсайрҳои ҳавоӣ ба шаҳрҳои Федератсияи Россия сафар намоянд.

Апрель 4, 2018 18:56

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд