Тоҷикистон ба Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 09.04.2018 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дар радифи Қирғизистон, Миср, Марокаш ва Тунис ба Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (Global Textiles and Clothing programme — GTEX) ворид гардид, ки маблағгузораш Ҳукумати Швейсария ва иҷрогараш Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) мебошанд.
Ҷиҳати муаррифии барномаи GTEX ба ниҳодҳои давлатию бахши хусусии Тоҷикистон ҳамоҳангсози барномаҳои МТБ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Армен Заргарян 9 апрел ба Душанбе омад. Интизор меравад, ки Армен Заргарян зимни сафараш, ки то 14 апрел идома меёбад, чорабиниҳо ва бахшҳои калидии барнома, механизм ва равишҳои иҷрои онро бо ҳамкорон аз ниҳодҳои марбутаи давлатӣ, бахши хусусӣ ва созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ кунад. Барномаи нави чаҳорсола, ки барои солҳои 2018-2021 тарҳрезӣ шудааст, мақсад дорад, ки содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ аз Тоҷикистонро боло барад ва ба ин восита дар кишвар ҷойҳои нави корӣ ва имконияти дарёфти даромад барои тамоми соҳа фароҳам орад. Барномаи мазкур ба кишварҳои интихобшуда ҷиҳати роҳандозии тиҷорати рақобатпазиру устувор ва ҷойҳои корӣ, махсусан барои занону ҷавонон шароит фароҳам меорад.
Мавриди зикр аст, ки соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ яке аз соҳаҳои калидӣ ва ояндадори содиротӣ дар иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мегардад. Аз нигоҳи ҳаҷми содирот бо шумули содироти нахи пахта ин соҳа дар мақоми дуюм қарор дорад. Бо вуҷуде, ки феълан Тоҷикистон тақрибан 90%-и нахи пахтаашро ҳар сол содир мекунад, ҷумҳурӣ ҷиҳати бунёди занҷираи комили коркарди ашёи хом ба маҳсулоти тайёр қадамҳои стратегӣ гузошта, ният дорад ба бозорҳои хориҷӣ бо маҳсулоти тайёри нассоҷии «Истеҳсоли Тоҷикистон» барояд.
Дар ин росто муовини аввали Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода муҳим будани соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ барои иқтисоди кишварро таъкид намуда, гуфт: «Тоҷикистон кишвари пахтапарвар мебошад ва мо талош дорем, то дар дохили ҷумҳурӣ коркарди пурраи пахтаро то расонидан ба истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монем. Бо дастгирии соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон, шарикони мо аз Ҳукумати Швейтсария ва МТБ дар роҳи расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон – гузариш аз иқтисоди аграрӣ-саноатӣ ба иқтисоди саноатӣ-аграрӣ мусоидат менамоянд».
Бо такя ба дастовардҳои қаблии МТБ дар соҳаи нассоҷиву дӯзандагӣ дар Тоҷикистон, лоиҳа дастгирии корхонаҳои мунтахаби хурду миёнаи соҳаро идома дода, онҳоро ба бозорҳо ва шабакаҳои фурӯш пайваст менамояд.








Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд






