«ЛОНА»-И УМЕДИ ДАРМОНДАГОНУ ЭҲТИЁҶМАНДОН. Кӯмаки навбатии Фонди хайрия ба мактабу интернати Душанбе ва Хонаи пиронсолону маъюбони Турсунзода

Май 11, 2018 14:22

ДУШАНБЕ, 11.05.2018 /АМИТ «Ховар»/. Дар партави ташаббусҳои созанда ва хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фонди хайрияи «Лона»   дар ҳамкорӣ бо Сафорати Амороти Муттаҳидаи Араб тибқи дархости масъулини мактаб-интернати рақами 1 ба тарбиятгирандагони ин муассиса -кӯдакони ятим кумак ироа намуд.

Ин кумакҳо аз теъдоди муайяни мошинаи дарздӯзӣ, парпечкунандаи матоъ, чойник барои нигоҳ доштани оби гарм,  пойафзол, либосҳои  сабук, дарзмоли буғӣ бо миз ва тафдони барқӣ иборат мебошанд. Тарбиятгирандагони мактаб-интернат аз таваҷҷуҳи пайваста ва ғамхории падаронаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, шахсони хайрхоҳу саховатманд, хусусан аз Фонди хайрияи «Лона», ки ба онҳо мунтазам кумак мерасонад, сипосгузоранд.

 

Мавриди зикр аст, ки дар мактаб-интернати рақами 1-и пойтахт  дар иртибот ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 бо дастгирии Фонди хайрияи «Лона» маркази дӯзандагӣ бо василаҳои дарздӯзӣ таъмин карда шуд ва акнун хонандагони ин муассиса дар лаҳзаҳои фориғ аз дарс  нозукиҳои касби чевариро аз худ менамоянд.

Ҳамзамон ҳамин гуна кумак аз ҷониби Фонди хайрияи «Лона» ба тарбиятгирандони  мактаб-интернати  таҳсилоти асосии  рақами 4-и шаҳри Душанбе низ  расонида шуд. Хонандагони  ин муассисаи таълимӣ аз кумакҳои беғаразонаи  фонди мазкур, ки фарогири маводи хӯрока — орд, равған, шакар, гӯшт, инчунин пойафзол, лавозимоти варзишӣ, телевизор, чойник барои нигоҳдории оби гарм, таҷҳизоти  замонавӣ барои тамиз намудани хобгоҳи мактаб-интернат, маҷмӯи лавозимот барои ошхона ва таъмири он, гилем барои  роҳрави муассиса буд,  хушҳол гардиданд.

Дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» директори Фонди «Лона» Ҷӯрахон Бобохонов иброз дошт, ки маҳфили ҳунарҳои зебои  хонандагони мактаб-интернати  таҳсилоти асосии  рақами 4-и шаҳри Душанбе   пурра  бо  дастгирии Фонди хайрияи «Лона»  аз таъмир  бароварда  шуда, бо ашёи зарурӣ муҷаҳҳаз гардид. Ҳамзамон маҳфили дӯзандагии  ин муассиса  таҳти назорати кормандони Фонди мазкур қарор дорад.

Масъулини Фонди хайрияи «Лона» дар доираи фаъолияти хайриявии худ ба аёдати  бошандагони  Хона-интернати пиронсолон ва маъюбони шаҳри Турсунзода рафта, ба онҳо аробачаҳои маъюбӣ,  асобағал, телевизор,  хӯрока,  доруворӣ ва либос кумак намуданд.

Мавриди зикр аст, ки Фонди хайрияи «Лона» соли 2009 бо ибтикору дастгирии  Озода Раҳмон таъсис ёфта, дар муддати начандон тӯлонии фаъолияташ ҷиҳати ёрии амалӣ ба наврасони мубталои бемориҳои саратон корҳои зиёдро ба анҷом расонидааст. Табобати чунин беморон душвор буда, хароҷоти зиёдро талаб мекунад. Тибқи муқаррароти оинномааш, мақсаду  мароми асосии Фонди хайрияи «Лона» кумаку дастгирии тифлону наврасони мубтало ба бемориҳои саратон ва баданашон сӯхта аз оилаҳои ниёзманд, ҷиҳати ҳарчӣ зудтар шифо ёфтани онҳо мебошад.  Директори «Лона» Ҷурахон Бобохонов  изҳор намуд, ки Фонди хайрияи «Лона»  воқеан ба лонаи умеди дармондагону эҳтиёҷмандон ва эътимоду боварии онҳо   ба ояндаи нек гаштааст.

«Лона» ҳамкории самарабахшро бо ташкилоту муассисаҳои гуногун, аз ҷумла бо шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба роҳ монда,  тақвият бахшидааст. Дар заминаи ҳамкорӣ ба шуъбаи кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ доруворӣ ва таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид гардид, ки ҳамаи ин ба беҳдошти вазъи саломатии беморон нигаронида шудааст.

Беш аз ҳазор нафар наврасони гирифтори бемории саратон аз кумаку дастгирии беғаразонаи Фонди хайрияи «Лона» баҳравар гардидаанд. Барои табобати онҳо миқдори зарурии доруворӣ ва дигар маводи лозима кумак расонида шуд. Ин нафарони ранҷур аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон буда, барои чунин ёрии беғаразона аз кормандони Фонд сипосгузоранд. Ҳамчунин садҳо нафар наврасони баданашон бо сабабҳои гуногун сӯхта дар бемористони клиникии рақами сеюми шаҳри Душанбе бо дастгирии ҳамаҷонибаи Фонди мазкур шифо ёфтаанд.

Кормандони Фонди хайрияи «Лона» инчунин  барномаю иқдомҳои гуногуни хайриявӣ, аз ҷумла «Табассум», «Нигоҳи меҳр»-ро роҳандозӣ намуда, тавассути онҳо  ба беморон кумак мерасонанд.

Фонди хайрияи «Лона» дар оянда тасмим дорад, ки доираи фаъолияти башардӯстонаи худро васеътар намуда, дар тамоми минтақаҳои кишвар ба  эҳтиёҷмандон  аз рӯи имкон кумак расонад. Дар ин амали нек баҳри  амалӣ гаштани ин иқдоми хайрхоҳона Фонд ба дастгирии ширкату корхонаҳо, ташкилоту муассиса ва соҳибкорону шахсони  саховатпеша умед мебандад.

                   Марзия САИДЗОДА,

 АМИТ «Ховар».

Май 11, 2018 14:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Рушди соҳаи гастроэнтерология ва гепатология баррасӣ гардид
Намояндаи Суди конститутсионии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии адолати конститутсионӣ иштирок намуд
Дар Душанбе Маркази ҷумҳуриявии илмии онкологӣ навсозӣ карда мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар машварати омӯзишӣ дар Чин иштирок намуданд
Дар фасли тирамоҳ бемориҳои музмин бештар мегарданд
Дар замони соҳибистиқлолӣ афзоиши табиии аҳолӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна 2,4 фоизро ташкил медиҳад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Меваи биҳӣ хусусияти мубориза бурдан бар зидди вирусҳоро дорад
Сиëсати давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро дар замони соҳибистиқлолӣ ташаккул ëфт
«ДУШАНБЕ — МУАРРИФУ ТАҲКИМБАХШИ АРЗИШҲОИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ». Бардошт аз ҳамоиши илмӣ-адабӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — ҚИМАТТАРИН НЕЪМАТИ ЗИНДАГӢ. Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона баргузор шуд
Дар Чин барои хизматчиёни давлатӣ даври омӯзишӣ оғоз гардид
Лоиҳаи «Беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ барои модар ва кӯдак дар чор ноҳияи вилояти Хатлон» амалӣ шуд