САДРИДДИН АЙНӢ: «ТО ЗИНДААМ ДАР АДОИ ИН ВАЗИФАИ МУҚАДДАС ХИЗМАТ МЕКУНАМ…» Нутқи нависандаи забардасти тоҷик дар Конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, шунида шуд

Апрель 14, 2018 12:25

ДУШАНБЕ, 14.04.2018 /.АМИТ «Ховар»/. «…Ваъда медиҳам, ки то зиндаам ва ба қадре, ки метавонам дар адои ин вазифаи муқаддас хизмат мекунам…», — чунин  садо дод зимни шунидани нутқи устод Айнӣ дар оғози конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ, ки имрӯз таҳти унвони «Устод Айнӣ ва илму адабу фарҳанг» бахшида ба 140-солагии асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод Садриддин Айнӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. «Устод «вазифаи муқаддас» гуфта, хизмат ба миллати азизи худ – миллати тоҷик ва таъриху илму адабиёту фарҳанги ӯро дар назар дошт. Ва дар тӯли ҳаёт ва фаъолияти серҷабҳаи худ ба ин ваъдаи додааш вафо кард», —  нигоштааст хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда АНВАРӢ, ки дар ин конференсия ширкат намуд.

Дар оғози конференсияи байналмилалӣ Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аҳли илму адабро бахшида ба солгарди асосгузори адабиёти муосири тоҷик устод С. Айнӣ табрик гуфта, Паёми табрикотии Пешвои миллатро ба аҳли нишаст қироат намуд.

Дар Паёми табрикотӣ, аз ҷумла, таъкид гардидааст: «Хизматҳои устод Айнӣ на танҳо дар рушди адабиёти тоҷик, балки дар пешрафти илмҳои адабиётшиносӣ, таърих, ҷомеашиносӣ низ беназир буда, осори ӯ ганҷинаи бебаҳои маънавии миллати тоҷик мебошад. Умедворам, ки ҷашни ин шахсияти барҷастаи миллат ва омӯзиши ҳарчи бештари осори ӯ минбаъд низ ба тақвияти ифтихори ватандорӣ ва ҳисси худогоҳиву худшиносии халқи тоҷик мусоидат мекунад».

Мавриди зикр аст, ки ҳамоиши илмӣ бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти АИ ҶТ   ташкил гардида, дар кори он наздикони устод Айнӣ, олимон, адибон, айнишиносон, роҳбарону намояндагони сохторҳои илмию таълимӣ ва донишмандону муҳаққиқон аз дохилу хориҷи мамлакат, аз ҷумла, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Франсия иштирок ва  доир ба саҳми устод Айнӣ дар равобити адабӣ, мавқеи асарҳои устод Айнӣ дар ҷомеа ва  ҷойгоҳи андешаи ӯ дар адабиёт маърӯзаҳо қироат намуданд.

Зимни  маърӯзаву суханрониҳо зикр гардид, ки барои ҳар як фарди бедордил мақом ва мартабаи устод Айнӣ ва нақши беандозаи ӯ бисёр бузург мебошад. Устод Айнӣ тавонист, ки дар тӯли фаъолияти худ Тоҷикистон ва тоҷиконро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд ва ба хотири ҳастии халқи тоҷик ва таъсис ёфтани Ҷумҳурии Шӯравии  Сотсиалистии Тоҷикистон нақши бузурги худро гузорад. Бешак, «Намунаи адабиёти тоҷик» шаҳодатномаи халқи тоҷик мебошад, ки тавассути ин асари безавол ва ниҳоят арзишманд  тоҷикон тавонистанд, ки ҳастӣ ва ҳуввияти хешро ҳифз намоянд ва барои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ замина фароҳам оранд.

Конференсия аз се бахш иборат буда, бахши аввал ба адабиётшиносӣ, дуюм ба забоншиносӣ ва бахши сеюм ба арзишҳои миллӣ ва масъалаҳои таълиму тадрис бахшида шуданд, ки дар онҳо  наздики 80 маърӯза аз ҷониби иштирокдорон дар мавзӯъҳои «Мақоми «Намунаи адабиёти тоҷик»-и устод Садриддин Айнӣ дар ҳифзу ҳимояи манфиатҳои миллати тоҷик», «Проблемаҳои муҳим ва мубрами айнишиносӣ», «Мақоми шеър дар шахсият ва эҷодиёти Айнӣ», «Садриддин Айнӣ — рӯзноманигори    равшанфикр ва оташнафас», «Симои устод Айнӣ дар таълифоти Сотим Улуғзода», «Ҷойгоҳи устод Садриддин Айнӣ дар ҷомеаи Қирғизистон», «Садриддин Айнӣ дар мактаби адабии Ҳинд», «Забони тоҷикӣ ва қудрати баёни устод Айнӣ» ва ғайраҳо шунида шуд.

Апрель 14, 2018 12:25

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд