Боздиди иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ аз шаҳри Норак
ДУШАНБЕ, 07.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз, 6 майи соли равон иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ ба шаҳри Норак сафар намуданд.
Тавре аз Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, меҳмононро дар даромадгоҳи шаҳр бо садои карнаю сурнай ва нону намак пешвоз гирифтанд. Зимни боздид меҳмонон аз Неругоҳи барқи обии «Норак» дидан намуда, аз табиати зебову нотакрор баҳра бардоштанд.
Ҳамчунин дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Норак барномаи консертӣ барпо гардид, ки дар расми ифтитоҳи он Раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳулло Зариф ва мудири иҷроияи департаменти фарҳанги Кумитаи давлатии фарҳанги Арабистони Саудӣ Аҳмад ал Мазияд суханронӣ намуданд.
«Боиси хурсандист, ки имрӯзҳо дар кишвари мо Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд, — иброз дошт раиси шаҳри Норак ва изҳори итминон намуд, ки ин чорабинӣ барои мустаҳкамтар намудани дӯстии ду кишвар ва барои ҳамкории оянда заминаи мусоид фароҳам меоварад».
Роҳбари департаменти фарҳанги Вазорати фарҳанг ва иттилооти Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Аҳмад ал Музайяд ба Подшоҳи Арабистони Саудӣ Салмон ибн Абдулазиз ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуд, ки имконияти мазкурро барои муаррифии фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон фароҳам овардаанд. Мавсуф аз муштаракоти фарҳангию забонии мардуми тоҷик ва араб ҳарф зада, доир ба табиати нотакрори Тоҷикистон чунин иброзӣ анджеша намуд: «Мо ифтихор аз он дорем, ки байни давлатҳои арабзабон нахустин давлатем, ки дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги худро баргузор менамоем. Қабл аз ташриф овардан ба Тоҷикистон шунида будем, ки Тоҷикистон биҳишти рӯи замин аст. Инак, мо шоҳид шудем, ки ин кишвар дар ҳақиқат бо мардум ва аҳолии некӯи он биҳиштосо аст».
Бояд гуфт, ки барномаи мусиқии фолклории ҳунармандони Арабистони Саудӣ, ки муаррифгари санъати халқии тамоми минтақаҳои ин кишвар буд, манзури аҳли толор гардида, аз ҷониби тамошобинон хуш паизируфта шуд.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз иштирокдорони Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ ба шаҳри Ҳисор сафар намуданд.










ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад
Дар Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
РОБИАИ БАЛХӢ — НАХУСТИН ЗАНИ СОҲИБДЕВОНИ ТОҶИК. Эҳдо ба Рӯзи Модар
«ЗАН НАБОШАД, ЗЕБУ ЗИНАТ НЕСТ ДАР МАЪВОИ МО». Андешаҳо оид ба симои зан-модари тоҷик дар ашъори Мирзо Турсунзода
Оид ба ҷойгоҳи занон дар низоми тарғиби фарҳанги миллӣ ҳамоиш баргузор шуд






