ИЖТ роҳбарият ва кормандони АМИТ «Ховар»-ро бо медали «100-солагии Матбуоти тоҷик» сарфароз гардонид

Май 11, 2018 11:15

ДУШАНБЕ, 11.06.2018 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбарият ва се нафар корманди фаъоли Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо медали «100-солагии Матбуоти тоҷик» сарфароз гардиданд. Медали ҷашниро, ки соли 2012 ба муносибати 100-солагии таҷлили Рӯзи  матбуоти тоҷик таъсис дода шудааст, дар маросими ботантана Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатуллоҳ Исмоилзода, ки ҳамзамон директори Академияи воситаҳои  ахбори оммаи Тоҷикистон мебошад, ба кормандони  АМИТ «Ховар» тақдим намуд.

Ҳамзамон дар вохӯрӣ Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  Зинатуллоҳ Исмоилзода ба бархе аз  кормандони хабаргузории давлатии Тоҷикистон «Ховар», ки ба узвияти Итифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуданд, шаҳодатнома супорид.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон зимни мулоқоташ бо ҳайати эҷодию техникии АМИТ «Ховар» ва радиои «Ховар» доир ба фаъолият ва ҳадафу дурнамои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Академияи ВАО-и Тоҷикистон сухан кард. Мавсуф афзуд, ки баъди баргузории  Анҷумани  12-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  аз навбақайдгирии аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон оғоз гардид ва то ба имрӯз аз тамоми минтақаҳои кишвар ҳудуди 1000 нафар рӯзноманигорон узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардиданд.

Дар анҷом  Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба ҳайати эҷодию техникии АМИТ «Ховар» ва радиои «Ховар» дар самти иҷрои рисолати касби пуршарафи рӯзноманигорӣ комёбӣ таманно карда, хостори таҳкими  ҳамкории мутақобилан судманди АМИТ «Ховар» бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардид.

Май 11, 2018 11:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ